https://sputnik.tj/20240813/uft-yakbora-rubl-dar-tojikiston-1063914486.html
Уфти қурби рубл дар Тоҷикистон: якбора панҷ сомонӣ арзон шуд
Уфти қурби рубл дар Тоҷикистон: якбора панҷ сомонӣ арзон шуд
Sputnik Тоҷикистон
Рубли русӣ дар бозори арзи Тоҷикистон дар қиболи пули миллӣ устуворияшро боз аз даст дорад медиҳад, аммо доллару евро бошад тадриҷан гаронтар мешавад
2024-08-13T10:31+0500
2024-08-13T10:31+0500
2024-08-13T11:37+0500
қурби асъор
дар тоҷикистон
рубл
доллар
евро
сомонӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103087/16/1030871666_0:0:3641:2048_1920x0_80_0_0_e7acd0390934aedc3e0e0f89484b7f28.jpg
ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Қурби асъори русӣ дар Тоҷикистон дар қиболи сомонӣ якбора шабонарӯзи ахир коҳиш ёфт. Бар асоси эълони Бонки миллии Тоҷикистон, ҳоло дар кишвар бар ивази 1000 рубл 115,2 сомонӣ медиҳанд.Ин дар ҳолест, ки рӯзи гузашта барои 1000 рубл 120,1 сомонӣ медоданд. Яъне тайи як шабонарӯз коҳишёбӣ якбора бештар аз 5 сомониро ташкил дод.Ҳарчанд тайи чанд моҳи ахир рубли русӣ мизони шинокунундаро касб карда буд, аммо чунин коҳишро аз сар нагузаронида буд.Қурби асъори амрикоӣ бошад каме боло рафтааст. Агар як рӯз қабл бар ивази як доллар 10.5918 сомонӣ медоданд, ҳоло 10.5946 сомонӣ медиҳанд.Дар ҳамин ҳол вазъи пули аврупоӣ ҳам боз беҳтар шудааст. Тибқи иттилои Бонки миллӣ ҳоло барои ҳар евро 11.5714 сомонӣ медиҳанд. Ин дар ҳолест, ки рӯзи қаблӣ як евро ба 11.5599 сомонӣ баробар буд.Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчунин нархи миёнаи харидуфурӯши пулҳои хориҷиро дар ташкилотҳои қарзии кишвар ироа намудаст.Ба иттилои ин ниҳод, 1 доллари ИМА 10.5700 то 10.6300 сомонӣ, 1 евро аз 11.6000 то 11.6300 сомонӣ ва 1000 рубли русӣ аз 115,5 то 0.116,5 сомонӣ харидуфурӯш мешавад.БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.Таъкид шудааст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад.
https://sputnik.tj/20240720/bmt-dollar-qibol-somoni-bequrb-1063601433.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103087/16/1030871666_527:0:3258:2048_1920x0_80_0_0_702af7f7ec562944b4eeed06dc559817.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
уфт якбора рубл тоҷикистон:
уфт якбора рубл тоҷикистон:
Уфти қурби рубл дар Тоҷикистон: якбора панҷ сомонӣ арзон шуд
10:31 13.08.2024 (Навсозишуда: 11:37 13.08.2024) Рубли русӣ дар бозори арзи Тоҷикистон дар қиболи пули миллӣ устуворияшро боз аз даст медиҳад, аммо доллару евро бошад тадриҷан гаронтар мешавад
ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Қурби асъори русӣ дар Тоҷикистон дар қиболи сомонӣ якбора шабонарӯзи ахир коҳиш ёфт.
Бар асоси эълони Бонки миллии Тоҷикистон, ҳоло дар кишвар бар ивази 1000 рубл 115,2 сомонӣ медиҳанд.
Ин дар ҳолест, ки рӯзи гузашта барои 1000 рубл 120,1 сомонӣ медоданд. Яъне тайи як шабонарӯз коҳишёбӣ якбора бештар аз 5 сомониро ташкил дод.
Ҳарчанд тайи чанд моҳи ахир рубли русӣ мизони шинокунундаро касб карда буд, аммо чунин коҳишро аз сар нагузаронида буд.
Қурби асъори амрикоӣ бошад каме боло рафтааст. Агар як рӯз қабл бар ивази як доллар 10.5918 сомонӣ медоданд, ҳоло 10.5946 сомонӣ медиҳанд.
Дар ҳамин ҳол вазъи пули аврупоӣ ҳам боз беҳтар шудааст. Тибқи иттилои Бонки миллӣ ҳоло барои ҳар евро 11.5714 сомонӣ медиҳанд. Ин дар ҳолест, ки рӯзи қаблӣ як евро ба 11.5599 сомонӣ баробар буд.
Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчунин нархи миёнаи харидуфурӯши пулҳои хориҷиро дар ташкилотҳои қарзии кишвар ироа намудаст.
Ба иттилои ин ниҳод, 1 доллари ИМА 10.5700 то 10.6300 сомонӣ, 1 евро аз 11.6000 то 11.6300 сомонӣ ва 1000 рубли русӣ аз 115,5 то 0.116,5 сомонӣ харидуфурӯш мешавад.
БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.
Таъкид шудааст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад.