https://sputnik.tj/20240808/bozdoshti-sokini-yazgulom-uzviyat-guruhi-ansorulloh-1063854871.html
Боздошти 27 сокини Язгулом барои узвият дар гурӯҳи “Ансоруллоҳ”*
Боздошти 27 сокини Язгулом барои узвият дар гурӯҳи “Ансоруллоҳ”*
Sputnik Тоҷикистон
Муовини аввали вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, дар моҳи май дар Язгулом ҳудуди сӣ нафар дастгир ва аксари онҳо барои бозпурсӣ ба Душанбе оварда шудаанд
2024-08-08T16:46+0500
2024-08-08T16:46+0500
2024-08-08T17:20+0500
дар тоҷикистон
вмкб
язгулом
боздошт
"ҷамоати ансоруллоҳ"
вкд
абдураҳмон аламшозода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102869/07/1028690736_0:0:1024:576_1920x0_80_0_0_74b08685006ae8b5e7b94dc107a84183.jpg
ДУШАНБЕ, 8 август — Sputnik. Абдураҳмон Аламшозода, муовини аввали вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ аз силсила боздоштҳо дар ҷамоати Язгуломи ноҳияи Ванҷ (ВМКБ) хабар дод.Ба гуфтаи муовини аввали вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар моҳи май дар ин минтақа ҳудуди сӣ нафар дастгир ва аксари онҳо барои бозпурсӣ ба Душанбе бурда шудаанд. Номи 20 нафари онҳо маълум ва нашр шуд.Ансоруллоҳ”* ё “Ҷамоати Ансоруллоҳ”*, ки тибқи қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон террористӣ ва фаъолияташ мамнуъст, дар ҳудуди Афғонистон фаъол аст ва аксар пайравонаш зодагони Тоҷикистон.Язгулом, ҷамоате дар ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аст, ки дар сарҳад бо Афғонистон ҷойгир аст.Ёдовар мешавем, ки ба иттилои ВКД Дар Тоҷикистон дар шаш моҳи соли равон се амали террористӣ ва ду сӯиқасд ба амри террористӣ ба қайд гирифта ва ошкор карда шудааст.Ҳамчунин дар ин давра аз тарафи ВКД 582 ҷинояти террористӣ ва экстремистӣ дошта ба қайд гирифта шудааст.Аламшозода илова кард, ки дар ин давра 226 аъзоёни ташкилотҳои террористӣ ва экстремисти дастгир карда шудааст.“Инчунин 220 нафар дар натиҷаи корҳои фаҳмондадиҳӣ аз хориҷи кишвар ихтиёран ба Ватан баргардонида шуда бо татбиқи моддаҳои дахлдори кодекси ҷиноятӣ аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда шуданд”, - гуфт ӯ.*-гурӯҳи мамнӯъ дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон
https://sputnik.tj/20240808/maqomot-oshkori-se-amali-terroristi-tojikiston-khabar-dod-1063852417.html
вмкб
язгулом
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102869/07/1028690736_134:0:902:576_1920x0_80_0_0_a2d9d3e65c361a4f162e8a226c041da1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, язгулом, боздошт, ансоруллоҳ, вкд, бозпурсӣ
тоҷикистон, язгулом, боздошт, ансоруллоҳ, вкд, бозпурсӣ
Боздошти 27 сокини Язгулом барои узвият дар гурӯҳи “Ансоруллоҳ”*
16:46 08.08.2024 (Навсозишуда: 17:20 08.08.2024) Муовини аввали вазири корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, дар моҳи май дар Язгулом ҳудуди сӣ нафар дастгир ва аксари онҳо барои бозпурсӣ ба Душанбе оварда шудаанд
ДУШАНБЕ, 8 август — Sputnik. Абдураҳмон Аламшозода, муовини аввали вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ аз силсила боздоштҳо дар ҷамоати Язгуломи ноҳияи Ванҷ (ВМКБ) хабар дод.
Ба гуфтаи муовини аввали вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар моҳи май дар ин минтақа ҳудуди сӣ нафар дастгир ва аксари онҳо барои бозпурсӣ ба Душанбе бурда шудаанд. Номи 20 нафари онҳо маълум ва нашр шуд.
“То ин дам 27 сокини Язгуломро барои узвият дар гурӯҳи “Ансоруллоҳ” дастгир кардаанд. 4 нафари дигар дар хориҷи кишвар дар кофтуков ҳастанд,” – афзуд ӯ.
Ансоруллоҳ”* ё “Ҷамоати Ансоруллоҳ”*, ки тибқи қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон террористӣ ва фаъолияташ мамнуъст, дар ҳудуди Афғонистон фаъол аст ва аксар пайравонаш зодагони Тоҷикистон.
Язгулом, ҷамоате дар ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аст, ки дар сарҳад бо Афғонистон ҷойгир аст.
Ёдовар мешавем, ки ба иттилои ВКД Дар Тоҷикистон дар шаш моҳи соли равон се амали террористӣ ва ду сӯиқасд ба амри террористӣ ба қайд гирифта ва ошкор карда шудааст.
Ҳамчунин дар ин давра аз тарафи ВКД 582 ҷинояти террористӣ ва экстремистӣ дошта ба қайд гирифта шудааст.
Аламшозода илова кард, ки дар ин давра 226 аъзоёни ташкилотҳои террористӣ ва экстремисти дастгир карда шудааст.
“Инчунин 220 нафар дар натиҷаи корҳои фаҳмондадиҳӣ аз хориҷи кишвар ихтиёран ба Ватан баргардонида шуда бо татбиқи моддаҳои дахлдори кодекси ҷиноятӣ аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда шуданд”, - гуфт ӯ.
*-гурӯҳи мамнӯъ дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон