Мақомот аз ошкори се амали террористӣ дар Тоҷикистон хабар дод

© SputnikАламшозода Абдурахман Аламшо
Аламшозода Абдурахман Аламшо  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.08.2024
Обуна шудан
Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон аз ошкори амалҳои террористӣ ва сӯиқасд ба амри террористӣ дар кишвар ошкор кардааст
ДУШАНБЕ, 8 август — Sputnik. Дар Тоҷикистон дар шаш моҳи соли равон се амали террористӣ ва ду сӯиқасд ба амри террористӣ ба қайд гирифта ва ошкор карда шудааст.
Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ Аламшозода Абдураҳмон Аламшо – муовини якуми Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод.
Ба иттилои генерали ВКД дар ин давра аз тарафи ВКД 582 ҷинояти террористӣ ва экстремистӣ дошта ба қайд гирифта шудааст.
Ҳамчунин муовини аввали вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон таъкид кард, ки дар натиҷаи чораҷӯи аз тарафи ВКД 1381 ҷинояткороне, ки дар ҷустуҷӯ қарор доштанд, дастгир карда шуданд.
“Дар соли равон тариқи маркази миллии “Интерпол” 44 нафар ҷинояткороне, ки дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор доштанд ва дар қаламрави давлатҳои хориҷӣ дастгир гардиданд, 22 нафари онҳо ба Тоҷикистон истирдод карда шуданд. Боқимонда 22 нафари дигар дар марҳилаи истирдод қарор доранд”, - таъкид кард муовини якуми вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон.
Рамазон Рахимзода, министр внутренних дел Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.05.2024
Баррасии мубориза бо терроризм дар АвруОсиё бо иштироки масъулини тоҷику русиягӣ
Инчунин оқои Аламшозода илова кард, ки дар ин давра 226 аъзоёни ташкилотҳои террористӣ ва экстремисти дастгир карда шудааст.
“Инчунин 220 нафар дар натиҷаи корҳои фаҳмондадиҳӣ аз хориҷи кишвар ихтиёран ба Ватан баргардонида шуда бо татбиқи моддаҳои дахлдори кодекси ҷиноятӣ аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда шуданд”, - гуфт ӯ.
Ҳамзамон қайд карда шуд, ки бо дастури презилент ба моддаҳои 307 ва 401 кодекси ҷиноятии Тоҷикистон тағйирот яъне эзоҳ ворид карда шуд.
“Агар шахсе дар давлатҳои ҷангзада дар амалиётҳои мусаллаҳона иштирок намуда, инчунин аъзоҳои дигари террористӣ бошанд ва дар ҳаракатҳояшон дигар ҷиноят дида нашавад ва аз кардаи худ сидқан пушаймон шаванд, ихтиёран ба ватан баргарданд, тибқи эзоҳи моддаҳои номбурда аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешаванд”, - зикр кард генерали ВКД.
Ин ҳам дар ҳолест, ки ба иттилои мақомдори ВКД дар натиҷаи ҷори кардани чораҳои фаҳмондадиҳӣ то инҷониб 1589 нафар аъзоёни равия ва созмону ташкилотҳои террористӣ ва иштирокчиёни амалиётҳои мусаллаҳона аз хориҷи кишвар ба Ватан баргардонида шуданд.
“Онҳо аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод ва ба ҳаёти осоишта баргаштанд”, - қайд кард оқои Аламшозода.
Ҳамзамон қайд карда шуд, ки 47 нафар оилаҳои аъзоёни террористӣ дар хориҷ дар умум 381 шаҳрванди Тоҷикистон аз давлатҳои ҷангзада ба Ватан баргардонида шуд.
Глава муфтий Саидмукаррам Абдулкодирзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.02.2021
Абдулқодирзода ба КҲФ: дар муборизаи зидди экстремизм ҳамеша омода бошед
Дар ҳамин ҳол, мақомоти ВКД аз оилаҳои онҳое, ки пайвандону наздиконашон гумроҳ гашта дар давлатҳои хориҷа ба гурӯҳҳои ифроти шомил ва дар давлатҳои ҷангзада дар муноқишаҳо иштирок доранд, даъват кард, ки онҳо метавонанд бе ҳарос ба Ватан ва ба ҳаёти осишта баргарданд.
Роҳбарияти ВКД қайд кард, ки дар соли равон дар натиҷаи корҳои фаҳмондадиҳи дар маҷмӯъ 7 оила дар ҳайати 29 нафар, ки шомил ба гурӯҳҳои экстреместӣ буданд аз давлатҳои ҷангзада ва дигар кишварҳои хориҷӣ бо ташабуси кормандони ин ниҳод ба Ватан баргшардонида шуданд.
Лентаи хабарҳо
0