https://sputnik.tj/20240808/afzoishi-jinoyatkori-tojikiston-odamkushi-duzdi-ziyod-1063853812.html
Афзоиши ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон: Одамкушиву дуздӣ зиёд шудааст
Афзоиши ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон: Одамкушиву дуздӣ зиёд шудааст
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати корҳои дохила мегӯяд ҳолатҳои бақайдгирии ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон тайи 6 моҳи аввали соли равон афзоиш ёфтааст
2024-08-08T14:11+0500
2024-08-08T14:11+0500
2024-08-08T14:11+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
пешгирии ҷиноят
вкд
абдураҳмон аламшозода
одамрабоӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102396/52/1023965269_0:18:3072:1746_1920x0_80_0_0_29fe3bd4c8eb229ccb3cf86f905a01b4.jpg
ДУШАНБЕ, 8 август — Sputnik. Дар 6 моҳи соли 2024 дар ҷумҳурӣ 11804 ҷиноят аз ҷониби ҳамаи субъектҳои бақайдгирӣ-баҳисобгирӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар қиёс дар ҳамин давраи соли гузашта 11612 ҷиноят ба қайд гирифта шуда буд.Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ Абдураҳмон Аламшозода, муовини аввали вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, хабар дод.Ба иттилои муовини вазир аз тарафи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ 5 ҳазору 585 ҷиноят ба ҳисоб гирифта, 4 ҳазору 727 ҷиноят мавриди тафтиш қарор дода шуд, ки кушодашавии он 87,2 фоизро ташкил медиҳад.Аламшозода таъкид кард, ки дар кишвар ҷинояти одамкушӣ ва сӯиқасд ба он – 41 (2023-24), роҳзанӣ – 11 (2023-5), ғоратгарӣ – 33 (2023-61), таҷовуз ба номус – 17 (2023-25), хариду фурӯши одамон 38 (2023-34), қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ – 61 (2023-54), авбошӣ – 776 (2023-666), қаллобӣ – 1820 (2023-1491), дуздӣ – 2036 (2023-2229), тамаъҷӯӣ 20 (2023-26), муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор 317 (2023-328) ҳолат ба қайд гирифта шудаанд.Вай илова кард, ки дар ин давра 10 гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ дар ҳайати 53 нафар барои содир намудани 19 ҷиноят ошкор карда шуд.Ҳамчунин Аламшозода хабар дод, ки ҷиноят аз тарафи ноболиғон 332 (2023-258) ва аз тарафи ҷавонон бошад 1604 (2023-1713) сабт шудааст.Вай гуфт нисбати падару модароне, ки уҳдадориҳои худро дар таълиму тарбияи фарзанд иҷро накардаанд ва нисбати масъулини муассисаҳои таълимӣ бо дастрасии моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон 29 ҳазор парвандаи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ тартиб дода, барои андешидани чораҳои қонунӣ ба суди шаҳру ноҳияҳо ирсол карда шуданд.
https://sputnik.tj/20240107/vmkb-jinoyatkori-kohish-yoft-1061189665.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102396/52/1023965269_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_011656a9c7f7faac66d21b8134240188.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ҷиноят, одамкушӣ, дуздӣ, вкд, аламшозода, ҷинояткорӣ
тоҷикистон, ҷиноят, одамкушӣ, дуздӣ, вкд, аламшозода, ҷинояткорӣ
Афзоиши ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон: Одамкушиву дуздӣ зиёд шудааст
Вазорати корҳои дохила мегӯяд ҳолатҳои бақайдгирии ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон тайи 6 моҳи аввали соли равон афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 8 август — Sputnik. Дар 6 моҳи соли 2024 дар ҷумҳурӣ 11804 ҷиноят аз ҷониби ҳамаи субъектҳои бақайдгирӣ-баҳисобгирӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар қиёс дар ҳамин давраи соли гузашта 11612 ҷиноят ба қайд гирифта шуда буд.
Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ Абдураҳмон Аламшозода, муовини аввали вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, хабар дод.
Ба иттилои муовини вазир аз тарафи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ 5 ҳазору 585 ҷиноят ба ҳисоб гирифта, 4 ҳазору 727 ҷиноят мавриди тафтиш қарор дода шуд, ки кушодашавии он 87,2 фоизро ташкил медиҳад.
Аламшозода таъкид кард, ки дар кишвар ҷинояти одамкушӣ ва сӯиқасд ба он – 41 (2023-24), роҳзанӣ – 11 (2023-5), ғоратгарӣ – 33 (2023-61), таҷовуз ба номус – 17 (2023-25), хариду фурӯши одамон 38 (2023-34), қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ – 61 (2023-54), авбошӣ – 776 (2023-666), қаллобӣ – 1820 (2023-1491), дуздӣ – 2036 (2023-2229), тамаъҷӯӣ 20 (2023-26), муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор 317 (2023-328) ҳолат ба қайд гирифта шудаанд.
Вай илова кард, ки дар ин давра 10 гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ дар ҳайати 53 нафар барои содир намудани 19 ҷиноят ошкор карда шуд.
Ҳамчунин Аламшозода хабар дод, ки ҷиноят аз тарафи ноболиғон 332 (2023-258) ва аз тарафи ҷавонон бошад 1604 (2023-1713) сабт шудааст.
Вай гуфт нисбати падару модароне, ки уҳдадориҳои худро дар таълиму тарбияи фарзанд иҷро накардаанд ва нисбати масъулини муассисаҳои таълимӣ бо дастрасии моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон 29 ҳазор парвандаи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ тартиб дода, барои андешидани чораҳои қонунӣ ба суди шаҳру ноҳияҳо ирсол карда шуданд.