Дар ВМКБ ҷинояткорӣ коҳиш ёфт

© Flickr \ Хадамоти матбуоти Президенти ТоҷикистонОтделение милиции в Хороге
Отделение милиции в Хороге - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.01.2024
Обуна шудан
Тибқи маълумоти генерал-лейтинант, сатҳи ошкоршавии парвандаҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба 91,4% расидааст
ДУШАНБЕ, 7 янв — Sputnik. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷинояткорӣ 38,3% кам шудааст.
Дар ин бора генерал-лейтенанти милитсия Шариф Назарзода изҳор дошт. Гуфта мешавад, ки чунин омор дар ин минтақа дар охири соли 2023 сабт шудааст.
"Ин аввалин дастоварди ҳуқуқӣ дар оғози соли нав аст", - таъкид кард ӯ.
Ҳамчунин, тибқи маълумоти пешниҳодкардаи ӯ, сатҳи ошкоршавии парвандаҳо ба 91,4% расидааст.
"Содир намудани ҷиноятҳои вазнин 77,1% ва кирдорҳои ғайриқонунӣ дар ҳолати мастӣ 45,5% кам шудааст", - гуфт Назарзода.
Қаблан коҳиши мизони ҷинояткорӣ дар саросари Тоҷикистон сабт шуда буд.
Юсуф Раҳмон, прокурори генералии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.11.2023
Прокуратураи генералӣ аз коҳиши сатҳи ҷинояткорӣ дар ҷумҳурӣ хабар дод
Тибқи иттилои додситони кулли кишвар Юсуф Раҳмон, дар 9 моҳи соли 2023 дар ҷумҳурӣ 16,5 ҳазор ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 752 ҷиноят ё 4,3% зиёд мебошад.
Вай ҳамчунин афзуд, ки дар давраи таҳлилшуда кормандони раёсат дар баррасии 7,3 ҳазор парвандаи ҷиноӣ, 7,8 ҳазор парвандаи шаҳрвандӣ, оилавӣ ва маъмурӣ иштирок намуда, дар маҷмӯъ 514 эътироз нисбати амалҳои ғайриқонунии судҳо дар ин мурофиаҳо пешниҳод кардаанд.
Лентаи хабарҳо
0