Равуои бемамоният миёни Тоҷикистону Эрон: Низоми бераводид ба кор медарояд

© Flickr \ Хадамоти матбуоти Президенти ТоҷикистонФлаги Ирана и Таджикистана
Флаги Ирана и Таджикистана  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.08.2024
Обуна шудан
Мақомот ёдовар шудааст, ки низоми бераводид байни Тоҷикистон ва Эрон шурӯъ аз 10 августи соли равон мавриди амал қарор мегирад
ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Шурӯъ аз 10 августи соли равон Ёддошти тафоҳум байни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Эрон дар бораи лағви раводид барои дорандагони шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷӣ мавриди амал қарор мегирад.
Дар ин бора котиби матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Шоҳин Самадӣ хабар дод.
“Дар асоси ин Ёддошти тафоҳум дорандагони шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷии ҳарду ҷониб ҳуқуқ доранд давоми 90 рӯз аз лаҳзаи вуруди аввалинашон ба муҳлати 30 рӯз бе раводид ба ҳудуди тарафҳо сафар намоянд”, - таъкид кард ӯ.
Шоҳин Самадӣ қайд кард, ки низоми бераводид дар марҳилаи аввал танҳо барои нафароне амалӣ мегардад, ки аз масири ҳавоии Душанбе-Теҳрон ва Теҳрон-Душанбе истифода мебаранд.
Иран Таджикистан флаг - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.07.2024
Ҳайати бузурги тиҷории Эрон ба Тоҷикистон меояд
Ёддошти тафоҳум миёни Тоҷикистон ва Эрон дар бораи бекор кардани низоми раводид дар моҳи ноябри соли 2023 имзо шуда буд.
Бояд қайд кард, ки миёни Тоҷикистон ва Эрон феълан ҳафтае се парвоз мавҷуд аст.
Ҳамзамон бояд қайд кард, ки ҳар сол даҳҳо тоҷикистонӣ бо мақсади саёҳату тиҷорату табобат ба Эрон мераванд.
Лентаи хабарҳо
0