https://sputnik.tj/20240718/hayati-buzurgi-tijorii-eron-ba-tojikiston-meoyad-1063579293.html
Ҳайати бузурги тиҷории Эрон ба Тоҷикистон меояд
Ҳайати бузурги тиҷории Эрон ба Тоҷикистон меояд
Sputnik Тоҷикистон
Созмони тавсеаи тиҷорати Эрон ахиран эълон намудааст, ки ҳайати тиҷорӣ ба Тоҷикистон (Душанбе) ва Узбекистон (Тошканд) эъзом мешавад
2024-07-18T11:55+0500
2024-07-18T11:55+0500
2024-07-18T11:55+0500
дар тоҷикистон
эрон
узбекистон
ҳамкорӣ
тиҷорат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/0e/1055492900_0:260:1106:882_1920x0_80_0_0_d152a452bc3d1a87063d9657be4e109b.jpg
ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Созмони тавсеаи тиҷорати Эрон бо эъзоми ҳайати тиҷорӣ ба Тоҷикистон ва Узбекистон дар моҳи оянда мувофиқат кард, иттилоъ додааст сомонаи “Парс Тудей”.Ба иттилои манбаъ, мавзӯи эъзоми ҳайати тиҷорӣ ба Тоҷикистону Узбекистон дар 141-умин ҷаласаи коргурӯҳи сиёсатгузориву барномарезии рӯйдодҳои тиҷории матраҳ ва ба истиноди тасмимоти иттихозшуда дар коргурӯҳ, ҳайати тиҷории мазкур таҳти назорати Созмони тавсеаи тиҷорати Эрон (дафтари Осиёи Миёна, Қафқоз ва Русия) ба Тоҷикистону Узбакистон эъзом мешавад.Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Муҳаммадҳусайни Равшанак, раиси Утоқи бозаргонии муштараки Эрону Тоҷикистон изҳор кард, тиҷорати ду кишвар дар даврае ҳатто ба 500 миллион доллар ҳам расидааст.Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Эрон ҳам қаблан бо ишора ба беҳбуди таъомулоти тиҷории ду кишвар тайи се соли гузашта, тасреҳ кард, тиҷорати ду кишвари Эрону Тоҷикистон дар давлати сездаҳуми Эрон то 5 баробар афзоиш ёфта ва ин ҳосили иродаи ду кишвар бар афзоиши муносиботи тиҷорӣ аст.Зоҳидӣ гуфт, ду кишвари ҳамзабон аз зарфиятҳои муносибе барои густариши ҳамкориҳо дар заминаҳои мухталифи иқтисодӣ, тиҷорӣ, энержӣ, ҳамлу нақлу ғайра бархӯрдор ҳастанд, ки ҳануз аз ин мавқеъиятҳо баҳрабардории лозим сӯрат нагирифтааст.Қаблан вазири иқтисоди Тоҷикистон Завқи Завқизода зимни дидор бо сафири Эрон дар ҷумҳурӣ қайд кард, ки дар соли 2023 гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Эрон нисбат ба соли 2022-юм 6,8 фоиз афзоиш ёфта, ба 254,5 миллион доллар баробар шуд.
https://sputnik.tj/20240301/eron-omodagi-ishtirok-tarh-buzurgi-enerzhii-tojikiston-1061897362.html
эрон
узбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/0e/1055492900_0:156:1106:986_1920x0_80_0_0_869c9ef575af1217a2f77989c580a498.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, эрон, тиҷорат, ҳайати тиҷорӣ, соҳибкорон, узбекистон, ҳамкорӣ
тоҷикистон, эрон, тиҷорат, ҳайати тиҷорӣ, соҳибкорон, узбекистон, ҳамкорӣ
Ҳайати бузурги тиҷории Эрон ба Тоҷикистон меояд
Созмони тавсеаи тиҷорати Эрон ахиран эълон намудааст, ки ҳайати тиҷорӣ ба Тоҷикистон (Душанбе) ва Узбекистон (Тошканд) эъзом мешавад
ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Созмони тавсеаи тиҷорати Эрон бо эъзоми ҳайати тиҷорӣ ба Тоҷикистон ва Узбекистон дар моҳи оянда мувофиқат кард, иттилоъ додааст сомонаи “Парс Тудей”.
Ба иттилои манбаъ, мавзӯи эъзоми ҳайати тиҷорӣ ба Тоҷикистону Узбекистон дар 141-умин ҷаласаи коргурӯҳи сиёсатгузориву барномарезии рӯйдодҳои тиҷории матраҳ ва ба истиноди тасмимоти иттихозшуда дар коргурӯҳ, ҳайати тиҷории мазкур таҳти назорати Созмони тавсеаи тиҷорати Эрон (дафтари Осиёи Миёна, Қафқоз ва Русия) ба Тоҷикистону Узбакистон эъзом мешавад.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Муҳаммадҳусайни Равшанак, раиси Утоқи бозаргонии муштараки Эрону Тоҷикистон изҳор кард, тиҷорати ду кишвар дар даврае ҳатто ба 500 миллион доллар ҳам расидааст.
Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Эрон ҳам қаблан бо ишора ба беҳбуди таъомулоти тиҷории ду кишвар тайи се соли гузашта, тасреҳ кард, тиҷорати ду кишвари Эрону Тоҷикистон дар давлати сездаҳуми Эрон то 5 баробар афзоиш ёфта ва ин ҳосили иродаи ду кишвар бар афзоиши муносиботи тиҷорӣ аст.
Зоҳидӣ гуфт, ду кишвари ҳамзабон аз зарфиятҳои муносибе барои густариши ҳамкориҳо дар заминаҳои мухталифи иқтисодӣ, тиҷорӣ, энержӣ, ҳамлу нақлу ғайра бархӯрдор ҳастанд, ки ҳануз аз ин мавқеъиятҳо баҳрабардории лозим сӯрат нагирифтааст.
Қаблан вазири иқтисоди Тоҷикистон Завқи Завқизода зимни дидор бо сафири Эрон дар ҷумҳурӣ қайд кард, ки дар соли 2023 гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Эрон нисбат ба соли 2022-юм 6,8 фоиз афзоиш ёфта, ба 254,5 миллион доллар баробар шуд.