https://sputnik.tj/20240806/khush-omaded-afzoyishi-sayyohu-daromadhoi-sayyohi-1063815656.html
“Хуш омадед!” – афзоиши сайёҳу даромадҳои сайёҳӣ
“Хуш омадед!” – афзоиши сайёҳу даромадҳои сайёҳӣ
Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон аз афзойиши теъдоди сайёҳон ва даромадҳои ширкатҳои сайёҳӣ хабар дод
2024-08-06T11:52+0500
2024-08-06T11:52+0500
2024-08-06T12:18+0500
дар тоҷикистон
сайёҳ
ширкат
хориҷӣ
фоида
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103025/63/1030256386_0:161:3071:1888_1920x0_80_0_0_d6db821cc1f3df1ed342b3ba2bfdb108.jpg
ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Сайёҳӣ ба яке аз соҳаҳои рӯ ба рушди ин кишвари Осиёи Марказӣ табдил ёфтааст.Камолиддин Муъминзод, раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба суоли Sputnik Тоҷикистон гуфт, аслан даромадҳои соҳаи сайёҳӣ дар анҷоми сол ҳисобу китоб карда мешавад ва даромади ширкатҳои сайёҳӣ ба худашон маълум аст, аммо таҷрибаи чанд соли ахири ширкатҳои сайёҳӣ нишон медиҳад, ки солона ба таври миёна ҳар сайёҳ ҳудуди 330 доллар даромад меорад.Бино ба ҳисобҳои Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон, дар нимсолаи якуми соли равон 748,3 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ вориди Тоҷикистон шудаанд, ки аз ин теъдод 580,5 ҳазор нафар тибқи талаботи Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамчун сайёҳ сабт шудаанд ва ин нишондиҳанда дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2023 19,1% зиёд аст.Дар ин давра аз давлатҳои Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ 687,8 ҳазор нафар (91,9%) вориди Тоҷикистон шудаанд, ки аз ин теъдод 530,6 ҳазор нафар сайёҳ ҳастанд. Аз давлатҳои хориҷи дур 60,5 ҳазор нафар (8,1%) ва ё 49,9 ҳазор сайёҳ ба Тоҷикистон омадаанд.Дар умум, вуруди хориҷиҳо ба Тоҷикистон аз 129 кишвари ҷаҳон сурат гирифтааст, ки “панҷгонаи беҳтарин” аз қарори зайл аст:Тибқи иттилои Кумитаи рушди сайёҳӣ, соли 2023 маҷмуъи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и кишвар 130 миллиард сомониро ташкил дод, ки 3% ё ҳудуди 3,9 миллиард сомонии он саҳми соҳаи сайёҳӣ буд. Даромади буҷа, аз ҷумла пардохтҳои давлатӣ 10% ва бештар аз ин ҳудуди 400 миллион сомониро даромади ширкатҳо ташкил мекард.Раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон гуфт, ягон шакку шубҳа нест, ки ширкатҳои сайёҳӣ ва ба дунболи он ширкатҳои нақлиётиву хизматрасонӣ, аз қабили меҳмонхона, тарабхона, осоишгоҳҳо, низ саҳми худро доранд.“Агар даромад аз ҳар як сайёҳро 330 доллар ҳисоб ва ба теъдоди сайёҳони воридшуда онро зарб занем, рақами ҳудуди ду миллиард сомониро ба даст меорем. Аз ин 10% ба буҷаи давлат ва 10 то 15% даромадҳои ширкатҳо ва дигар субъектҳои хизматрасониро мешавад ба таври тахминӣ ҳосил кард”, гуфт Камолиддин Муъминзод.Тибқи иттилои Кумитаи рушди сайёҳӣ, дар ҳоли ҳозир дар Тоҷиистон 214 ширкати сайёҳӣ фаъолият мекунанд, ки аз ин теъдод ба Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон 41, шаҳри Душанбе 101, вилояти Суғд 46, Хатлон 17 ва шаҳру навоҳии тобеъи марказ 9 адад рост меояд.Раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон гуфт, дар нимсолаи аввали соли равон ягон ширкати ҷадид сабти ном нашудааст.Тоҷикистон чанд сол ба ин сӯ тамоми талошашро барои рушди сайёҳӣ ба харҷ медиҳад, то як ба як кишвари туристӣ дар ҷаҳон табдил ёбад. Аз ин хотир, имтиёзотеро барои ширкатҳои сайёҳӣ қойил шудааст, аз ҷумла онҳо то 5 сол аз пардохти андоз аз даромад озоданд.
https://sputnik.tj/20240805/bozdid-sayyohon-tojikiston-beshtar-1063800347.html
https://sputnik.tj/20230809/daromadi-tojikiston-sayyohi-dollar-1058723731.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103025/63/1030256386_169:0:2900:2048_1920x0_80_0_0_a016a33822de5510d9749b8e4881a542.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, сайёҳ, афзоиш, даромад, кумитаи рушди сайёҳӣ, даромад, ширкат
тоҷикистон, сайёҳ, афзоиш, даромад, кумитаи рушди сайёҳӣ, даромад, ширкат
“Хуш омадед!” – афзоиши сайёҳу даромадҳои сайёҳӣ
11:52 06.08.2024 (Навсозишуда: 12:18 06.08.2024) Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон аз афзоиши теъдоди сайёҳон ва даромадҳои ширкатҳои сайёҳӣ хабар дод
ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Сайёҳӣ ба яке аз соҳаҳои рӯ ба рушди ин кишвари Осиёи Марказӣ табдил ёфтааст.
Камолиддин Муъминзод, раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба суоли Sputnik Тоҷикистон гуфт, аслан даромадҳои соҳаи сайёҳӣ дар анҷоми сол ҳисобу китоб карда мешавад ва даромади ширкатҳои сайёҳӣ ба худашон маълум аст, аммо таҷрибаи чанд соли ахири ширкатҳои сайёҳӣ нишон медиҳад, ки солона ба таври миёна ҳар сайёҳ ҳудуди 330 доллар даромад меорад.
“Ҳар қадар ки сайёҳ ба кишвар бештар ворид шавад, ҳамон қадар даромади соҳа бештар мешавад. Тайи ним соли гузашта мо шоҳиди афзоиши бесобиқаи сайёҳон дар кишвар будем”, - гуфт Камолиддин Муъминзод Муъминзод.
Бино ба ҳисобҳои Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон, дар нимсолаи якуми соли равон 748,3 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ вориди Тоҷикистон шудаанд, ки аз ин теъдод 580,5 ҳазор нафар тибқи талаботи Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамчун сайёҳ сабт шудаанд ва ин нишондиҳанда дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2023 19,1% зиёд аст.
Дар ин давра аз давлатҳои Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ 687,8 ҳазор нафар (91,9%) вориди Тоҷикистон шудаанд, ки аз ин теъдод 530,6 ҳазор нафар сайёҳ ҳастанд. Аз давлатҳои хориҷи дур 60,5 ҳазор нафар (8,1%) ва ё 49,9 ҳазор сайёҳ ба Тоҷикистон омадаанд.
Дар умум, вуруди хориҷиҳо ба Тоҷикистон аз 129 кишвари ҷаҳон сурат гирифтааст, ки “панҷгонаи беҳтарин” аз қарори зайл аст:
Ӯзбекистон - 422, 6 ҳазор нафар (14,8%;
Русия - 38,7 ҳазор нафар (30%);
Қазоқистон - 16,3 ҳазор нафар (11,7%);
Чин - 5,3 ҳазор нафар (78%);
Афғонистон - 5,2 ҳазор нафар (2,9%).
Тибқи иттилои Кумитаи рушди сайёҳӣ, соли 2023 маҷмуъи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и кишвар 130 миллиард сомониро ташкил дод, ки 3% ё ҳудуди 3,9 миллиард сомонии он саҳми соҳаи сайёҳӣ буд. Даромади буҷа, аз ҷумла пардохтҳои давлатӣ 10% ва бештар аз ин ҳудуди 400 миллион сомониро даромади ширкатҳо ташкил мекард.
Раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон гуфт, ягон шакку шубҳа нест, ки ширкатҳои сайёҳӣ ва ба дунболи он ширкатҳои нақлиётиву хизматрасонӣ, аз қабили меҳмонхона, тарабхона, осоишгоҳҳо, низ саҳми худро доранд.
“Агар даромад аз ҳар як сайёҳро 330 доллар ҳисоб ва ба теъдоди сайёҳони воридшуда онро зарб занем, рақами ҳудуди ду миллиард сомониро ба даст меорем. Аз ин 10% ба буҷаи давлат ва 10 то 15% даромадҳои ширкатҳо ва дигар субъектҳои хизматрасониро мешавад ба таври тахминӣ ҳосил кард”, гуфт Камолиддин Муъминзод.
Тибқи иттилои Кумитаи рушди сайёҳӣ, дар ҳоли ҳозир дар Тоҷиистон 214 ширкати сайёҳӣ фаъолият мекунанд, ки аз ин теъдод ба Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон 41, шаҳри Душанбе 101, вилояти Суғд 46, Хатлон 17 ва шаҳру навоҳии тобеъи марказ 9 адад рост меояд.
Раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон гуфт, дар нимсолаи аввали соли равон ягон ширкати ҷадид сабти ном нашудааст.
“Аммо мо 43 дархост барои сабти ширкатҳои ҷадид дарёфт кардаем, ки интизор меравад то охири сол соҳиби иҷозатнома мешаванд ва ба фаъолият шуруъ мекунанд”, - гуфт Камолиддин Муъминзод.
Тоҷикистон чанд сол ба ин сӯ тамоми талошашро барои рушди сайёҳӣ ба харҷ медиҳад, то як ба як кишвари туристӣ дар ҷаҳон табдил ёбад. Аз ин хотир, имтиёзотеро барои ширкатҳои сайёҳӣ қойил шудааст, аз ҷумла онҳо то 5 сол аз пардохти андоз аз даромад озоданд.