https://sputnik.tj/20230809/daromadi-tojikiston-sayyohi-dollar-1058723731.html
Ҳар сайёҳ дар Тоҷикистон чӣ қадар маблағ сарф мекунад?
Ҳар сайёҳ дар Тоҷикистон чӣ қадар маблағ сарф мекунад?
Sputnik Тоҷикистон
Аз аввали соли 2023 тақрибан ним миллион сайёҳ аз кишварҳои ИДМ ба Тоҷикистон омадаанд, ки беш аз нисфи онҳо шаҳрвандони Ӯзбекистон мебошанд
2023-08-09T15:59+0500
2023-08-09T15:59+0500
2023-08-09T15:59+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
доллар
ҳамсоя
сайёҳ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102908/41/1029084199_0:161:3071:1888_1920x0_80_0_0_fdd5a2019cd844349e7ad2892563f203.jpg
ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Ҳар сайёҳе, ки ба Тоҷикистон меояд, ба ҳисоби миёна ҳудуди 200-250 доллар масраф мекунад.Ин нуктаро раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон, Камолиддин Мӯъминзод зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт.Аз рӯи ин ҳисоб иқтисоди Тоҷикистон дар давоми нимсолаи аввали соли равон аз ҳисоби сайёҳон беш аз 120 млн сомонӣ даромад гирифтааст. Ба иттилои раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон, дар 6 моҳи аввали соли 2023 шумораи сайёҳони хориҷӣ дар кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 34% афзоиш ёфтааст. Муъминзод изҳор дошт, дар давоми нимсолаи аввали соли равон аз Тоҷикистон 628 хориҷӣ боздид намуда, беш аз 487 ҳазор нафари онҳо бо ҳадафи сайёҳӣ ба кишвар омадаанд. Қобили зикр аст, ки аз кишварҳои ИДМ беш аз 453 ҳазор нафар меҳмони Тоҷикистон шудаанд. Дар садри феҳрасти меҳмонони хориҷии Тоҷикистон шаҳрвандони кишвари ҳамсоя - Ӯзбекистон қарор доранд, ки дар давоми нимсола беш аз 368 ҳазор нафарашон ба ҷумҳурӣ омадаанд. Тоҷикистон ҳамчунин миёни сайёҳони Русия низ маҳбубияти бештар касб кардааст. Ба панҷгонаи кишварҳои пешсаф, аз рӯи шумораи сайёҳон дар Тоҷикистон ҳамчунин Қазоқистон, Туркия ва Чин ворид гардидаанд. Агентии омор қаблан изҳор дошта буд, ки ҷумҳурӣ дар байни сокинони кишварҳои ҳамсоя, ки ба ҳавзаи пасошӯравӣ шомил нестанд, маъруф мебошанд. Даромади бахши сайёҳии Тоҷикистон дар соли 2022 беш аз 250 млн долларро ташкил додааст.
https://sputnik.tj/20230720/rahmon-sayyohi-kishvarho-mintaqai-khalij-tojikiston-jalb-1058366257.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102908/41/1029084199_237:0:2968:2048_1920x0_80_0_0_17a95ad20977783401ba1abdf6ac3a52.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, сайёҳ, ташриф, овард
тоҷикистон, сайёҳ, ташриф, овард
Ҳар сайёҳ дар Тоҷикистон чӣ қадар маблағ сарф мекунад?
Аз аввали соли 2023 тақрибан ним миллион сайёҳон аз кишварҳои ИДМ омадаанд, ки беш аз нисфи онҳо шаҳрвандони Ӯзбекистон мебошанд
ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Ҳар сайёҳе, ки ба Тоҷикистон меояд, ба ҳисоби миёна ҳудуди 200-250 доллар масраф мекунад.
Ин нуктаро раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон, Камолиддин Мӯъминзод зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт.
Аз рӯи ин ҳисоб иқтисоди Тоҷикистон дар давоми нимсолаи аввали соли равон аз ҳисоби сайёҳон беш аз 120 млн сомонӣ даромад гирифтааст.
Ба иттилои раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон, дар 6 моҳи аввали соли 2023 шумораи сайёҳони хориҷӣ дар кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 34% афзоиш ёфтааст.
Муъминзод изҳор дошт, дар давоми нимсолаи аввали соли равон аз Тоҷикистон 628 хориҷӣ боздид намуда, беш аз 487 ҳазор нафари онҳо бо ҳадафи сайёҳӣ ба кишвар омадаанд.
Қобили зикр аст, ки аз кишварҳои ИДМ беш аз 453 ҳазор нафар меҳмони Тоҷикистон шудаанд.
Дар садри феҳрасти меҳмонони хориҷии Тоҷикистон шаҳрвандони кишвари ҳамсоя - Ӯзбекистон қарор доранд, ки дар давоми нимсола беш аз 368 ҳазор нафарашон ба ҷумҳурӣ омадаанд.
Тоҷикистон ҳамчунин миёни сайёҳони Русия низ маҳбубияти бештар касб кардааст.
Ба панҷгонаи кишварҳои пешсаф, аз рӯи шумораи сайёҳон дар Тоҷикистон ҳамчунин Қазоқистон, Туркия ва Чин ворид гардидаанд.
Агентии омор қаблан изҳор дошта буд, ки ҷумҳурӣ дар байни сокинони кишварҳои ҳамсоя, ки ба ҳавзаи пасошӯравӣ шомил нестанд, маъруф мебошанд.
Даромади бахши сайёҳии Тоҷикистон дар соли 2022 беш аз 250 млн долларро ташкил додааст.