Боздиди сайёҳон аз Тоҷикистон бештар шудааст

CC BY 2.0 / Ninara / Hissar Fortress, Dushanbe, TajikistanТуристы в городе Гиссар в Таджикистане
Туристы в городе Гиссар в Таджикистане  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.08.2024
Обуна шудан
Аз аввали соли ҷорӣ тақрибан беш аз ним миллион сайёҳон аз Тоҷикистон дидан кардаанд, ки қиcми зиёдашон аз кишварҳои ИДМ мебошанд
ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Тайи шаш моҳи соли ҷорӣ аз Тоҷикистон беш аз 580 ҳазор сайёҳ боздид кардаанд.
Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 19,1% ва ё наздики 100 ҳазо нафар бештар мебошад.
Дар ин бора раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, аз шумораи умумии сайёҳон зиёда аз 91,9%-ашонро шаҳрвандони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ташкил медиҳанд.
Заглушка к инфографике Что нужно для развития туризма в Таджикистане? - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.07.2024
Бахши сайёҳӣ дар Тоҷикистон чӣ гуна рушд дорад
Ин ниҳод мегӯяд, тайи ин муддат дар маҷмуъ аз ҷумҳурӣ шаҳрвандони 121 давлати дунё боздид намудаанд.
Ба иттилои манбаъ, ҳоло дар ҷумҳурӣ 214 ширкати сайёҳӣ ба хидматрасонии гардишгарӣ сарукор доранд.
Аз ин шумор дар ВМКБ 41 адад, Душанбе 101, Суғд 46, Хатлон 17 ва дар НТМ 9 адад фаъолият доранд.
Дар умум дар кишвар 338 объект сабт шудааст, ки ба сайёҳон хидматрасонӣ мекунад.
Лентаи хабарҳо
0