https://sputnik.tj/20240805/rahmon-raison-zang-raf-ofatho-tabii-muhlat-1063806162.html
Раҳмон ба раисон занг заду барои рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ муҳлат дод
Раҳмон ба раисон занг заду барои рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ муҳлат дод
Sputnik Тоҷикистон
Кишвардор ба масъулин супориш дод, ки мардуми зарардида бояд то ҷашни навбатии Истиқлоли давлатии кишвар соҳиби хонаҳои нав ва асбобу анҷоми рӯзгор шаванд
2024-08-05T12:21+0500
2024-08-05T12:21+0500
2024-08-05T13:43+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ
изҳори нигаронӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102179/00/1021790015_0:0:2956:1663_1920x0_80_0_0_800545d1f7d9d3496413551450d60486.jpg
ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо раисони вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Фархор, Ваҳдат, Нуробод ва Сангвор суҳбати телефонӣ анҷом дод.Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ додааст.Раисҷумҳур зимни тамос, ҳисоботи онҳоро доир ба бартарафсозии оқибати офатҳои табиӣ ва дигар масъалаҳои ҳалталаби рӯз шунида, ба барқарорсозии манзили оилаҳои аз офатҳои табиӣ зарардида таваҷҷуҳи зиёд зоҳир кардааст. Дар ҳамин ҳол, раҳбари давлат аз суръати пасти барқарорсозӣ изҳори нигаронӣ кардааст.Ӯ аз раҳбарони шаҳру навоҳӣ талаб намудааст, ки корҳо тезонда шаванд, то ки мардуми зарардида то ҷашни навбатии Истиқлоли давлатии кишвар соҳиби хонаҳои нав ва асбобу анҷоми рӯзгор шаванд."Раисони шаҳру ноҳияҳои номбурда ҳамчунин вазифадор шуданд, ки рафти таъмиру тармими муассисаҳои соҳаи маорифро то деҳоти дурдаст зери назорати бевоситаи худ гирифта, санадҳои иҷрои корҳоро шахсан худашон қабул намоянд",- афзудааст манбаъ.Кишвардор ҳамзамон ба роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои номбурда ҳамчунин доир ба сари вақт ва босифат анҷом додани кишти такрорӣ ва омодагии ҳамаҷониба ба зимистон дастуру супоришҳо додааст.Вай таъкид доштанд, ки роҳбарияти тамоми шаҳру ноҳияҳо ва дигар мақомоти масъул ба ин масъалаҳо бояд таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд.
https://sputnik.tj/20240614/khf-viloyati-sughd-sel-zarar-1063212032.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102179/00/1021790015_85:0:2816:2048_1920x0_80_0_0_caeb8f8e8d8e6e034fe6f1e0a40106f3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ, изҳори нигаронӣ
дар тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ, изҳори нигаронӣ
Раҳмон ба раисон занг заду барои рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ муҳлат дод
12:21 05.08.2024 (Навсозишуда: 13:43 05.08.2024) Кишвардор ба масъулин супориш дод, ки мардуми зарардида бояд то ҷашни навбатии Истиқлоли давлатии кишвар соҳиби хонаҳои нав ва асбобу анҷоми рӯзгор шаванд
ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо раисони вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Фархор, Ваҳдат, Нуробод ва Сангвор суҳбати телефонӣ анҷом дод.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ додааст.
Раисҷумҳур зимни тамос, ҳисоботи онҳоро доир ба бартарафсозии оқибати офатҳои табиӣ ва дигар масъалаҳои ҳалталаби рӯз шунида, ба барқарорсозии манзили оилаҳои аз офатҳои табиӣ зарардида таваҷҷуҳи зиёд зоҳир кардааст.
Дар ҳамин ҳол, раҳбари давлат аз суръати пасти барқарорсозӣ изҳори нигаронӣ кардааст.
Ӯ аз раҳбарони шаҳру навоҳӣ талаб намудааст, ки корҳо тезонда шаванд, то ки мардуми зарардида то ҷашни навбатии Истиқлоли давлатии кишвар соҳиби хонаҳои нав ва асбобу анҷоми рӯзгор шаванд.
"Раисони шаҳру ноҳияҳои номбурда ҳамчунин вазифадор шуданд, ки рафти таъмиру тармими муассисаҳои соҳаи маорифро то деҳоти дурдаст зери назорати бевоситаи худ гирифта, санадҳои иҷрои корҳоро шахсан худашон қабул намоянд",- афзудааст манбаъ.
Кишвардор ҳамзамон ба роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои номбурда ҳамчунин доир ба сари вақт ва босифат анҷом додани кишти такрорӣ ва омодагии ҳамаҷониба ба зимистон дастуру супоришҳо додааст.
Вай таъкид доштанд, ки роҳбарияти тамоми шаҳру ноҳияҳо ва дигар мақомоти масъул ба ин масъалаҳо бояд таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд.