https://sputnik.tj/20240614/khf-viloyati-sughd-sel-zarar-1063212032.html
КҲФ: Сел ба бархе аз ноҳияҳои вилояти Суғд зарар расонд
КҲФ: Сел ба бархе аз ноҳияҳои вилояти Суғд зарар расонд
Sputnik Тоҷикистон
Ба иттилои КҲФ-и Тоҷикистон ҳушдор додааст, ки дар навоҳии наздикӯҳӣ ва кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд хатари омадани сел боқӣ мемонад
2024-06-14T13:26+0500
2024-06-14T13:26+0500
2024-06-14T13:26+0500
дар тоҷикистон
кҳф
сел
офати табиӣ
суғд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/06/0e/1063211669_0:0:800:450_1920x0_80_0_0_51cd5ca22b13ead4c293b063275f128e.jpg
ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон иттилоъ дод, ки бар асари боронҳои шадиди ахир аз теппаҳои атрофи деҳаи Сарвақти Ҷамоати деҳоти Пунуки ноҳияи Ашт, ки дар байни марзи Тоҷикистон ва Узбекистон ҷойгир аст, сел омад.Ба иттилои манбаъ, дар натиҷа 40 қитъаи наздиҳавлигӣ, 12 иншооти ёрирасон зери сангу рег ва обу лой монда, 7 километр роҳи деҳот баста шуд.Ҳамчунин бар асари номусоидии ҳаво дар деҳаи Оббурдони ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд сел ба иншооти ёрирасон зарар расонида, се қитъаи замини сокинон зери об монд.Инчунин ба иттилои КҲФ дар километри 477-уми шоҳроҳи Кӯлоб-Дарвоз-Ванҷ-Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки аз ҳудуди деҳаи Хехаки Ҷамоати деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванҷ мегузарад, сангрезӣ ба амал омад.Дар натиҷа ин қитъаи роҳ муваққатан баста шуд.Барои анҷоми корҳо барои рафъи оқибатҳои он техника ва кормандони хадамоти роҳи ноҳия ба ҷойи ҳодиса ҷалб карда шуданд.Кумитаи ҳолатҳои фавқулода шаҳрвандон ва меҳмонони кишварро огоҳ кардааст, ки 14 июн дар навоҳии наздикӯҳӣ ва кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд хатари омадани сели маҳаллӣ боқӣ мемонад.
https://sputnik.tj/20240527/gharq-sel-halokat-noboligh-beehtiyot-tojikiston-1062984756.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/06/0e/1063211669_0:0:800:600_1920x0_80_0_0_dae4654f6abaf1aa64a8556b06d9ef6d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, кҳф, суғд, офати табиӣ, сел, борониҳо
тоҷикистон, кҳф, суғд, офати табиӣ, сел, борониҳо
КҲФ: Сел ба бархе аз ноҳияҳои вилояти Суғд зарар расонд
Ба иттилои КҲФ-и Тоҷикистон ҳушдор додааст, ки дар навоҳии наздикӯҳӣ ва кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд хатари омадани сел боқӣ мемонад
ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон иттилоъ дод, ки бар асари боронҳои шадиди ахир аз теппаҳои атрофи деҳаи Сарвақти Ҷамоати деҳоти Пунуки ноҳияи Ашт, ки дар байни марзи Тоҷикистон ва Узбекистон ҷойгир аст, сел омад.
Ба иттилои манбаъ, дар натиҷа 40 қитъаи наздиҳавлигӣ, 12 иншооти ёрирасон зери сангу рег ва обу лой монда, 7 километр роҳи деҳот баста шуд.
Ҳамчунин бар асари номусоидии ҳаво дар деҳаи Оббурдони ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд сел ба иншооти ёрирасон зарар расонида, се қитъаи замини сокинон зери об монд.
Инчунин ба иттилои КҲФ дар километри 477-уми шоҳроҳи Кӯлоб-Дарвоз-Ванҷ-Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки аз ҳудуди деҳаи Хехаки Ҷамоати деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванҷ мегузарад, сангрезӣ ба амал омад.
Дар натиҷа ин қитъаи роҳ муваққатан баста шуд.
Барои анҷоми корҳо барои рафъи оқибатҳои он техника ва кормандони хадамоти роҳи ноҳия ба ҷойи ҳодиса ҷалб карда шуданд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода шаҳрвандон ва меҳмонони кишварро огоҳ кардааст, ки 14 июн дар навоҳии наздикӯҳӣ ва кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд хатари омадани сели маҳаллӣ боқӣ мемонад.