Афзоиши дороӣ ва фоидаи софи "Амонатбонк"

© Foto / Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанЗдание Амонатбанка Дангаринском районе
Здание Амонатбанка Дангаринском районе  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.08.2024
Обуна шудан
Сармояи Амонатбонк дар 6 моҳи соли 2024 ба 919,1 миллион сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 17,3% афзоиш ёфтааст, гуфт раиси он
ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Дороиҳои Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон 7,9 миллиард сомониро ташкил дод.
Ин рақамҳо дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба даст омадаанд. Дар ин бора раиси Корхонаи воҳиди давлатии "Амонатбонк" Алиҷон Салимзода дар нишасти матбуотӣ хабар дод.
Дар баробари ин, ӯҳдадориҳои бонк 7 млрд сомониро ташкил дод.
Ин рақамҳо нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 мутаносибан 20,9 ва 21,4% зиёданд.
Пардохтпазирии бонк дар сатҳи зарурӣ нигоҳ дошта шуда, маблағҳо сари вақт ба суратҳисобҳои дахлдор гузаронида шуданд.
Национальный банк Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.08.2024
Бонки миллӣ меъёри бозтамвилро поин бурд
Таъкид мешавад, ки дар шаш моҳи аввали соли 2024 сармояи бонк ба 919,1 млн сомонӣ расида, нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 17,3% афзоиш ёфтааст.
Зимнан зикр гардид, ки хазинаи "Амонатбонк" 69,5 млн сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2023 20,4% зиёд мебошад.
Фоидаи софи бонки низомсози Тоҷикистон ҳудуди 69,5 млн. сомониро ташкил кард, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 20,4% зиёд мебошад, афзуд раёсат.
"Амонатбонк" бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон буда, ба хизматрасонӣ ба аҳолӣ тахассус дорад. Муассиси он Вазорати молияи ҷумҳурӣ мебошад.
Лентаи хабарҳо
0