https://sputnik.tj/20240801/bonki-milli-meyori-boztamvilro-poin-burd-1063757791.html
Бонки миллӣ меъёри бозтамвилро поин бурд
Бонки миллӣ меъёри бозтамвилро поин бурд
Sputnik Тоҷикистон
Дар соли ҷорӣ ин сеюмин коҳиши меъёри бозтамвил аст. Пеш аз ин, Бонки миллии Тоҷикистон дар моҳҳои феврал ва май меъёри бозтамвилро тағйир дода буд
2024-08-01T15:22+0500
2024-08-01T15:22+0500
2024-08-01T15:22+0500
дар тоҷикистон
меъёри бозтамвил
бонки миллӣ
таваррум
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/0b/1047537778_0:274:3072:2002_1920x0_80_0_0_e989a3b498588a49d8b49237cdce327b.jpg
ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) тасмим гирифт, меъёри бозтамвилро аз 9,25 то 9% солона поин барад.Дар ин бора хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон хабар додааст.Нишондиҳандаи нав аз 5 август эътибори расмӣ пайдо мекунад."Ин тасмим бо дарназардошти мӯътадил шудани нархҳо дар бозори дохилӣ ва нишондиҳандаҳои ҷаҳонии молҳо, пешгӯии мусбати нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва интизориҳои таваррумии аҳолӣ қабул шудааст", - омадааст дар хабарнома.Ин сеюмин коҳиши меъёри бозтамвил дар соли 2024 аст. Дар моҳи феврал аз 10,0% то 9,5% солона кам карда шуда буд.Бонки миллӣ 1 май БМТ дар бораи 0,25% киҳишёбии меъёрри бозтамвил эълон кард, ки он аз 9,5% то 9,25% солона поин оварда шуд.Тибқи маълумоти ахири нашркардаи Бонки миллии Тоҷикистон, таварруми солона дар ҷумҳурӣ дар давраи аз январ то июн 1,9% ва дар моҳи июн 3,5%-ро ташкил дод.Ҳадафи Бонки миллӣ нигоҳ доштани тавваррум дар сатҳи 6% дар сол мебошад.Ин меъёр, тибқи қонунгузории кишвар, ҳадди ақали фоизест, ки аз рӯи он Бонки миллии Тоҷикистон барои таъмини пардохтпазирии кӯтоҳмуддат ба бонкҳои тиҷоратии кишвар қарз медиҳад.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/0b/1047537778_176:0:2908:2048_1920x0_80_0_0_b253db6f8ebec54ded8c8f5e78bb52c8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, бонки миллӣ, таваррум, меъёри бозтамвил, тағйир
тоҷикистон, бонки миллӣ, таваррум, меъёри бозтамвил, тағйир
Бонки миллӣ меъёри бозтамвилро поин бурд
Дар соли ҷорӣ ин сеюмин коҳиши меъёри бозтамвил аст. Пеш аз ин, Бонки миллии Тоҷикистон дар моҳҳои феврал ва май меъёри бозтамвилро тағйир дода буд
ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) тасмим гирифт, меъёри бозтамвилро аз 9,25 то 9% солона поин барад.
Дар ин бора хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон хабар додааст.
Нишондиҳандаи нав аз 5 август эътибори расмӣ пайдо мекунад.
"Ин тасмим бо дарназардошти мӯътадил шудани нархҳо дар бозори дохилӣ ва нишондиҳандаҳои ҷаҳонии молҳо, пешгӯии мусбати нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва интизориҳои таваррумии аҳолӣ қабул шудааст", - омадааст дар хабарнома.
Ин сеюмин коҳиши меъёри бозтамвил дар соли 2024 аст. Дар моҳи феврал аз 10,0% то 9,5% солона кам карда шуда буд.
Бонки миллӣ 1 май БМТ дар бораи 0,25% киҳишёбии меъёрри бозтамвил эълон кард, ки он аз 9,5% то 9,25% солона поин оварда шуд.
Тибқи маълумоти ахири нашркардаи Бонки миллии Тоҷикистон, таварруми солона дар ҷумҳурӣ дар давраи аз январ то июн 1,9% ва дар моҳи июн 3,5%-ро ташкил дод.
Ҳадафи Бонки миллӣ нигоҳ доштани тавваррум дар сатҳи 6% дар сол мебошад.
Ин меъёр, тибқи қонунгузории кишвар, ҳадди ақали фоизест, ки аз рӯи он Бонки миллии Тоҷикистон барои таъмини пардохтпазирии кӯтоҳмуддат ба бонкҳои тиҷоратии кишвар қарз медиҳад.