“Ҳар чӣ зудтар, аммо кай?” – дар бораи сохтмони Театри миллӣ

© Sputnik / Амир ИсаевСтроительство в Душанбе
Строительство в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.07.2024
Обуна шудан
Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумати Тоҷикистон рафти сохтмони Театри миллии Тоҷикистонро шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik. Ин сохтмон қарор буд то соли 2021, замони 30-солагии Истиқлоли Тоҷикистон такмил шавад, аммо ҳамоно ба таъхир афтодааст.
Низом Мирзозода, раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ гуфт, корҳои сохтмонӣ дар иншоотро ширкати “Тоҷикгидроэлектромонтаж” оғоз кардааст.
“Айни ҳол корҳои арматуркунонии блоки якуми ошёнаи якум ва блоки сеюми ошёнаи сеюм ҷараён дошта, таҳдеворҳои блокҳои панҷуму шашум дар ҳоли сохт аст. Дар рафти назорат камбудиҳо муайян ва сари вақт бартараф мешаванд. Барои иҷрои корҳо ба паймонкори сохтмон амрнома ҳам дода шудааст”, - гуфт Низом Мирзозода.
Тарҳи сохтмони Театри миллии Тоҷикистон, ки бузургтарин театри кишвар хоҳад буд ва дар канори Осорхонаи миллӣ дар “Боғи Парчам” – и шаҳри Душанбе бунёд меёбад, ҳанӯз 21 феврали соли 2012 бо қарори раиси шаҳри Душанбе тасдиқ ва аз сӯи Дирексияи сохтмонии иншоотҳои ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи президент иҷоза ёфтааст.
Лоиҳаи бино бо назардошти шаш блокро ширкати чинии “Синтянзян” ва Академияи лоиҳакашии саноати сабук таҳия карда, тамоми экспертизаҳо то 20 декабри соли 2013 анҷом шудаанд. Барои оғоз ва пешбурди корҳои сохтмонӣ Сарраёсати меъморию шаҳрсозии Душанбе 30 декабри соли 2013 иҷоза дода буд.
Чайхона Рохат  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.07.2024
Чойхонаи "Роҳат" ва Театри Лоҳутӣ тахриб мешаванд
Соли 2015 президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон санги таҳдоби Театри миллии Тоҷикистонро гузошт ва қарор буд то ҷашни 30 – солагии Истиқлоли кишвар ба анҷом расад, аммо мақомоти Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ ба сароҳат авомили таъхир дар сохтмонро нагуфтанд.
Бино ба навиштаи расонаҳои Тоҷикистон, баъзе омилҳо, бахусус, мушкилоти молиявӣ сохтмони театрро ба таъхир афкандаанд. Гуфта мешуд, барои сохтмон беш аз 71 миллион доллари амрикоӣ ҷудо шуда, ширкати “Сирдарё” сохтмони онро ба дӯш дошт ва ҳукумати Тоҷикистон ин ширкатро аз пардохти андоз низ озод карда буд.
Ҳоло аз ин ширкат суҳбат намешавад, аммо Низом Мирзозода, раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон, мегӯяд, камбудиҳо бартараф карда мешавад, сохтмони иншоот ҳар чӣ зудтар анҷом меёбад.
Қарор аст, сохтмони Театри миллии Тоҷикистон то сенбяри соли 2026, ҷашни 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистон ба анҷом расад.
Лентаи хабарҳо
0