Чойхонаи "Роҳат" ва Театри Лоҳутӣ тахриб мешаванд

© Sputnik / Амир ИсаевЧайхона Рохат
Чайхона Рохат  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.07.2024
Обуна шудан
Мақомоти Тоҷикистон дар нишасти матбуотии ахир тасдиқ карданд, ки чойхонаи "Роҳат" ва Театри Лоҳутӣ дар маркази шаҳри Душанбе тахриб мешаванд
ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Низом Мирзозода, раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон рӯзи 29-уми июл дар нишасти хабарӣ гуфт, ки дар ҷойи чойхонаи "Роҳат" ва Театри Лоҳутӣ биноҳои замонавӣ сохта мешавад
Оқои Мирзозода, дақиқи тахриби ин ду биноро нагуфт, аммо таъкид кард, ки "чойхонаи "Роҳат"-ро хӯрокҳояш, аз ҷумла лағмонаш бисёр маъруф кардааст, ки ҳоло чунин нест.
Мирзозода ҳамзамон фарсуда шудани бинои Театри Лоҳутиро зикр намуд ва гуфт, беҳтар аст бинои замонавии театр сохта шавад.
Дар пайи аз нав сохтани бинои ҳукумати Тоҷикистон як қисмати чойхонаи "Роҳат" тахриб шуд, аммо қисмати асосии он ҳанӯз мондааст.
Чайхана Рохат, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2022
Бо супориши президент: чойхонаи "Роҳат" тахриб намешавад
Чойхонаи “Роҳат” дар соли 1958 сохта шуда, яке аз маконҳои дидании пойтахт ба шумор меравад.
Баҳси вайрон кардан ё мондани ин ду бино чанд сол боз идома дорад.
Қаблан тарафдорони боқӣ мондани чойхона даъво доштанд, ки “Роҳат” ҳамчун макони таърихӣ бояд ҳифз шавад.
Дар пайи бозсозии Душанбе чанд бинои қадимии Душанбе, аз ҷумла Театри Маяковский, бинои Вазорати кишоварзӣ ва ҳукумат тахриб шуданд.
Лентаи хабарҳо
0