Лавров: Комилан нобуд кардани Ҳамос, ки Исроил ҳадаф дорад, ғайриимкон мебошад.

© AP / Adel HanaПредставители движения "Хамас" маршируют по улице. Архивное фото
Представители движения Хамас маршируют по улице. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.07.2024
Обуна шудан
Вазири умури хориҷии Русия барқарории сулҳ дар Ховари миёнаро ба наздикиҳо баъид медонад, зеро Исроил ҳадафи дигар дорад
ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Маскав то ҳол дурнамои поёни хунрезӣ дар Ховари Миёнаро намебинад.
Дар ин бора вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров дар шарҳи ҳамлаи мушакӣ ба теппаҳои Ҷавлн, ки дар пайи куштаву захмиён дошт, изҳор намуд.
"Ҳанӯз дурнамои қатъи ин хунрезӣ вуҷуд надорад. Исроил аз забони нахуствазир (Бинёмин) Нетаняҳу борҳо ба даъватҳо барои оташбаси фаврӣ вокуниш нишон додааст, ки то замони комилан нобуд шудани Ҳамос қатъ нахоҳад шуд",- афзуд Лавров
Ӯ таъкид кард, ки тамоми нобуд кардани як созмоне, ки вуҷуд дорад ва дорои зарфиятҳои кофӣ ва дастгирии кофӣ аст, аз ҷумла дар ҷаҳони мусулмонӣ, кори ғайривоқеӣ аст.
"Мо ҳама амалҳои террористии аз ҷониби ҳама гуна сохторҳоро маҳкум мекунем, бинобар ин, мо ҳамлаи террористии Ҳамосро дар рӯзи 7 октябри соли гузашта маҳкум кардем, аммо амалҳои ҷавобии Исроил ғайри қобили қабул аст",- гуфт вай.
Рӯзи шанбе Идораи ёрии таъҷилии Исроил хабар дод, ки дар ҳамла ба теппаҳои Ҷавлон 10 нафар кушта шудаанд.
Баъдтар рӯзномаи Times of Israel бо такя ба сухангӯи артиши Исроил Даниел Ҳогарӣ хабар дод, ки шумори кушташудагон ба 12 нафар расидааст.
Последствия израильского авиаудара в Ходейде на западе Йемена  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2024
Исроил ба мавзеъҳои Ҳусиҳо дар Яман ҳамлаи кард: "Ансоруллоҳ" гуфт посух хоҳанд дод
Ҷунбиши "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон ба хабаргузории РИА "Новости" гуфтааст, ки даст доштан дар тирборони рустои Маҷдал Шамс дар теппаҳои Ҷавлон, ки аз сӯи Исроил ишғол шудааст рад мекунад.
Бо вуҷуди ин, мақомоти Исроил эълон карданд, ки ҷанг бо "Ҳизбуллоҳ" ва Лубнон наздик аст.
Портали Axios, дар навбати худ, навишт, ки "Ҳизбуллоҳ" ба СММ хабар додааст, ки ҳодиса дар шаҳри Маҷдал Шамс дар теппаҳои Ҷавлони ишғолшуда бо суқути мушаки боздошткунандаи исроилӣ дар қаламрави он иртибот дорад.
То соли 1967 теппаҳои Ҷавлон як қисми музофоти Алкунайтраи Сурия буданд, ки асосан друзҳо, як гурӯҳи алоҳидаи этникӣ-динии арабҳо зиндагӣ мекарданд.
Дар давоми ҷанги шашрӯзаи соли 1967, инчунин ҷанги чоруми арабу Исроил дар соли 1973 аз се ду ҳиссаи ин ҳудуди стратегиро Исроил забт карда буд. Соли 1981 давлати яҳудӣ ба таври якҷониба соҳибихтиёрии минтақаро эълон кард, аммо Шӯрои Амнияти СММ ин тасмимро эътироф накард.
Лентаи хабарҳо
0