https://sputnik.tj/20240727/khf-garmo-shadid-tufon-chang-ghubor-sel-hushdor-1063685025.html
КҲФ аз гармои шадид, тӯфони чангу ғубор ва сел ҳушдор дод.
КҲФ аз гармои шадид, тӯфони чангу ғубор ва сел ҳушдор дод.
Sputnik Тоҷикистон
Аз 30 июл то 1 август дар аксари ноҳияҳои вилояти Хатлон, ноҳияҳои марказии тобеи ҷумҳурӣ, шаҳри Душанбе тағйирёбии обу ҳаво, тӯфони чангу ғубор дар назар аст
2024-07-27T13:55+0500
2024-07-27T13:55+0500
2024-07-27T13:55+0500
дар тоҷикистон
кҳф
огоҳӣ
тавсия
хатар
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/16/1057855138_0:0:3067:1725_1920x0_80_0_0_f13f0d6491cae1e528651851221f2c96.jpg
ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Дар Тоҷикистон тайи чаҳор рӯзи оянда гармои шадиди фалокатбор пешгӯӣ мешавад.дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии мамлакат ҳушдор додааст.Ба иттилои манбаъ, аз 27 июл то 1 августи соли 2024 дар ҷумҳурӣ ҳаво ба ҳадди ниҳоӣ гарм шуда, чангу ғубор ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо хавфи омадани сел боқӣ мемонад.Дар ин рӯзҳо, бар асари болоравии ҳарорати ҳаво дар ҳавзаи дарёҳои Зарафшон, Панҷ ва Вахш болоравии сатҳи об, ҳамчунин дар баъзе ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хатари омадани сел дар натиҷаи об шудани пиряхҳо вуҷуд дорад.Ҳамчунин 30 июл то 1 августи дар аксари ноҳияҳои вилояти Хатлон, ноҳияҳои марказии тобеи ҷумҳурӣ, шаҳри Душанбе тағйирёбии обу ҳаво, тӯфони чангу ғубор дар назар аст. Ба гуфтаи ҳавосанҷон, ин метавонад боиси олудагии ҳавои атмосфера бо маводи муаллақи ҳиссачаҳои андозаи 10 мкр (Pm-10) ва 2,5 мкр (Pm-2,5) гардад.Дар робита ба ин зуҳурот ба шахсоне, ки мубталои бемориҳои роҳҳои нафас- асмаи бронхиалӣ, илтиҳоби шуш, омоси шуш, ҷоғар, бемории дилу рагҳо- фишорбаландӣ, бемории ишемикии дил мебошанд, тавсия дода мешавад, ки аз эҳтиёт кор бигиринд, зеро чунин ҳаво ба онҳо таъсири бештар дорад.Ҳамчунин гуфта мешавад, ки онҳо бояд аз ниқобҳои якдафъаинаи тиббӣ истифода баранд, дар маҳалҳои чангу ғубор камтар гаштугузор намуда, об нӯшанд, хонаро бо латтаи тар тез-тез пок созанд, гигиенаи шахсиро риоя намуда, доруҳое, ки табибон ба онҳо тавсия додаанд, дар вақташ истифода намоянд.
https://sputnik.tj/20240620/gharqi-nafar-tojikiston-az-avvali-sol-1063272830.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/16/1057855138_157:0:2886:2047_1920x0_80_0_0_447bacf51411852baa6401b7f70a7404.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
кҳф гармо шадид тӯфон чанг ғубор сел ҳушдор
кҳф гармо шадид тӯфон чанг ғубор сел ҳушдор
КҲФ аз гармои шадид, тӯфони чангу ғубор ва сел ҳушдор дод.
Аз 30 июл то 1 август дар аксари ноҳияҳои вилояти Хатлон, ноҳияҳои марказии тобеи ҷумҳурӣ, шаҳри Душанбе тағйирёбии обу ҳаво, тӯфони чангу ғубор дар назар аст
ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Дар Тоҷикистон тайи чаҳор рӯзи оянда гармои шадиди фалокатбор пешгӯӣ мешавад.
дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии мамлакат ҳушдор додааст.
Ба иттилои манбаъ, аз 27 июл то 1 августи соли 2024 дар ҷумҳурӣ ҳаво ба ҳадди ниҳоӣ гарм шуда, чангу ғубор ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо хавфи омадани сел боқӣ мемонад.
Дар ин рӯзҳо, бар асари болоравии ҳарорати ҳаво дар ҳавзаи дарёҳои Зарафшон, Панҷ ва Вахш болоравии сатҳи об, ҳамчунин дар баъзе ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хатари омадани сел дар натиҷаи об шудани пиряхҳо вуҷуд дорад.
"Бояд гуфт, ки афзоиши дамои ҳаво дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳ метавонад сабабгори об шудани пиряхҳо ва барфҳо шавад ва ин ба болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо оварда мерасонад",- таъкид кардааст КҲФ.
Ҳамчунин 30 июл то 1 августи дар аксари ноҳияҳои вилояти Хатлон, ноҳияҳои марказии тобеи ҷумҳурӣ, шаҳри Душанбе тағйирёбии обу ҳаво, тӯфони чангу ғубор дар назар аст.
Ба гуфтаи ҳавосанҷон, ин метавонад боиси олудагии ҳавои атмосфера бо маводи муаллақи ҳиссачаҳои андозаи 10 мкр (Pm-10) ва 2,5 мкр (Pm-2,5) гардад.
Дар робита ба ин зуҳурот ба шахсоне, ки мубталои бемориҳои роҳҳои нафас- асмаи бронхиалӣ, илтиҳоби шуш, омоси шуш, ҷоғар, бемории дилу рагҳо- фишорбаландӣ, бемории ишемикии дил мебошанд, тавсия дода мешавад, ки аз эҳтиёт кор бигиринд, зеро чунин ҳаво ба онҳо таъсири бештар дорад.
Ҳамчунин гуфта мешавад, ки онҳо бояд аз ниқобҳои якдафъаинаи тиббӣ истифода баранд, дар маҳалҳои чангу ғубор камтар гаштугузор намуда, об нӯшанд, хонаро бо латтаи тар тез-тез пок созанд, гигиенаи шахсиро риоя намуда, доруҳое, ки табибон ба онҳо тавсия додаанд, дар вақташ истифода намоянд.