https://sputnik.tj/20240620/gharqi-nafar-tojikiston-az-avvali-sol-1063272830.html
КҲФ: Аз аввали сол дар Тоҷикистон 66 нафар ғарқ шудааст
КҲФ: Аз аввали сол дар Тоҷикистон 66 нафар ғарқ шудааст
Sputnik Тоҷикистон
КҲФ-и Тоҷикистон сабаби аслии ба вуқуъ омадани ин фоҷеаҳо оббозӣ дар ҷойҳои мамнуъ, риоя накардани қоидаҳои шиноварӣ ва беназоратии волидон медонад
2024-06-20T11:59+0500
2024-06-20T11:59+0500
2024-06-20T12:49+0500
дар тоҷикистон
кҳф
кӯдакон
ҷавонон
ғарқ
ғарқшавӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102987/64/1029876408_402:50:3008:1516_1920x0_80_0_0_aba6fb4f496705aca35a32fa0e51abb0.jpg
ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Аз аввали соли равон то имрӯз дар обҳои мамлакат 66 нафар ғарқ шуданд, ки 31 нафари онҳо наврасони то 16-сола мебошанд.Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон хабар додааст.Ба иттилои манбаъ, 18 июн дар кӯли Комсомоли шаҳри Нораки вилояти Хатлон ҳангоми оббозӣ аз беэҳтиётӣ навраси 16-солаи сокини деҳаи Исмат Шарифи ноҳияи Данғара ғарқ шудааст.Наҷотдиҳандагон пас аз анҷоми корҳои ҷустуҷӯӣ, ҷасади ҷавонро пайдо намуда, ба кормандони милитсия супурданд.Ба иттилои КҲФ ҳамчунин ғарқшавии наврасон дар рӯзҳои истироҳатӣ — 16 ва 17 июн дар Тоҷикистон се кӯдак ғарқ шуданд, ки хурдтарини онҳо моҳи ноябр 2 сола мешуд.16 июн, соати як сокини 10-солаи деҳаи Худгифи Ҷамоати деҳоти Иван Тоҷики ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд ҳангоми оббозӣ дар канали обёрии деҳаи Меҳнатободи ноҳияи Зафаробод ғарқ шуд.Худи ҳамон рӯз боз дар ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд як сокини 15-солаи хоҷагии деҳқонии ба номи Фирдавсии деҳаи Обурдони ноҳияи Мастчоҳ ҳангоми оббозӣ дар канали "Тоҷикистон" ғарқ шудааст.Ҳамчунин ба иттилои манбаъ дар ноҳияи Лахш низ сокини тақрибан дусолаи деҳаи Балхаки Ҷамоати деҳоти Нурафшон ба ҷӯйборе, ки аз паси хона мегузарад, сарозер шуда, ғарқ шудааст.Ҷасадҳои наврасони ғарқшуда аз сӯи наҷотдиҳандагон пайдо ва ба волидайн супурда шуданд.“Сабаби аслии ба вуқуъ омадани ин фоҷеаҳо оббозӣ дар ҷойҳои мамнуъ, риоя накардани қоидаҳои шиноварӣ ва беназоратии волидон мебошад”, қайд кардааст манбаъ.КҲФ аз шаҳрвандон даъват кардааст, ки қоидаҳои бехатариро риоя намоянд, дар ҷойҳои махсус ҷудошуда (соҳилҳо) оббозӣ кунанд, танҳо ва шабона шино накунанд, инчунин волидон кӯдаконро дар соҳили обанборҳо беназорат нагузоранд.
https://sputnik.tj/20240618/id-motam-ruzho-istirohat-kudak-obho-tojikiston-1063257982.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102987/64/1029876408_341:0:3008:2000_1920x0_80_0_0_8efcc3d45f2c93e89ebb9610712cca41.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ғарқ, оббозӣ, кҳф, мамнӯъ, фоҷеа, ноболиғон
тоҷикистон, ғарқ, оббозӣ, кҳф, мамнӯъ, фоҷеа, ноболиғон
КҲФ: Аз аввали сол дар Тоҷикистон 66 нафар ғарқ шудааст
11:59 20.06.2024 (Навсозишуда: 12:49 20.06.2024) КҲФ-и Тоҷикистон сабаби аслии ба вуқуъ омадани ин фоҷеаҳо оббозӣ дар ҷойҳои мамнуъ, риоя накардани қоидаҳои шиноварӣ ва беназоратии волидон медонад
ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Аз аввали соли равон то имрӯз дар обҳои мамлакат 66 нафар ғарқ шуданд, ки 31 нафари онҳо наврасони то 16-сола мебошанд.
Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, 18 июн дар кӯли Комсомоли шаҳри Нораки вилояти Хатлон ҳангоми оббозӣ аз беэҳтиётӣ навраси 16-солаи сокини деҳаи Исмат Шарифи ноҳияи Данғара ғарқ шудааст.
Наҷотдиҳандагон пас аз анҷоми корҳои ҷустуҷӯӣ, ҷасади ҷавонро пайдо намуда, ба кормандони милитсия супурданд.
Ба иттилои КҲФ ҳамчунин ғарқшавии наврасон дар рӯзҳои истироҳатӣ — 16 ва 17 июн дар Тоҷикистон се кӯдак ғарқ шуданд, ки хурдтарини онҳо моҳи ноябр 2 сола мешуд.
16 июн, соати як сокини 10-солаи деҳаи Худгифи Ҷамоати деҳоти Иван Тоҷики ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд ҳангоми оббозӣ дар канали обёрии деҳаи Меҳнатободи ноҳияи Зафаробод ғарқ шуд.
Худи ҳамон рӯз боз дар ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд як сокини 15-солаи хоҷагии деҳқонии ба номи Фирдавсии деҳаи Обурдони ноҳияи Мастчоҳ ҳангоми оббозӣ дар канали "Тоҷикистон" ғарқ шудааст.
Ҳамчунин ба иттилои манбаъ дар ноҳияи Лахш низ сокини тақрибан дусолаи деҳаи Балхаки Ҷамоати деҳоти Нурафшон ба ҷӯйборе, ки аз паси хона мегузарад, сарозер шуда, ғарқ шудааст.
Ҷасадҳои наврасони ғарқшуда аз сӯи наҷотдиҳандагон пайдо ва ба волидайн супурда шуданд.
“Сабаби аслии ба вуқуъ омадани ин фоҷеаҳо оббозӣ дар ҷойҳои мамнуъ, риоя накардани қоидаҳои шиноварӣ ва беназоратии волидон мебошад”, қайд кардааст манбаъ.
КҲФ аз шаҳрвандон даъват кардааст, ки қоидаҳои бехатариро риоя намоянд, дар ҷойҳои махсус ҷудошуда (соҳилҳо) оббозӣ кунанд, танҳо ва шабона шино накунанд, инчунин волидон кӯдаконро дар соҳили обанборҳо беназорат нагузоранд.