“Фикри хуб!”: Вазир дар бораи таҷрибаомӯзии омӯзгорони тоҷик дар мактабҳои Русия – видео

Обуна шудан
Дар Маскав форуми байналмилалии омӯзгорӣ "Тағйироти АвруОсиё" ифтитоҳ шуд - намояндагони Тоҷикистон низ дар он ширкат дошт
Як иштирокчии форум аз Тоҷикистон гуфт, ки зуд-зуд ба Русия меояд, дар ҷашнвораҳои омӯзгорӣ иштирок мекунаду аз мактабҳои гуногун боздид менамояд.
Аммо ба далели надоштани шаҳрвандӣ ӯро аз такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзӣ маҳрум кардаанд. Ӯ пешниҳод кард, ки барои омӯзгорони хориҷӣ дар мактабҳои Русия курсҳои таҷрибаомӯзӣ роҳандозӣ намоянд.
Вазири маорифи Русия Сергей Кравтсов инро "як фикри хуб" номид ва ваъда дод, ки сари ин масъала андеша хоҳад кард.
Афзоиши теъдоди омӯзгорони Русия дар Тоҷикистон
Дар пойтахти Русия зиёда аз 100 нафар омӯзгорон аз Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Тоҷикистон ва Узбекистон ҷамъ омаданд.
Тавре Татяна Василева, муовини вазири маорифи Русия зимни ифтитоҳи чорабинӣ изҳор дошт, “ҳар як кишвар дорои низоми аслии таҳсилот, дорои анъанаҳои некӣ вафарҳангу таърихи худ мебошад.
"Аммо моро арзишҳои умумӣ ва муҳаббат ба кӯдакон муттаҳид месозад",-гуфт ӯ.
Лентаи хабарҳо
0