https://sputnik.tj/20240726/afzoishi-tedodi-omuzgoroni-rusiya-tojikiston-1063677380.html
Афзоиши теъдоди омӯзгорони Русия дар Тоҷикистон
Афзоиши теъдоди омӯзгорони Русия дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон аз афзойиши теъдоди омӯзгорони Русия дар макотиби кишвар хабар дод
2024-07-26T16:49+0500
2024-07-26T16:49+0500
2024-07-26T16:49+0500
дар тоҷикистон
маориф
мактаб
омӯзгор
русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/1f/1060252385_0:0:2560:1440_1920x0_80_0_0_80f4d72ea8f3cded0e8395f2b6b47c44.jpg
ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Онҳо тибқи барномаи “Муаллими Русия дар хориҷ аз кишвар (Русский учитель за рубежом)” дар Тоҷикистон ба тадрис хоҳанд пардохт.Ҷамшед Ҷӯразода, муовини якуми вазири маориф ва илми Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотии ин ниҳод, гуфт, ин як лоиҳаи муштараки вазоратҳои маорифи ду кишвар аст, ки бино ба он, фаъолияти омӯзгорони Федератсияи Русия дар Тоҷикистон сурат мегирад.“Тибқи ин барнома муаллимони Русия дар мактабҳои таҳсилоти умумии Тоҷикистон дар муддати як сол фаъолият мекунанд ва ба ватан бармегарданд. Ҳамзамон мо дархости худро мефиристем, ки боз омӯзгорон ба Тоҷикистон фиристода шаванд”, - гуфт Ҷамшед Ҷӯразода.Тибқи иттилои вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, барномаи “Муаллими Русия дар хориҷ аз кишвар” аз соли 2017 ба ин сӯ мавриди иҷро қарор гирифта, соли таҳсили 2023-2024 76 омӯзгор аз Русия дар ҳудуди 15 мактаби Тоҷикистон ба тадрис машғул буданд ва дар соли таҳсили 2024-2025 ба нақша гирифта шудааст, ки зиёда аз 100 муаллим ба Тоҷикистон ташриф оранд.Муовини якуми вазири маориф ва илми Тоҷикистон гуфт, ин як ҷанба ё самти фаъолияти омӯзгорони Русия дар Тоҷикистон аст.“Ҷанбаи дигар фаъолияти онҳо дар мактабҳои русиест, ки муштарак омӯзгорони Тоҷикистону Русия дар онҳо дарс медиҳанд, аз ҷумла панҷ мактабе, ки дар шаҳрҳои мухталифи Тоҷикистон фаъолият доранд ва беш аз 50% омӯзгорони онҳо аз Федератсияи Русия мебошанд”, - гуфт Ҷамшед Ҷӯразода.Бино ба созишномаи миёни ҳукуматҳои Русияву Тоҷикистон аз соли 2019 дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Турсунзодаи Тоҷикистон ба маблағи 150 миллион доллар панҷ мактаб сохта шуд, ки таҳсил дар онҳо аз 1 сентябри соли 2022 шуруъ шудааст. Дар ҳар як аз ин макотиб 1200 хонанда таҳсил мекунанд.Гузашта аз ин, бино ба иттилои расмӣ, дар Тоҷикистон ҳудуди 40 мактаби русӣ амал мекунад, ки дар онҳо 27 ҳазор хонанда машғули таҳсил ҳастанд.
https://sputnik.tj/20240726/vaziri-maorif-norasoii-omuzgor-maktab-1063674440.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/1f/1060252385_0:0:1920:1440_1920x0_80_0_0_4d5b48d67ac0046abe4c6ccc5b5e6b46.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, русия, теъдод, омӯзгор, маориф, афзоиш, макотиб
тоҷикистон, русия, теъдод, омӯзгор, маориф, афзоиш, макотиб
Афзоиши теъдоди омӯзгорони Русия дар Тоҷикистон
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон аз афзоиши теъдоди омӯзгорони Русия дар макотиби кишвар хабар дод
ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Онҳо тибқи барномаи “Муаллими Русия дар хориҷ аз кишвар (Русский учитель за рубежом)” дар Тоҷикистон ба тадрис хоҳанд пардохт.
Ҷамшед Ҷӯразода, муовини якуми вазири маориф ва илми Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотии ин ниҳод, гуфт, ин як лоиҳаи муштараки вазоратҳои маорифи ду кишвар аст, ки бино ба он, фаъолияти омӯзгорони Федератсияи Русия дар Тоҷикистон сурат мегирад.
“Тибқи ин барнома муаллимони Русия дар мактабҳои таҳсилоти умумии Тоҷикистон дар муддати як сол фаъолият мекунанд ва ба ватан бармегарданд. Ҳамзамон мо дархости худро мефиристем, ки боз омӯзгорон ба Тоҷикистон фиристода шаванд”, - гуфт Ҷамшед Ҷӯразода.
Тибқи иттилои вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, барномаи “Муаллими Русия дар хориҷ аз кишвар” аз соли 2017 ба ин сӯ мавриди иҷро қарор гирифта, соли таҳсили 2023-2024 76 омӯзгор аз Русия дар ҳудуди 15 мактаби Тоҷикистон ба тадрис машғул буданд ва дар соли таҳсили 2024-2025 ба нақша гирифта шудааст, ки зиёда аз 100 муаллим ба Тоҷикистон ташриф оранд.
Муовини якуми вазири маориф ва илми Тоҷикистон гуфт, ин як ҷанба ё самти фаъолияти омӯзгорони Русия дар Тоҷикистон аст.
“Ҷанбаи дигар фаъолияти онҳо дар мактабҳои русиест, ки муштарак омӯзгорони Тоҷикистону Русия дар онҳо дарс медиҳанд, аз ҷумла панҷ мактабе, ки дар шаҳрҳои мухталифи Тоҷикистон фаъолият доранд ва беш аз 50% омӯзгорони онҳо аз Федератсияи Русия мебошанд”, - гуфт Ҷамшед Ҷӯразода.
Бино ба созишномаи миёни ҳукуматҳои Русияву Тоҷикистон аз соли 2019 дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Турсунзодаи Тоҷикистон ба маблағи 150 миллион доллар панҷ мактаб сохта шуд, ки таҳсил дар онҳо аз 1 сентябри соли 2022 шуруъ шудааст. Дар ҳар як аз ин макотиб 1200 хонанда таҳсил мекунанд.
Гузашта аз ин, бино ба иттилои расмӣ, дар Тоҷикистон ҳудуди 40 мактаби русӣ амал мекунад, ки дар онҳо 27 ҳазор хонанда машғули таҳсил ҳастанд.