https://sputnik.tj/20240719/oshkorsozi-baqaydgiri-gepatit-virusi-tojikiston-purzur-1063594025.html
Ошкорсозӣ ва бақайдгирии гепатитҳои вирусӣ дар байни аҳолии Тоҷикистон пурзур мешавад
Ошкорсозӣ ва бақайдгирии гепатитҳои вирусӣ дар байни аҳолии Тоҷикистон пурзур мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Дар асоси тадқиқоти пажуҳишгарони Тоҷикистон паҳншавии гепатити В дар байни аҳолии калонсолон аз 4 то 6% ва гепатити С аз 3 то 5%-ро ташкил медиҳад
2024-07-19T15:59+0500
2024-07-19T15:59+0500
2024-07-19T15:59+0500
дар тоҷикистон
вазорати тандурустӣ
назорат
ҷамолиддин абдуллозода
вируси нав
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/13/1063593853_47:166:1243:839_1920x0_80_0_0_70cb588daf445012e42e8c130fcd3bc1.jpg
ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Ахиран дар вазорати тандурустии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири тандурустӣ Ҷамолиддин Абдуллозода вобаста ба ошкорсозӣ ва бақайдгирии гепатитҳои вируси дар байни аҳолии ҷумҳурӣ ҷаласаи корӣ доир гардид.Дар ҷаласаи мазкур ошкорсозӣ ва бақайдгирии гепатитҳои вирусӣ дар байни аҳолии Тоҷикистон, беҳтар ва сифатан хубтар намудани таҳлилҳои озмоишгоҳӣ (ҳам давлатӣ ва хусусӣ) муоинаи ҳатмии пеш аз амалиётҳои ҷарроҳӣ, дандонпизишкӣ, ошкорсозии сарчашмаи сироятёбии беморон, ташкили махзани ягонаи бақайдгирии гепатитҳои вирусӣ, баррасӣ шуд.Дар ин ҷаласа қайд карда шуд, гепатитҳои вирусӣ яке аз мушкилотҳои ҷиддии соҳаи тандурустӣ дар ҷаҳон ба шумор рафта, айни замон гирифторони ин беморӣ дар саросари олам зиёд шуда истодаанд.Қайд карда шудааст, ки паҳншавии генотипҳои гепатити вируси С дар ҷумҳурӣ аз ҳисоби генотипи 1б, 2а ва 3а дида мешаванд.Масъулини вазорати тандурустӣ таъкид намудаанд, ки ҳоло 95-100%-и беморони гирифтори гепатити музмини С пас аз табобат бо доруҳои нави зиддивирусӣ пурра табобат мешаванд.Вазорат қайд кардааст, ки одами солим бояд барои пешгирӣ аз ин беморӣ ҳамеша дастонашро шӯяд, оби ноҷӯшидаро истеъмол накунад.Инчунин, волидонро зарур аст, ки кӯдакони навзодро дар таваллудхона ё ин, ки дар дармонгоҳҳо ваксинаи зидди вирусҳои гепатит гузаронанад. Агар дар хона ё ҳамсояҳо бемории гепатити вирусӣ пайдо шавад, бояд атрофиён аз бемор эҳтиёт бошанд. Бо маҳлулҳои хлордошта безарар гардонидани асбобу анҷоми хона, сару либос, рафти хоби бемор ва асбобҳои тиббии дар бемор истифодашуда дар ин ҳолат зарур ва ҳатмӣ буда, риояи чунин ҳолатҳо барои пешгирии ин беморӣ бисёр муфид мебошанд.Бояд гуфт, ки гепатитҳои вирусӣ ба намудҳои зерин ҷудо мешаванд: "А", "В", "С", "Д", "Е", "F", "G". Гепатитҳои вирусии "А" ва "Е" бемориҳои шадиди сироятии вирусӣ буда, бо роҳҳои фазладаҳонӣ бо зарарёбии ҷигар, испур ва пайдошавии аломатҳои заҳролудии он бо варами ҷигар пайдо гардида, дар ватани мо танҳо 5 намуди он (А, В, С, D ва E) муайян карда мешаванд.Гепатитҳои "В" ва "С" бемориҳои шадиди сироятии вирусӣ буда, бо задани ягон чизи бегона ва бо вариантҳои гуногуни клинико-патогенетикӣ мегузаранд, ки ҷигар ва испурч зарар ёфта, варам мекунад.
https://sputnik.tj/20240626/dar-sughd-favt-az-vnmo-beshtar-shudaast-sharhi-tabib-dar-borai-siroyatyobi-1063341138.html
https://sputnik.tj/20240213/imkon-dorad-vaziri-tandurusti-dar-borai-marizii-kh--1061674562.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/13/1063593853_72:0:1209:853_1920x0_80_0_0_d9c6c181af2331f891f02ad8f6846cee.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, тандурустӣ, пурзур, вирус, гепатит, ошкорсозт, вазорати тандурустӣ
тоҷикистон, тандурустӣ, пурзур, вирус, гепатит, ошкорсозт, вазорати тандурустӣ
Ошкорсозӣ ва бақайдгирии гепатитҳои вирусӣ дар байни аҳолии Тоҷикистон пурзур мешавад
Дар асоси тадқиқоти пажуҳишгарони Тоҷикистон паҳншавии гепатити В дар байни аҳолии калонсолон аз 4 то 6% ва гепатити С аз 3 то 5%-ро ташкил медиҳад
ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Ахиран дар вазорати тандурустии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири тандурустӣ Ҷамолиддин Абдуллозода вобаста ба ошкорсозӣ ва бақайдгирии гепатитҳои вируси дар байни аҳолии ҷумҳурӣ ҷаласаи корӣ доир гардид.
Дар ҷаласаи мазкур ошкорсозӣ ва бақайдгирии гепатитҳои вирусӣ дар байни аҳолии Тоҷикистон, беҳтар ва сифатан хубтар намудани таҳлилҳои озмоишгоҳӣ (ҳам давлатӣ ва хусусӣ) муоинаи ҳатмии пеш аз амалиётҳои ҷарроҳӣ, дандонпизишкӣ, ошкорсозии сарчашмаи сироятёбии беморон, ташкили махзани ягонаи бақайдгирии гепатитҳои вирусӣ, баррасӣ шуд.
Дар ин ҷаласа қайд карда шуд, гепатитҳои вирусӣ яке аз мушкилотҳои ҷиддии соҳаи тандурустӣ дар ҷаҳон ба шумор рафта, айни замон гирифторони ин беморӣ дар саросари олам зиёд шуда истодаанд.
“Дар асоси тадқиқоти Муассисаи давлатии "Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" паҳншавии гепатити В дар байни аҳолии калонсолон аз 4 то 6% ва гепатити С аз 3 то 5%-ро ташкил медиҳад”, - иттилоъ додааст манбаъ.
Қайд карда шудааст, ки паҳншавии генотипҳои гепатити вируси С дар ҷумҳурӣ аз ҳисоби генотипи 1б, 2а ва 3а дида мешаванд.
Масъулини вазорати тандурустӣ таъкид намудаанд, ки ҳоло 95-100%-и беморони гирифтори гепатити музмини С пас аз табобат бо доруҳои нави зиддивирусӣ пурра табобат мешаванд.
“Шахсони гирифтори гепатити В таҳти назорати диспансерӣ қарор гирифта, вобаста аз вазъи фаъолияти ҷигар ва миқдори вирус давра ба давра табобати зидди вирусӣ мегиранд”, - зикр кардаанд мутахассисон.
Вазорат қайд кардааст, ки одами солим бояд барои пешгирӣ аз ин беморӣ ҳамеша дастонашро шӯяд, оби ноҷӯшидаро истеъмол накунад.
Инчунин, волидонро зарур аст, ки кӯдакони навзодро дар таваллудхона ё ин, ки дар дармонгоҳҳо ваксинаи зидди вирусҳои гепатит гузаронанад. Агар дар хона ё ҳамсояҳо бемории гепатити вирусӣ пайдо шавад, бояд атрофиён аз бемор эҳтиёт бошанд. Бо маҳлулҳои хлордошта безарар гардонидани асбобу анҷоми хона, сару либос, рафти хоби бемор ва асбобҳои тиббии дар бемор истифодашуда дар ин ҳолат зарур ва ҳатмӣ буда, риояи чунин ҳолатҳо барои пешгирии ин беморӣ бисёр муфид мебошанд.
Бояд гуфт, ки гепатитҳои вирусӣ ба намудҳои зерин ҷудо мешаванд: "А", "В", "С", "Д", "Е", "F", "G". Гепатитҳои вирусии "А" ва "Е" бемориҳои шадиди сироятии вирусӣ буда, бо роҳҳои фазладаҳонӣ бо зарарёбии ҷигар, испур ва пайдошавии аломатҳои заҳролудии он бо варами ҷигар пайдо гардида, дар ватани мо танҳо 5 намуди он (А, В, С, D ва E) муайян карда мешаванд.
Гепатитҳои "В" ва "С" бемориҳои шадиди сироятии вирусӣ буда, бо задани ягон чизи бегона ва бо вариантҳои гуногуни клинико-патогенетикӣ мегузаранд, ки ҷигар ва испурч зарар ёфта, варам мекунад.