https://sputnik.tj/20240213/imkon-dorad-vaziri-tandurusti-dar-borai-marizii-kh--1061674562.html
“Имкон дорад”: вазири тандурустӣ дар бораи “маризии Х”
“Имкон дорад”: вазири тандурустӣ дар бораи “маризии Х”
Sputnik Тоҷикистон
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон эҳтимоли шуюъи ҳар гуна ҳамагирии маризиҳои сироятиро аз эҳтимол ду намедонад
2024-02-13T16:45+0500
2024-02-13T16:45+0500
2024-02-13T19:16+0500
тандурустӣ
дар тоҷикистон
ҷамолиддин абдуллозода
вазорати тандурустӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/09/1058730223_0:0:1081:608_1920x0_80_0_0_7b7092f5d219de268fbacf75c8ab2cf2.jpg
ДУШАНБЕ, 12 фев - Sputnik. Вазири тандурустии Тоҷикистон дар бораи эҳтимоли шуюъи як ҳамагирии хатарноктар аз КОВИД-19, ки Созмони ҷаҳонии беҳдошт пешбиниаш мекунад, изҳори назар кард.Моҳи январи соли равон Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар форуми Давос аз эҳтимоли хуруҷи маризие кушандатар аз КОВИД-19 гуфта буд.Ҷамолиддин Абдуллозода дар посух ба суоли Sputnik Тоҷикистон гуфт, мутахассисони байнулмилал гоҳ-гоҳ аз пайдоиши ину он маризии сироятӣ дар ягон гӯшаи ҷаҳон суҳбат мекунанд, аммо мушаххасан иттилоъ намедиҳанд ва маълум нест чиро дар назар доранд. Вай афзуд, агар мо ба он вирус масъуният надошта бошем, сар задани он дар дилхоҳ қораи ҷаҳон имкон дорад - ҳам Осиё, ҳам Аврупо ва ҳам Аврупо. “Аз ин хотир, мо бояд ба ҳар эҳтимол омода бошем ва ҳушёрии худро аз даст надиҳем”, - гуфт Ҷамолиддин Абдуллозода. Моҳи январи соли равон дар Форуми иқтисодии ҷаҳон, ки дар шаҳри Давоси Шветсария баргузор шуд, Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар бораи “маризии Х”, як ҳамагирии дигар, баҳс кард, ки мизони маргумири он метавонад 20 баробар бештар аз КОВИД бошад. Созмони ҷаҳонии беҳдошт ҳанӯз дар соли 2018 “маризии Х”-ро, ки дақиқ нест, чӣ маризие аст, дар феҳристи бемориҳои авлавиятдори худ қарор дод, ки ба таври билқувва метавонад мунҷар ба як бемории ҳамагири ҷадид шавад. Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар моҳи майи 2023 вазъияти ҳамагири КОВИД-19-ро, ки аз 11 марти 2020 эъмол шуда буд, лағв кард. Дар ин муддат 6.9 миллион нафар дар саросари ҷаҳон қурбони он шуданд.
https://sputnik.tj/20240213/ba-aql-rost-nameoyad--sharhi-vazir-dar-borai-tabobat-dar-khorija-1061673150.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/09/1058730223_15:0:975:720_1920x0_80_0_0_b3ae8d85ab193188a9a44c7c0711ac15.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
имкон вазир тандурустӣ “маризии х”
имкон вазир тандурустӣ “маризии х”
“Имкон дорад”: вазири тандурустӣ дар бораи “маризии Х”
16:45 13.02.2024 (Навсозишуда: 19:16 13.02.2024) Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон эҳтимоли шуюъи ҳар гуна ҳамагирии маризиҳои сироятиро аз эҳтимол дур намедонад
ДУШАНБЕ, 12 фев - Sputnik. Вазири тандурустии Тоҷикистон дар бораи эҳтимоли шуюъи як ҳамагирии хатарноктар аз КОВИД-19, ки Созмони ҷаҳонии беҳдошт пешбиниаш мекунад, изҳори назар кард.
Моҳи январи соли равон Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар форуми Давос аз эҳтимоли хуруҷи маризие кушандатар аз КОВИД-19 гуфта буд.
Ҷамолиддин Абдуллозода дар посух ба суоли Sputnik Тоҷикистон гуфт, мутахассисони байнулмилал гоҳ-гоҳ аз пайдоиши ину он маризии сироятӣ дар ягон гӯшаи ҷаҳон суҳбат мекунанд, аммо мушаххасан иттилоъ намедиҳанд ва маълум нест чиро дар назар доранд.
“Он гуна, ки дар замони паҳншавии КОВИД гуфта будем, ҳама чӣ эҳтимол дорад. Чаро? Риски паҳншавии вирус ҳаст, зеро шароит вуҷуд дорад. Масалан, вақте муҳоҷират ё сиркулстяия ҳаст ва мардум аз ҷое ба ҷое сафар мекунанд, пайдоиши ин ё он намуди маризии сироятӣ аз эҳтимол дур нест”, - гуфт вазир.
Вай афзуд, агар мо ба он вирус масъуният надошта бошем, сар задани он дар дилхоҳ қораи ҷаҳон имкон дорад - ҳам Осиё, ҳам Аврупо ва ҳам Аврупо.
“Аз ин хотир, мо бояд ба ҳар эҳтимол омода бошем ва ҳушёрии худро аз даст надиҳем”, - гуфт Ҷамолиддин Абдуллозода.
Моҳи январи соли равон дар Форуми иқтисодии ҷаҳон, ки дар шаҳри Давоси Шветсария баргузор шуд, Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар бораи “маризии Х”, як ҳамагирии дигар, баҳс кард, ки мизони маргумири он метавонад 20 баробар бештар аз КОВИД бошад.
Созмони ҷаҳонии беҳдошт ҳанӯз дар соли 2018 “маризии Х”-ро, ки дақиқ нест, чӣ маризие аст, дар феҳристи бемориҳои авлавиятдори худ қарор дод, ки ба таври билқувва метавонад мунҷар ба як бемории ҳамагири ҷадид шавад.
Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар моҳи майи 2023 вазъияти ҳамагири КОВИД-19-ро, ки аз 11 марти 2020 эъмол шуда буд, лағв кард. Дар ин муддат 6.9 миллион нафар дар саросари ҷаҳон қурбони он шуданд.