https://sputnik.tj/20240719/nazarsanji-mardum-rusiya-muhojiron-hissiyoti-manfi-1063596483.html
Назарсанҷии мардуми Русия: Ба муҳоҷирон ҳиссиёти манфӣ надорем
Назарсанҷии мардуми Русия: Ба муҳоҷирон ҳиссиёти манфӣ надорем
Sputnik Тоҷикистон
Мушкилот бо муҳоҷирон, ба гуфтаи коршиноси ВЦИОМ, дар минтақаҳои ҳавзаҳои федералӣ - марказӣ ва шимолу ғарбӣ русия ба қайд гирифта шудааст
2024-07-19T17:02+0500
2024-07-19T17:02+0500
2024-07-19T17:09+0500
русия
дар русия
муҳоҷират
мардум
омор
назарсанҷӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/13/1063597116_0:197:2965:1865_1920x0_80_0_0_07bc28dc09d95744d43e2cc4b7396ae0.jpg
ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Аз даҳ нафар ҳашт нафар (81%) русҳо нисбати муҳоҷирон эҳсосоти манфӣ надоранд.Дар ин бора дар натиҷаи як назарсанҷии ВЦИОМ, ки сардори шӯъбаи таҳқиқоти сиёсӣ Михаил Мамонов хабар дод, ошкор шудааст.Қайд мешавад, ки ҳамин миқдор пурсидашудагон аз ҳузури афроди миллати дигар дар атрофи онҳо наметарсанд ва нигарон ҳам нестанд.Ба гуфтаи мутахассис, ин рақам хеле баланд аст. Ҳамин тариқ, танҳо 12% пурсишшудагон гуфтаанд, ки нисбати муҳоҷирон эҳсосоти манфиро ҳис мекунанд."79 дарсади русҳо муносибатҳои байни миллатҳои гуногунро дар маҳалле, ки онҳо зиндагӣ мекунанд, дӯстӣ ё ором ва бидуни низоъ арзёбӣ мекунанд", - қайд кард коршинос.Мамонов таъкид кард, ки нишондиҳандаҳои ташаннуҷ дар ноҳияҳои федералии пойтахт – марказӣ ва шимолу ғарбӣ бештаранд.Муҳоҷирон ин қудрат ё заъфии Русия аст?ВЦИОМ, паст будани шиддатро дар муносибатҳои байни миллатҳо қайд намудааст."Ин тақрибан 20 фоизро ташкил медиҳад, ки ба мо имкон медиҳад, муносибатҳои байни миллатҳоро умуман оромона тавсиф кунем", - афзуд мутахассис.Ҳамзамон, вай қайд кард, ки пажӯҳишҳои ВЦИОМ дархости мардум барои ташдиди сиёсати муҳоҷиратро дар Русия ба қайд гирифтааст.Ба гуфтаи Мамонов, ин дархост ба як қатор талабот равона шудааст:Қаблан ду муҳоҷир аз Осиёи Марказӣ дар Омск ва Новосибирск ҳангоми ҷамъоварии маблағ барои созмони террористӣ аз сӯи ФСБ-и Русия дастгир шуда буданд.
https://sputnik.tj/20240424/matvienko-qonunguzori-muhojirat-rusiya-muhojiron-felan-1062622437.html
https://sputnik.tj/20240529/sokinoni-sughd-beshtar-kishvarho-muhojirat-1063016216.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/13/1063597116_194:0:2925:2048_1920x0_80_0_0_37d9359fab1b983d90a1ef3ae8c8451a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, вқиом, назарсанҷӣ, муҳоҷират, бадбинӣ, мардум
русия, вқиом, назарсанҷӣ, муҳоҷират, бадбинӣ, мардум
Назарсанҷии мардуми Русия: Ба муҳоҷирон ҳиссиёти манфӣ надорем
17:02 19.07.2024 (Навсозишуда: 17:09 19.07.2024) Мушкилот бо муҳоҷирон, ба гуфтаи коршиноси ВЦИОМ, дар минтақаҳои ҳавзаҳои федералӣ - марказӣ ва шимолу ғарби Русия ба қайд гирифта шудааст
ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Аз даҳ нафар ҳашт нафар (81%) русҳо нисбати муҳоҷирон эҳсосоти манфӣ надоранд.
Дар ин бора дар натиҷаи як назарсанҷии ВЦИОМ, ки сардори шӯъбаи таҳқиқоти сиёсӣ Михаил Мамонов хабар дод, ошкор шудааст.
Қайд мешавад, ки ҳамин миқдор пурсидашудагон аз ҳузури афроди миллати дигар дар атрофи онҳо наметарсанд ва нигарон ҳам нестанд.
Ба гуфтаи мутахассис, ин рақам хеле баланд аст. Ҳамин тариқ, танҳо 12% пурсишшудагон гуфтаанд, ки нисбати муҳоҷирон эҳсосоти манфиро ҳис мекунанд.
"79 дарсади русҳо муносибатҳои байни миллатҳои гуногунро дар маҳалле, ки онҳо зиндагӣ мекунанд, дӯстӣ ё ором ва бидуни низоъ арзёбӣ мекунанд", - қайд кард коршинос.
Мамонов таъкид кард, ки нишондиҳандаҳои ташаннуҷ дар ноҳияҳои федералии пойтахт – марказӣ ва шимолу ғарбӣ бештаранд.
Муҳоҷирон ин қудрат ё заъфии Русия аст?
Тақрибан 60% пурсидашудагон дар тадқиқот изҳор доштанд, ки як кишвари сермиллат будан Русия танҳо қавитар мекунад;
25% бар ин боваранд, ки ин ба қудрати кишвар ба ҳеҷ ваҷҳ таъсир намерасонад;
танҳо 7% фикр мекунанд, ки ин раванд давлатро заифтар мекунад.
ВЦИОМ, паст будани шиддатро дар муносибатҳои байни миллатҳо қайд намудааст.
"Ин тақрибан 20 фоизро ташкил медиҳад, ки ба мо имкон медиҳад, муносибатҳои байни миллатҳоро умуман оромона тавсиф кунем", - афзуд мутахассис.
Ҳамзамон, вай қайд кард, ки пажӯҳишҳои ВЦИОМ дархости мардум барои ташдиди сиёсати муҳоҷиратро дар Русия ба қайд гирифтааст.
Ба гуфтаи Мамонов, ин дархост ба як қатор талабот равона шудааст:
мавҷудияти қоидаҳои сахт,
риояи анъанаҳо ва русуми аҳолии таҳҷоӣ аз ҷониби муҳоҷирон;
ногузир будани ҷазо барои ҷиноят.
Қаблан ду муҳоҷир аз Осиёи Марказӣ дар Омск ва Новосибирск ҳангоми ҷамъоварии маблағ барои созмони террористӣ аз сӯи ФСБ-и Русия дастгир шуда буданд.