https://sputnik.tj/20240424/matvienko-qonunguzori-muhojirat-rusiya-muhojiron-felan-1062622437.html
Матвиенко аз кор сари қонунгузории муҳоҷират гуфт: Русия бе муҳоҷирон феълан наметавонад
Матвиенко аз кор сари қонунгузории муҳоҷират гуфт: Русия бе муҳоҷирон феълан наметавонад
Sputnik Тоҷикистон
Раиси Шӯрои Федератсия дар шароити феълӣ, ки Русия ба кадрҳо ниёз дорад даст кашидан аз муҳоҷирони меҳнатию бастани роҳ ба онҳоро номатлуб хонд
2024-04-24T18:55+0500
2024-04-24T18:55+0500
2024-04-24T18:55+0500
дар русия
муҳоҷират
фасод
сиёсат
валентина матвиенко
қонун
шӯрои федератсияи русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/01/0b/1061236447_0:164:3000:1852_1920x0_80_0_0_b5133ae8fff93479650166063aba5e69.jpg
ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Дар Русия корҳо барои равшану дақиқ кардани қонунгузории муҳоҷират идома доранд, ки дар он сенаторҳо низ ширкат доранд, гуфт раиси Шӯрои Федератсия, Валентина Матвиенко ба РИА "Новости." "Мо бояд онро бидуни эҳсосот, бо иштироки коршиносон, ҳуқуқшиносон, мутахассисон дар муколама бо шарикони мо аз кишварҳои дӯст коркард кунему дар ҳолати зарурӣ созишномаҳои байнидавлатиро дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ дақиқтар созем", - гуфт ӯ. Ба гуфтаи раиси Шӯрои федератсия, қонунгузории муҳоҷират албатта бояд такмил дода шавад. Матвиенко ҳамчунин ба мавзӯи ҳамоҳангсозии кор дар соҳаи муҳоҷират дахл кард. “Медонед, дар кишвари мо баробари пайдо шудани мушкилот дар бораи таъсиси вазорати нав пешниҳод мешавад, ки ин на ҳама вақт асоснок аст. Аммо дар масъалаи муҳоҷират чанд вазорату идораҳо ба ин самт машғуланд, ки ҳамоҳангии бештар лозим аст", - гуфт ӯ. Матвиенко аз норасоии кадрҳо дар Русия гуфта, илова намуд, ки дар ҳоли ҳозир кишвар бе муҳоҷирони меҳнатӣ наметавонад. Вай ҳамчунин бастани роҳ барои муҳоҷирон ва дар худинзивоъ қарор додани Русияро номақбул хонд. Ба гуфтаи сенатор, феълан дар ин самт бисёр миёнаравҳо, сохторҳои ғайриқонунӣ, нимҷиноятӣ кор мекунанд, ки дар кишварҳои дигар коргаронро киро карда, ба ин ҷо меоранд ва "росташро гӯям, хуб ғорат мекунанд". Он чизе, ки мо бояд дар ин бобат ба он диққати махсус диҳем, албатта, фасод аст, назорат аз болои иҷрои қонунҳоро низ бояд таҳким бахшид, гуфт сиёсатмадор.
https://sputnik.tj/20240424/ogohinoma-rosobrnadzor-donishgoh-rusiya-sanjishi-donish-1062618854.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/01/0b/1061236447_156:0:2844:2016_1920x0_80_0_0_8923265d2f290c6bc2a41ac5132cbc80.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
матвиенко, русия, муҳоҷирон, меҳнат, бастан, роҳ
матвиенко, русия, муҳоҷирон, меҳнат, бастан, роҳ
Матвиенко аз кор сари қонунгузории муҳоҷират гуфт: Русия бе муҳоҷирон феълан наметавонад
Раиси Шӯрои Федератсия дар шароити феълӣ, ки Русия ба кадрҳо ниёз дорад даст кашидан аз муҳоҷирони меҳнатию бастани роҳ ба онҳоро номатлуб хонд
ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Дар Русия корҳо барои равшану дақиқ кардани қонунгузории муҳоҷират идома доранд, ки дар он сенаторҳо низ ширкат доранд, гуфт раиси Шӯрои Федератсия, Валентина Матвиенко ба РИА "Новости."
"Мо бояд онро бидуни эҳсосот, бо иштироки коршиносон, ҳуқуқшиносон, мутахассисон дар муколама бо шарикони мо аз кишварҳои дӯст коркард кунему дар ҳолати зарурӣ созишномаҳои байнидавлатиро дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ дақиқтар созем", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи раиси Шӯрои федератсия, қонунгузории муҳоҷират албатта бояд такмил дода шавад.
"Пеш аз ҳама, бояд сиёсати возеҳи давлатӣ бошаду муҳоҷират таҳти назорати давлатӣ бошад, ки бояд бигӯям, имрӯз ин тавр нест, ин факт аст", - гуфт сиёсатмадор.
Матвиенко ҳамчунин ба мавзӯи ҳамоҳангсозии кор дар соҳаи муҳоҷират дахл кард.
“Медонед, дар кишвари мо баробари пайдо шудани мушкилот дар бораи таъсиси вазорати нав пешниҳод мешавад, ки ин на ҳама вақт асоснок аст. Аммо дар масъалаи муҳоҷират чанд вазорату идораҳо ба ин самт машғуланд, ки ҳамоҳангии бештар лозим аст", - гуфт ӯ.
Матвиенко аз норасоии кадрҳо дар Русия гуфта, илова намуд, ки дар ҳоли ҳозир кишвар бе муҳоҷирони меҳнатӣ наметавонад.
Вай ҳамчунин бастани роҳ барои муҳоҷирон ва дар худинзивоъ қарор додани Русияро номақбул хонд.
Ба гуфтаи сенатор, феълан дар ин самт бисёр миёнаравҳо, сохторҳои ғайриқонунӣ, нимҷиноятӣ кор мекунанд, ки дар кишварҳои дигар коргаронро киро карда, ба ин ҷо меоранд ва "росташро гӯям, хуб ғорат мекунанд".
Он чизе, ки мо бояд дар ин бобат ба он диққати махсус диҳем, албатта, фасод аст, назорат аз болои иҷрои қонунҳоро низ бояд таҳким бахшид, гуфт сиёсатмадор.