Ба Русия чанд нафар рафтаанду ба Аврупою Амрико чӣ қадар? Омори муҳоҷирати сокинони Суғд

© Sputnik / Илья Питалев / Гузариш ба медиабонкПрибытие поездов из Средней Азии в Москву
Прибытие поездов из Средней Азии в Москву - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.05.2024
Обуна шудан
Масъулони Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд маълум кардаанд, ки 98% -и сокинони минтақа барои муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷа, Русияро ихтиёр кардаанд
ДУШАНБЕ, 29 май – Sputnik. Ҳудуди 250 ҳазор сокини Суғд дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷи кишвар қарор доранд.
Дар ин бора, муовини сардори Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд, Абуҷамил Халилзода ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дода, кишварҳои пазирандаи муҳоҷиронро тоҷикро ном бурд.
“Мо ҳамасола дар ду давр ва барои муайян намудани он, ки сокинони вилоят дар муҳоҷират дар кадом кишварҳо қарор доранд, пурсиш мегузаронем” - афзуд, Халилзода.
Мақомдори Хадамоти муҳоҷират афзуд, бар асоси пурсише, ки ахиран доир шуд, маълум гардидаст, ки ҳоло наздики 250 ҳазор сокини вилоят дар хориҷи кишвар дар муҳоҷирати меҳнатиянд. Манбаъ тавзеҳ дод, ки аз теъдоди умумӣ ҳудуди 190 ҳазор мард ва 60 ҳазор зан мебошанд.
Дар ин радиф маълум шудааст, ки қариби 98%-и сокинон барои муҳоҷират ба Русия рафтаанд.
Выдача первых патентов в Едином миграционном центре Московской области. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.05.2024
“Хадамоти шиноснома ва раводид”-и Русия дар Тоҷикистон боз мешавад: Чӣ суд дорад?
Омори муҳоҷирати сокинони вилояти Суғд ба кишварҳои хориҷ аз ҷумла Русия - беш аз 244 ҳазор нафар ё 97, 6%, Қазоқистон - 1292 нафар, Қирғизистон - 413 нафар, дар Украина 422 нафар ва дар дигар кишварҳои ИДМ 1600 нафарро ташкил медиҳад.
Давлатҳои хориҷи дур аз ҷумла Корея ва Амрико ҳамагӣ қариби 2,2 ҳазор муҳоҷири тоҷикистониро мизбонӣ мекунанд, иттилоъ доданд масъулини Хадамот.
Таъкид шуд, ки пурсиши сотсиологӣ дар бораи муҳоҷирати хориҷии сокинон аз рӯи методҳои пурсиш ва мусоҳиба ва дар шароити хона ба хона баргузор карда шудааст.
Лентаи хабарҳо
0