Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Артиши Русия як тӯпи худгарди M109 “Паладин”-ро дар вилояти Херсон нобуд кард - видео

Обуна шудан
Артиши Русия дар вилояти Херсон як тӯпи худгарди сохти амрикои M109 “Паладин”-ро бо паҳподҳои идорашавандаи "Лантсет" нобуд карданд
Вазорати дифои Русия навори нобудсозии тӯпи худгарди амрикоиро бо кумаки паҳподи идорашавандаи "Лантсет" нашр кард.
Вазорати дифоъ қайд кард, ки дар натиҷаи зарба, тӯпи худгарди сохти амрикоии “Паладин” нобуд карда шуд. Воситаҳои мониторинги объективӣ дар мавқеъи зарба таркишҳоро мушоҳида карданд.
Вазорат гуфт, ки дар ҷараёни як амалиёт дар яке аз навоҳии вилояти Херсон артиши Русия мавқеъи тирандозии тӯпи худгарди “Паладин”-и Қувваҳои Мусаллаҳи Украинаро муайян кардаанд, ки ба мавқеъи артиши Русия тирандозӣ мекард.
Бозгашти 95 сарбози рус аз асорат
Баъди таҳлили ҳаматарафаи маълумотҳои расида қарор кабул карда шуд, ки мавқеъи тирандозӣ нобуд карда шавад.
Ёдовар мешавем, ки 24 феврали соли 2022 Федератсияи Русия дар Украина амалиёти вижаи низомиро оғоз кард.
Песков: Дар Украина ба тамоми чизи русӣ нафрат бармеангезанд
Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол таҳти таҳқиру генотсид аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд." Илова бар ин, вазифаҳои эълоншудаи амалиёти вижаи низомӣ инчунин аз нозизудоӣ ва ғайринизомисозии Украина иборатанд.
Лентаи хабарҳо
0