Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Песков: Дар Украина ба тамоми чизи русӣ нафрат бармеангезанд

© Sputnik / Mikhail Metzel / POOL / Гузариш ба медиабонкДмитрий Песков
Дмитрий Песков - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.07.2024
Обуна шудан
Сухангӯи раисҷумҳури Русия ахиран гуфт, ки ҳукумати феълии Киев ҳиссиёти миллатгароӣ ва нафратро ба ҳама чизи русӣ бармеангезад
ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Имрӯз дар Украина эҳсоси миллатгароӣ ва нафрат нисбат ба ҳама чизи русӣ барангехта мешавад, гуфт сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков дар мусоҳиба бо нашрияи Life.
Шумори сокинони Украина, ки барои музокироти сулҳ бо Русия ҳастанд ба 44% расидааст.
Бар асоси як назарсанҷӣ, ки нашрияи украинии "Зеркало недели" нашр кардааст, 35% бовар надоранд, ки фурсати оғози чунин музокирот расидааст. Ин назарсанҷӣ аз ҷониби хадамоти ҷомеашиносии маркази Киев ба номи Александр Разумков, ки бо фармоиши "Оинаи ҳафта" аз 20 то 28 июн гузаронида шудааст. Дар он 2027 нафар пурсиш шудааст.
“Мардумро фиреб медиҳанд, мағзшӯӣ мекунанд, онҳоро ба ҳар чизе , ки русӣ ҳаст, нафрат бармеангезанд, ва ба паҳншавии ин бактерияҳои нозӣ дар кишвар мусоидат мекунанд, вале ин рақамҳои ҷолиб аст”, - гуфт Песков.
Экипаж истребителя-бомбардировщика Су-34 нанес удар ФАБ-3000 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.07.2024
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Вазорати дифои Русия видеои истифодаи бомбҳои сетоннаро нашр кард
Ёдовар мешавем, ки Русия аз 24 феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомиро анҷом медиҳад.
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин вазифаи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи ниҳоии амалиёти вижа озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.
Кишварҳои ғарбӣ ширкат дар даргириҳо дар Украинаро расман рад мекунанд, аммо ба таъмини нирӯҳои мусаллаҳи Украина ба силоҳ идома медиҳанд.
Лентаи хабарҳо
0