https://sputnik.tj/20240717/bozgashti-95-sarbozi-rus-az-asorat--1063572024.html
Бозгашти 95 сарбози рус аз асорат
Бозгашти 95 сарбози рус аз асорат
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати дифои Русия аз бозгашти 95 сарбози русӣ аз асорати Укриана хабар дод. Дар ҳоли ҳозир онҳо аз қаламрави таҳти контроли Киев ба хоки Русия баргаштанд
2024-07-17T21:05+0500
2024-07-17T21:05+0500
2024-07-17T21:05+0500
дар русия
русия
амалиёти вижа
асорат
бозгашт
украина
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/11/1063572260_0:58:1201:734_1920x0_80_0_0_27ee0f6156e686bd944a1675281ade25.jpg
ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Дар баёнияи Вазорати дифои Русия омадааст, ки ахиран дар натиҷаи музокирот 95 асирони низомии рус аз қаламрави таҳти контроли режими Киев баргаштанд.Вазорати дифои Русия таъкид кардааст, ки дар ҳоли ҳозир, асироне, ки дар хатари марг қарор доштанд, ба хона баргаштанд.Ҳамчунин ҷониби Русия ба мақомоти Киев 95 сарбози украиниро баргардонд.Ҳавопаймоҳои мусофиркаши вазорати дифои Русия сарбозони озодшударо барои табобат ба Маскав таҳвил хоҳанд дод.Акнун ба ҳамаи нафарони ниёз ба кумакҳои тиббӣ ва равонии доранд, дастрас хоҳад буд.Ёдовар мешавем, ки охирин табодули асирон байни Маскаву Киев 25 июни соли равон сурат гирифта буд. Сипас вазорати дифои Русия аз озодии 90 низомӣ хабар дода буд.Қаблан раисиҷумҳури Русия Владимир Путин эълом кард, ки 1348 низомии Русия дар асорати Украина қарор доранд ва дар Русия 6465 низомии нерӯҳои мусаллаҳи Украина асир шудаанд."Ман ба шумо дақиқ гуфта метавонам, ки шумори он нафароне, ки дар ҳарду ҷониб нигоҳ дошта мешаванд, хулоса, сарбозону афсарони мо дар тарафи Украина 1348 нафаранд", - гуфт Путин.Вай афзуд, ки ӯ ин рақамҳоро медонад, чун ҳар рӯз бо онҳо кор мекунад."Мо 6465 сарбози украинӣ дорем" гуфт президент.Ёдовар мешавем, ки 24 феврали соли 2022 Федератсияи Русия дар Украина амалиёти вижаи низомиро оғоз кард.Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол таҳти таҳқиру генотсид аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд." Илова бар ин, вазифаҳои эълоншудаи амалиёти вижаи низомӣ инчунин аз нозизудоӣ ва ғайринизомисозии Украина иборатанд.
https://sputnik.tj/20240716/peskov-ukraina-tamomi-rusi-nafrat-barmeangezand-1063554927.html
русия
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/11/1063572260_73:0:1129:792_1920x0_80_0_0_84c001d84f49061a9b50aa09687ee70c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, артиш, бозгашт, сарбоз, амалиёти вижа, украина, асорат
русия, артиш, бозгашт, сарбоз, амалиёти вижа, украина, асорат
Бозгашти 95 сарбози рус аз асорат
Вазорати дифои Русия аз бозгашти 95 сарбози русиягӣ аз асорати Укриана хабар дод. Дар ҳоли ҳозир онҳо аз қаламрави таҳти контроли Киев ба хоки Русия баргаштанд
ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Дар баёнияи Вазорати дифои Русия омадааст, ки ахиран дар натиҷаи музокирот 95 асирони низомии рус аз қаламрави таҳти контроли режими Киев баргаштанд.
Вазорати дифои Русия таъкид кардааст, ки дар ҳоли ҳозир, асироне, ки дар хатари марг қарор доштанд, ба хона баргаштанд.
Ҳамчунин ҷониби Русия ба мақомоти Киев 95 сарбози украиниро баргардонд.
Ҳавопаймоҳои мусофиркаши вазорати дифои Русия сарбозони озодшударо барои табобат ба Маскав таҳвил хоҳанд дод.
Акнун ба ҳамаи нафарони ниёз ба кумакҳои тиббӣ ва равонии доранд, дастрас хоҳад буд.
Ёдовар мешавем, ки охирин табодули асирон байни Маскаву Киев 25 июни соли равон сурат гирифта буд. Сипас вазорати дифои Русия аз озодии 90 низомӣ хабар дода буд.
Қаблан раисиҷумҳури Русия Владимир Путин эълом кард, ки 1348 низомии Русия дар асорати Украина қарор доранд ва дар Русия 6465 низомии нерӯҳои мусаллаҳи Украина асир шудаанд.
"Ман ба шумо дақиқ гуфта метавонам, ки шумори он нафароне, ки дар ҳарду ҷониб нигоҳ дошта мешаванд, хулоса, сарбозону афсарони мо дар тарафи Украина 1348 нафаранд", - гуфт Путин.
Вай афзуд, ки ӯ ин рақамҳоро медонад, чун ҳар рӯз бо онҳо кор мекунад.
"Мо 6465 сарбози украинӣ дорем" гуфт президент.
Ёдовар мешавем, ки 24 феврали соли 2022 Федератсияи Русия дар Украина амалиёти вижаи низомиро оғоз кард.
Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол таҳти таҳқиру генотсид аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд." Илова бар ин, вазифаҳои эълоншудаи амалиёти вижаи низомӣ инчунин аз нозизудоӣ ва ғайринизомисозии Украина иборатанд.