https://sputnik.tj/20240718/shariki-asosii-tijorii-tojikiston-kist-posukhi-maqomot-1063574722.html
Шарики асосии тиҷории Тоҷикистон кист?: Посухи мақомот
Шарики асосии тиҷории Тоҷикистон кист?: Посухи мақомот
Sputnik Тоҷикистон
Агентии омори назди президенти Тоҷикистон дар бораи афзоиши 14% табодули коло миёни Тоҷикистону Русия хабар додааст
2024-07-18T10:46+0500
2024-07-18T10:46+0500
2024-07-18T10:46+0500
дар тоҷикистон
русия
шарики асосӣ
шарикони иқтисодӣ
тиҷорат
иқтисод
табодули мол
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102438/83/1024388363_0:131:2501:1537_1920x0_80_0_0_2ae2d87852f486114d61085e5c1b3636.jpg
ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Ҳаҷми табодули коло бо Русия дар нимаи аввали соли 2024 дар муқоиса бо дигар кишварҳо афзоиш ёфтааст.Ба иттилои Агентии омори назди президенти Тоҷикистон табодули колои ҷумҳурӣ бо Русия дар ин давра ба 968,5 миллион доллар расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гзашта 14,1% афзоиш ёфтааст.Тибқи гузориши агентӣ, воридот аз Русия дар нимаи аввали соли равон 909,9 млн долларро ташкил дод.Содирот ба Русия 58,6 млн долларро ташкил дод, ки 26,6% тамоми молҳоро дарбар мегирад, ки аз хориҷа ба Точикистон ворид мешуданд.Чин аз рӯи ҳаҷми табодули коло бо Тоҷикистон дар ҷои дуюм қарор гирифтааст – гардиши мол 877,5 млн долларро ташкил дод, ки нисбат ба шаш моҳи соли гузашта 24,6% афзоиш ёфтааст.Қазоқистон дар ҷои севум қарор гирифтааст – табодули колои ин ҷумҳурӣ бо Тоҷикистон дар моҳҳои январ-июни соли равон ба 668,9 млн доллар расид, ки 19,5% афзоиш ёфтааст.Дар байни кишварҳои ИДМ бештар аз ҳама афзоиши гардиши мол дар ним соли аввал бо Арманистон - 4,8 маротиба, 864 ҳазор доллар ва Беларус - 1,8 маротиба, то 84,5 млн доллар ба қайд гирифта шудааст.Миёни кишварҳои хориҷи дур афзоиши шадиди гардиши мол бо Швейтсария ба қайд гирифта шудааст - ҳаҷми муомилоти мол дар нимсолаи аввал 135,2 маротиба афзуда, Швейтсария низ ба содиркунандаи асосии хариди Тоҷикистон табдил ёфт, 29,9% молро аз ин ҷумҳурӣ мехарад.Дар авохири соли гузашта гардиши мол миёни Русия ва Тоҷикистон, ба гуфтаи ҷониби Тоҷикистон, ҳудуди 1,8 млрд долларро ташкил додааст, ки ин арқом таърихӣ аст.
https://sputnik.tj/20240130/tijorat-rusiyau-tojikiston-rekordi-1061478347.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102438/83/1024388363_138:0:2361:1667_1920x0_80_0_0_adf74a16e6e96bbaf7c0b56f3843b91e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоыикистон, русия, шарики асосӣ, тиҷорат, мақромот, посух, иқтисод
тоыикистон, русия, шарики асосӣ, тиҷорат, мақромот, посух, иқтисод
Шарики асосии тиҷории Тоҷикистон кист?: Посухи мақомот
Агентии омори назди президенти Тоҷикистон дар бораи афзоиши 14% табодули коло миёни Тоҷикистону Русия хабар додааст
ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Ҳаҷми табодули коло бо Русия дар нимаи аввали соли 2024 дар муқоиса бо дигар кишварҳо афзоиш ёфтааст.
Ба иттилои Агентии омори назди президенти Тоҷикистон табодули колои ҷумҳурӣ бо Русия дар ин давра ба 968,5 миллион доллар расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гзашта 14,1% афзоиш ёфтааст.
Тибқи гузориши агентӣ, воридот аз Русия дар нимаи аввали соли равон 909,9 млн долларро ташкил дод.
Содирот ба Русия 58,6 млн долларро ташкил дод, ки 26,6% тамоми молҳоро дарбар мегирад, ки аз хориҷа ба Точикистон ворид мешуданд.
Чин аз рӯи ҳаҷми табодули коло бо Тоҷикистон дар ҷои дуюм қарор гирифтааст – гардиши мол 877,5 млн долларро ташкил дод, ки нисбат ба шаш моҳи соли гузашта 24,6% афзоиш ёфтааст.
Қазоқистон дар ҷои севум қарор гирифтааст – табодули колои ин ҷумҳурӣ бо Тоҷикистон дар моҳҳои январ-июни соли равон ба 668,9 млн доллар расид, ки 19,5% афзоиш ёфтааст.
Дар байни кишварҳои ИДМ бештар аз ҳама афзоиши гардиши мол дар ним соли аввал бо Арманистон - 4,8 маротиба, 864 ҳазор доллар ва Беларус - 1,8 маротиба, то 84,5 млн доллар ба қайд гирифта шудааст.
Миёни кишварҳои хориҷи дур афзоиши шадиди гардиши мол бо Швейтсария ба қайд гирифта шудааст - ҳаҷми муомилоти мол дар нимсолаи аввал 135,2 маротиба афзуда, Швейтсария низ ба содиркунандаи асосии хариди Тоҷикистон табдил ёфт, 29,9% молро аз ин ҷумҳурӣ мехарад.
Дар авохири соли гузашта гардиши мол миёни Русия ва Тоҷикистон, ба гуфтаи ҷониби Тоҷикистон, ҳудуди 1,8 млрд долларро ташкил додааст, ки ин арқом таърихӣ аст.