https://sputnik.tj/20240130/tijorat-rusiyau-tojikiston-rekordi-1061478347.html
Тиҷорат миёни Русияву Тоҷикистон рекордӣ шуд: чӣ доданду чӣ гирифтанд?
Тиҷорат миёни Русияву Тоҷикистон рекордӣ шуд: чӣ доданду чӣ гирифтанд?
Sputnik Тоҷикистон
Федератсияи Русия асосан аз Тоҷикистон маҳсулоти ғизоӣ ва ашёи хоми кишоварзӣ, маҳсулоти кимиёвӣ, пахтаву нахи онро харидорӣ кардааст
2024-01-30T19:15+0500
2024-01-30T19:15+0500
2024-01-30T19:15+0500
дар тоҷикистон
русия
тиҷорат
рекорд
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/18/1032336603_0:27:1532:889_1920x0_80_0_0_2eb6898ff30978432e6e1675d6e7de57.jpg
ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Гардиши молии мутақобила миёни Русия ва Тоҷикистон дар соли 2023 рекордшикан шуда, аз 1,7 миллиард доллар гузашт.Дар ин бора дафтари матбуоти намояндагии тиҷоратии Русия дар Душанбе хабар додааст.Ба иттилои манбаъ, тайи ин муддат Русия миёни шарикони иқтисодии хориҷии Тоҷикистон бо саҳми 20,6% мақоми аввалро ишғол кард. Дар ҳамин ҳол, ба иттилои намояндагии тиҷоратӣ, ҳаҷми ашёи хом беш аз 1,3 млн тоннаро ташкил дода, 12,6% афзоиш ёфтааст."Дар сохтори содироти Русия 40,1%-ро маҳсулоти маъданӣ ташкил медиҳад. Ба ғайр аз маҳсулоти нафтӣ, аз Русия ба Тоҷикистон маҳсулоти анъанавӣ ғизо, маҳсулоти кимиёвӣ, чӯбу чӯб, металлҳои сиёҳ, маҳсулоти механикӣ ва техникӣ ва ғайра ворид карда мешаванд",- илова кард манбаъ.Дафтари матбуот ҳамчунин гуфт, ки соли гузашта 71 субъекти Федератсияи Русия бо Тоҷикистон равобити тиҷоратӣ доштаанд. Дар содирот шаҳрҳои Маскаву Санкт-Петербург, Оренбург, Челябинск, вилоятҳои Маскав, Свердловску Самара, кишвари Красноярск, Тотористон ва Бошқирдистон пешсаф буданд."Таъминоти коло ба Федератсияи Русия аз Тоҷикистон дар соли 2023 134,7 миллион долларро ташкил дод, ки 52,7% зиёд ва вазни умумии онҳо 55,9 ҳазор тонна (афзоиш34,2%) аст", - афзудааст манбаъ. Таъкид шудааст, ки Русия маҳсулоти ғизоӣ ва ашёи хоми кишоварзӣ, маҳсулоти кимиёвӣ, пахтаву нахи онро харидорӣ карда, воридкунандагони аслии маҳсулоти Тоҷикистон шаҳрҳои Маскаву Санкт-Петербург, Иваново, вилоятҳои Маскав, Свердловск,Тула ва сарзамини Олтой мебошанд.
https://sputnik.tj/20240118/korshinos-ahamiyat-payvastan-tojikiston-agroekspress-1061328663.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/18/1032336603_116:0:1377:946_1920x0_80_0_0_44309ce0ca32f620909e30c59add0575.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тиҷорат русия тоҷикистон рекордӣ
тиҷорат русия тоҷикистон рекордӣ
Тиҷорат миёни Русияву Тоҷикистон рекордӣ шуд: чӣ доданду чӣ гирифтанд?
Федератсияи Русия асосан аз Тоҷикистон маҳсулоти ғизоӣ ва ашёи хоми кишоварзӣ, маҳсулоти кимиёвӣ, пахтаву нахи онро харидорӣ кардааст
ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Гардиши молии мутақобила миёни Русия ва Тоҷикистон дар соли 2023 рекордшикан шуда, аз 1,7 миллиард доллар гузашт.
Дар ин бора дафтари матбуоти намояндагии тиҷоратии Русия дар Душанбе хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, тайи ин муддат Русия миёни шарикони иқтисодии хориҷии Тоҷикистон бо саҳми 20,6% мақоми аввалро ишғол кард.
"Соли гузашта Русия дар байни шарикони иқтисодии хориҷии Тоҷикистон бо саҳми 20,6% дар ҷои аввал қарор дошт, гардиши мол миёни ду кишвар дар соли 2023 нисбат ба соли 2022 2,7% афзуда, 1млрду 714,9 млн долларро ташкил дод, ки ба баландтарин нишондод дар таърихи тиҷорати каишварҳост", - афзудааст манбаъ.
Дар ҳамин ҳол, ба иттилои намояндагии тиҷоратӣ, ҳаҷми ашёи хом беш аз 1,3 млн тоннаро ташкил дода, 12,6% афзоиш ёфтааст.
"Дар сохтори содироти Русия 40,1%-ро маҳсулоти маъданӣ ташкил медиҳад. Ба ғайр аз маҳсулоти нафтӣ, аз Русия ба Тоҷикистон маҳсулоти анъанавӣ ғизо, маҳсулоти кимиёвӣ, чӯбу чӯб, металлҳои сиёҳ, маҳсулоти механикӣ ва техникӣ ва ғайра ворид карда мешаванд",- илова кард манбаъ.
Дафтари матбуот ҳамчунин гуфт, ки соли гузашта 71 субъекти Федератсияи Русия бо Тоҷикистон равобити тиҷоратӣ доштаанд.
Дар содирот шаҳрҳои Маскаву Санкт-Петербург, Оренбург, Челябинск, вилоятҳои Маскав, Свердловску Самара, кишвари Красноярск, Тотористон ва Бошқирдистон пешсаф буданд.
"Таъминоти коло ба Федератсияи Русия аз Тоҷикистон дар соли 2023 134,7 миллион долларро ташкил дод, ки 52,7% зиёд ва вазни умумии онҳо 55,9 ҳазор тонна (афзоиш34,2%) аст", - афзудааст манбаъ.
Таъкид шудааст, ки Русия маҳсулоти ғизоӣ ва ашёи хоми кишоварзӣ, маҳсулоти кимиёвӣ, пахтаву нахи онро харидорӣ карда, воридкунандагони аслии маҳсулоти Тоҷикистон шаҳрҳои Маскаву Санкт-Петербург, Иваново, вилоятҳои Маскав, Свердловск,Тула ва сарзамини Олтой мебошанд.