Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Вазорати дифои Русия видеои истифодаи бомбҳои сетоннаро нашр кард

Обуна шудан
Вазорати дифои Русия ахиран хабар дод, ки ҷангандаи Су-34 нерӯҳои кайҳонӣ мавқеъи нерӯҳои Украинаро бо бомбҳои ФАБ-3000 нобуд карданд
Вазорати дифои Русия видеои истифодаи бомби ФАБ-3000 дар вилояти Харковро нашр кард.
"Ҷангандаи бомбандози Су-34 ба мавқеи ҷойгиршавии муваққатии Қувваҳои Мусаллаҳи Украина дар минтақаи масъулияти гурӯҳи нерӯҳои "Шимол" зарба бо бомби ФАБ-3000 бо модули идорашавандаро анҷом дод”, - қайд кардааст вазорат.
Вазорати дифои Русия қаблан видеои тахриби мушакандози HIMARS-ро, ки нерӯҳои мусаллаҳи Украина истифода мекунанд, нашр карда буд.
Медведев гуфт чӣ гуна роҳи Украина ба НАТО поён ёбад
Ҳамчунин вазорати дифоъ хабар дод, ки шаби гузашта падофандҳои ҳавоии Русия 22 паҳподи низомии артиши Украинаро дар се минтақаи Русия нобуд карданд.
"Шаби гузашта, режими Киев қасди анҷом додани ҳамлаҳои террористӣ бо истифода аз ҳавопаймоҳои бесарнишинро дар қаламрави Русияро дошт. Падофандҳои ҳавоии Русия 22 адад ҳавопаймои бесарнишинро нобуд карданд.", - иттилоъ додааст вазорат.
Иштиҳои Зеленский зиёд шуд: Акнун ба ӯ 128 ҷангандаи F-16 лозим шуд
15 ҳавопаймои бесарнишин дар болои вилояти Брянск, шаш адад дар Қрим ва як паҳподи низомӣ дар вилояти Липетск нобуд карда шуд.
Бояд қайд кард, ки минтақаҳои марзӣ ва марказии Русия тақрибан ҳамарӯза зери ҳамлаи нерӯҳои мусаллаҳи Украина қарор мегиранд.
Лентаи хабарҳо
0