https://sputnik.tj/20240711/medvedev-guft-chi-guna-rohi-ukriana-ba-nato-poyon-yobad-1063485111.html
Медведев гуфт чӣ гуна роҳи Украина ба НАТО поён ёбад
Медведев гуфт чӣ гуна роҳи Украина ба НАТО поён ёбад
Sputnik Тоҷикистон
Муовини раиси Шӯрои амнияти Русия ахиран гуфт, ки роҳи Киев ба сӯи НАТО бояд бо аз байн рафтани Украина ё паймон атлантики шимолӣ хотима ёбад
2024-07-11T16:59+0500
2024-07-11T16:59+0500
2024-07-11T19:24+0500
русия
дар русия
нато
узвият
дмитрий медведев
украина
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/04/06/1062367842_0:58:3015:1754_1920x0_80_0_0_8ba2d41732f83cf218f18ed6d94452b1.jpg
ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Муовини раиси Шӯрои амнияти Русия Дмитрий Медведев дар саҳифи “Телеграмм”-и худ навиштааст, ки Русия бояд тамоми корро анҷом диҳад, то роҳи Киев ба сӯи НАТО ё бо аз байн рафтани Украина ё худи паймони Атлантикаи Шимолӣ хотима ёбад.Медведев дар паёми ахири худ аз эъломияи ахири НАТО иқтибос овардааст, ки дар он кишварҳои узви ин НАТО ваъда додаанд Украинаро дар ҳамгироии комил ба ин Созмон пуштибонӣ мекунанд."Мо бояд ҳама корро кунем, то "роҳи бебозгашт"-и Украина ба сӯи НАТО ё бо аз байн рафтани Украина ё НАТО ё беҳтараш ҳарду, сурат бигирад", - навиштааст Медведев дар шарҳи изҳороти паймон.Ёдовар мешавем, ки чанде пеш раисҷумҳури Лаҳистон Анджей Дуда изҳор дошт, ки Украина наметавонад узви комилҳуқуқи НАТО шавад, дар ҳоле ки муноқишаи низомӣ дар Украина идома дорад."Дуда тасдиқ кард, ки "Украина наметавонад узви НАТО шавад", то муноқишааш бо Русия хотима наёфтааст, - навиштааст нашрияи Washington Times.Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи сиёсатмадор, Украина бояд “ҳарчи зудтар” бояд узви комилҳуқуқи НАТО пазируфта шавад.Нишасти НАТО аз 9 то 11 июл дар Вашингтон баргузор мешавад.Дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг изҳор дошт, ки бастаи нави кӯмак ба Украина, ки қарор аст дар Вошингтон тасвиб шавад ва инчунин мутобиқати бештари артиши Украина бо стандартҳои паймон ба Киев ҳамчун як пуле барои узвият дар НАТО хоҳад буд.
https://sputnik.tj/20240617/pushilin-sulh-ukraina-rusiya-lozim-nest-1063241602.html
русия
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/04/06/1062367842_143:0:2874:2048_1920x0_80_0_0_98e04444ddd75529521966154f14ed79.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, украина, амалиёти вижа, нато, узвият, медведев
русия, украина, амалиёти вижа, нато, узвият, медведев
Медведев гуфт чӣ гуна роҳи Украина ба НАТО поён ёбад
16:59 11.07.2024 (Навсозишуда: 19:24 11.07.2024) Муовини раиси Шӯрои амнияти Русия ахиран гуфт, ки роҳи Киев ба сӯи НАТО бояд бо аз байн рафтани Украина ё паймони Атлантикаи Шимолӣ хотима ёбад
ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Муовини раиси Шӯрои амнияти Русия Дмитрий Медведев дар саҳифи “Телеграмм”-и худ навиштааст, ки Русия бояд тамоми корро анҷом диҳад, то роҳи Киев ба сӯи НАТО ё бо аз байн рафтани Украина ё худи паймони Атлантикаи Шимолӣ хотима ёбад.
Медведев дар паёми ахири худ аз эъломияи ахири НАТО иқтибос овардааст, ки дар он кишварҳои узви ин НАТО ваъда додаанд Украинаро дар ҳамгироии комил ба ин Созмон пуштибонӣ мекунанд.
"Мо бояд ҳама корро кунем, то "роҳи бебозгашт"-и Украина ба сӯи НАТО ё бо аз байн рафтани Украина ё НАТО ё беҳтараш ҳарду, сурат бигирад", - навиштааст Медведев дар шарҳи изҳороти паймон.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш раисҷумҳури Лаҳистон Анджей Дуда изҳор дошт, ки Украина наметавонад узви комилҳуқуқи НАТО шавад, дар ҳоле ки муноқишаи низомӣ дар Украина идома дорад.
"Дуда тасдиқ кард, ки "Украина наметавонад узви НАТО шавад", то муноқишааш бо Русия хотима наёфтааст, - навиштааст нашрияи
Washington Times.
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи сиёсатмадор, Украина бояд “ҳарчи зудтар” бояд узви комилҳуқуқи НАТО пазируфта шавад.
Нишасти НАТО аз 9 то 11 июл дар Вашингтон баргузор мешавад.
Дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг изҳор дошт, ки бастаи нави кӯмак ба Украина, ки қарор аст дар Вошингтон тасвиб шавад ва инчунин мутобиқати бештари артиши Украина бо стандартҳои паймон ба Киев ҳамчун як пуле барои узвият дар НАТО хоҳад буд.