Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Иштиҳои Зеленский зиёд шуд: Акнун ба ӯ 128 ҷангандаи F-16 лозим шуд

© Фото : wikimedia.org / Гузариш ба медиабонкИстребитель F-16. Архивное фото
Истребитель F-16. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.07.2024
Обуна шудан
Владимир Зеленский ахиран эълон кард, ки Украина аз кишварҳои Ғарб бояд 128 ҳавопаймои ҷангии F-16 дастрасӣ намояд
ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Владимир Зеленский, раҳбари Украина дар рӯзи аввали нишасти НАТО дар ИМА гуфт, ки дар ихтиёри Украина супурдани ҷангандаҳои амрикоии F-16 кофӣ нахоҳад буд.
Вай таъкид кард, ки Киев ба бештар аз сад чунин ҷанганда ниёз дорад.
Зеленский зимни суханронӣ дар маркази Роналд Рейган дар Вашингтон гуфт: “Мушкилот дар F-16 аз шумор ва вақти супурдани онҳо ба мо вобаста аст... Мо дар бораи 10-20 ҷанганда тавофуқ кардем, ҳатто агар 50 ҷангада дошта бошем ҳам, ин кофӣ нест".
Владимир Зеленский аз кишварҳои Ғарб 128 ҷанганда дархост кард.
Ёдовар мешавем, ки қаблан вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров дар мусоҳиба бо РИА Новости гуфт, ки Русия интиқоли ҳавопаймоҳои ҷангии F-16 ба Украинаро як амали қасдии НАТО дар бахши ҳастаӣ арзёбӣ мекунад ва ҳавопаймоҳо мисли дигар аслиҳаи артиши Украина нобуд карда мешаванд.
Боевая работа Су-35С
 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.06.2024
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Ҳавопаймои Су-35S бомбаандозро дар минтақаи амалиёти вижа ҳамроҳӣ мекард: видео
Вазири рус қайд карда буд, ки ҳузури ҷангандаҳои сохти амрикоӣ дар майдони ҷанг ба ҳеҷ ваҷҳ вазъро тағйир намедиҳад.
Русия барон аст, ки интиқоли силоҳ ба Украина ба ҳалли низоъ дар ин кишвар мусоидат намекунад ва кишварҳои НАТО-ро мустақиман ба муноқиша ворид месозад.
Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қайд кард, ки ҳар силоҳе, ки барои Украина ворид мешавад, ҳадафи қонунии Русия хоҳад буд.
Ба гуфтаи вай, Амрико ва НАТО бевосита дар низоъ, аз ҷумла на танҳо бо роҳи таъмини силоҳ, балки бо омода кардани кадрҳо дар Бритониё, Олмон, Италия ва дигар кишварҳо иштирок доранд.
Лентаи хабарҳо
0