https://sputnik.tj/20240710/rasulzoda-mishustin-taboduli-kolo-beshtar-boshad-1063466633.html
Расулзода ва Мишустин: табодули коло дар сатҳи зарурӣ нест, метавонад бештар бошад
Расулзода ва Мишустин: табодули коло дар сатҳи зарурӣ нест, метавонад бештар бошад
Sputnik Тоҷикистон
Сарвазири Тоҷикистон дар мулоқот бо ҳамтои русаш дар Екатеринбурги Русия масъалаи афзоиши табодули коло миёни ду кишварро баррасӣ кард
2024-07-10T09:34+0500
2024-07-10T09:34+0500
2024-07-10T11:20+0500
дар тоҷикистон
русия
ҳамкорӣ
табодули мол
иқтисод
қоҳир расулзода
михаил мишустин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/0a/1063466466_0:52:1280:772_1920x0_80_0_0_bf484042fc9edc9e286493857f0f986e.jpg
ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва нахуствазири Русия зимни мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкории байниҳукуматӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, саноат, кишоварзӣ ва фарҳангу иҷтимоӣ мавриди баррасӣ карданд.Ҷонибҳо муҳимияти ҳамкории байни минтақаҳои Тоҷикистон ва Русияро таъкид намуда, барои густариши робитаҳои байни минтақаҳои ду давлат изҳори омодагӣ намуданд.Сарвазири Тоҷикистон дар ин мулоқот қайд кард, ки Русия ва Тоҷикистон имкони зиёд барои афзоиши гардиши мол доранд.Расулзода қайд кард, ки муносибатҳои Русия ва Тоҷикистон босуръат рушд мекунанд.Ин дар ҳолест, ки сарвазири Русия Михаил Мишустин зимни дидор таъкид кард, ки гардиши мол миёни Русия ва Тоҷикистон 11,5% афзоиш ёфтааст,Сарвазири Русия ҳам қайд кард, ки ин афзоиш дар сатҳи кофӣ нест.Вай таъкид кард, ки ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии Русия ва Тоҷикистон бо суръати хуб рушд доранд, аммо суръати афзоиши гардиши мол метавонад аз ин ҳам беш бошад.У қайд кард, ки Русия ба ҳамкории амалӣ барои пешбурди лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои гуногун - саноат, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, сайёҳӣ таваҷҷӯҳи аввалиндараҷа медиҳад.Ёдовар мешавем, ки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷиҳати иштирок дар Намоишгоҳи 14-уми байналмилалии саноатии "Innoprom", ки то 11 июл идома меёбад, дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия қарор дорад.Дар намоишгоҳ Гӯшаи миллии саноатии Тоҷикистон ташкил гардида, дар он дастовардҳои саноатӣ ва технологияҳои инноватсионӣ, аз ҷумла соҳаи кишоварзӣ, нассоҷӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва қаннодии беш аз 50 корхонаи пешқадами ватанӣ ба намоиш гузошта шудаанд.Дар намоишгоҳ инчунин маҳсулот ва технологияҳое муаррифӣ мешаванд, ки ба стандартҳои байналмилалӣ ва талаботи бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир ва ҷавобгӯ буда, бо сифати баланд ва аз лиҳози экологӣ тоза аллакай эътирофи байналмилалӣ пайдо кардаанд.
https://sputnik.tj/20240709/tojikiston-tasis-poygoh-loiha-tijori-shsh-pushtiboni-1063462030.html
https://sputnik.tj/20240709/innoprom-hamkori-sanoat-iiao-taqviyat-1063457649.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/0a/1063466466_91:0:1190:824_1920x0_80_0_0_0c315aa5a4925747c6ed6640ef679d3c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, русия, расулзода, мишустин, ҳамкорӣ, иқтисод, афзоиш, табодули коло
тоҷикистон, русия, расулзода, мишустин, ҳамкорӣ, иқтисод, афзоиш, табодули коло
Расулзода ва Мишустин: табодули коло дар сатҳи зарурӣ нест, метавонад бештар бошад
09:34 10.07.2024 (Навсозишуда: 11:20 10.07.2024) Сарвазири Тоҷикистон дар мулоқот бо ҳамтои русаш дар Екатеринбурги Русия масъалаи афзоиши табодули коло миёни ду кишварро баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва нахуствазири Русия зимни мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкории байниҳукуматӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, саноат, кишоварзӣ ва фарҳангу иҷтимоӣ мавриди баррасӣ карданд.
Ҷонибҳо муҳимияти ҳамкории байни минтақаҳои Тоҷикистон ва Русияро таъкид намуда, барои густариши робитаҳои байни минтақаҳои ду давлат изҳори омодагӣ намуданд.
Сарвазири Тоҷикистон дар ин мулоқот қайд кард, ки Русия ва Тоҷикистон имкони зиёд барои афзоиши гардиши мол доранд.
"Бархе масъалаҳое ҳастанд, ки мехостам бо шумо имрӯз баррасӣ кунам. Шумо дуруст қайд кардед, ки гардиши мол миёни кишварҳои мо 10% афзоиш ёфт. Фикр мекунам, имсол боз ҳам афзоиш хоҳад ёфт. Аммо ин, албатта, кифоя нест. Мо имкониятҳои зиёд барои афзоиши гардиши мол дорем”, - гуфт Расулзода.
Расулзода қайд кард, ки муносибатҳои Русия ва Тоҷикистон босуръат рушд мекунанд.
Ин дар ҳолест, ки сарвазири Русия Михаил Мишустин зимни дидор таъкид кард, ки гардиши мол миёни Русия ва Тоҷикистон 11,5% афзоиш ёфтааст,
Сарвазири Русия ҳам қайд кард, ки ин афзоиш дар сатҳи кофӣ нест.
Вай таъкид кард, ки ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии Русия ва Тоҷикистон бо суръати хуб рушд доранд, аммо суръати афзоиши гардиши мол метавонад аз ин ҳам беш бошад.
"Хамкории тичоратию иктисодии мо бо суръати хуб инкишоф ёфта истодааст. Аммо ман боварӣ дорам, ки ин шояд барои лоиҳаҳо ва имкониятҳои кишварҳои мо кофӣ набошад”, гуфт Мишустин.
У қайд кард, ки Русия ба ҳамкории амалӣ барои пешбурди лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои гуногун - саноат, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, сайёҳӣ таваҷҷӯҳи аввалиндараҷа медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷиҳати иштирок дар Намоишгоҳи 14-уми байналмилалии саноатии "Innoprom", ки то 11 июл идома меёбад, дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия қарор дорад.
Дар намоишгоҳ Гӯшаи миллии саноатии Тоҷикистон ташкил гардида, дар он дастовардҳои саноатӣ ва технологияҳои инноватсионӣ, аз ҷумла соҳаи кишоварзӣ, нассоҷӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва қаннодии беш аз 50 корхонаи пешқадами ватанӣ ба намоиш гузошта шудаанд.
Дар намоишгоҳ инчунин маҳсулот ва технологияҳое муаррифӣ мешаванд, ки ба стандартҳои байналмилалӣ ва талаботи бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир ва ҷавобгӯ буда, бо сифати баланд ва аз лиҳози экологӣ тоза аллакай эътирофи байналмилалӣ пайдо кардаанд.