https://sputnik.tj/20240709/tojikiston-tasis-poygoh-loiha-tijori-shsh-pushtiboni-1063462030.html
Тоҷикистон аз таъсиси пойгоҳи лоиҳаҳои тиҷории СҲШ пуштибонӣ кард
Тоҷикистон аз таъсиси пойгоҳи лоиҳаҳои тиҷории СҲШ пуштибонӣ кард
Sputnik Тоҷикистон
Вазири саноати Тоҷикистон мегӯяд, ки таъсиси чунин пойгоҳ бояд пеш аз баррасии таҳияи воситаҳои муштараки молиявӣ ва механизмҳои суғурта дар СҲШ сурат бигирад
2024-07-09T17:11+0500
2024-07-09T17:11+0500
2024-07-15T13:20+0500
дар тоҷикистон
сҳш
шералӣ кабир
лоиҳа
пуштибонӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/09/1063463078_573:464:1938:1232_1920x0_80_0_0_4f9901ca8beb12d59d10f054e96f21b3.jpg
ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Тоҷикистон аз ташаббуси зуд таъсис додани пойгоҳи тиҷории кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) пуштибонӣ мекунад.Дар ин бора Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии саноатии "Иннопром", ки дар Екатеринбург ҷараён дорад, изҳор дошт."Мо тарафдори он ҳастем, ки масъалаи пойгоҳи лоиҳаҳои саноатӣ ҳарчи зудтар баррасӣ шавад. Нахуст барои мо таъсиси ин пойгоҳ муҳим мебошад. Ин ба мо имкон медиҳад равобити коопертсионии худро дар доираи СҲШ таҳким бахшем ва роҳҳои нави ҳалли оптималиро пайдо кунем”, - гуфт ӯ дар ҷаласаи “Горизонт - 2035: Созмони Ҳамкориҳои Шанхай – меҳвари иқтисоди ҷаҳонӣ”.Вазир қайд кард, ки таъсиси чунин пойгоҳо бояд пеш аз баррасии таҳияи воситаҳои муштараки молиявӣ ва механизмҳои суғурта дар СҲШ сурат бигирад.Ҳайати ҳукуматии Тоҷикистон таҳти раҳбарии Қоҳир Расулзода барои ширкат дар чорабиниҳои мазкур рӯзи 7 июл вориди Екатеринбург шуд. Иштироки сарвазир дар ҷаласаи стратегии намоишгоҳ низ дар назар аст. Дар СҲШ 10 кишвар узви комилҳуқуқ ва беш аз 10 кишвар шарикони муколама мебошанд.Рӯзҳои 8-11 июл дар Екатеринбург Намоишгоҳи байналмилалии саноатии "Иннопром" ҷараён дорад. Ин яке аз бузургтарин намоишгоҳҳои саноатӣ дар Русия ва ИИАО буда, аз соли 2010 ҳамасола дар Екатеринбург баргузор мешавад.Истисно соли 2020 буд, вақте ки намоишгоҳ бо сабаби пандемияи COVID-19 лағв карда шуд. Намоишгоҳро ҳукумати вилояти Свердловск, Вазорати саноат ва савдои Русия ташкил кардаанд.
https://sputnik.tj/20240707/pandemiya-shsh-qomat-rost-mekunad-1063443687.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/09/1063463078_0:0:2048:1536_1920x0_80_0_0_9f7bf16a213af2a5d2516056a6b8b671.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сҳш, тоҷикистон, ҳамкорӣ, иқтисод, саноат, лоиҳа, пуштибонӣ, шералӣ кабир
сҳш, тоҷикистон, ҳамкорӣ, иқтисод, саноат, лоиҳа, пуштибонӣ, шералӣ кабир
Тоҷикистон аз таъсиси пойгоҳи лоиҳаҳои тиҷории СҲШ пуштибонӣ кард
17:11 09.07.2024 (Навсозишуда: 13:20 15.07.2024) Вазири саноати Тоҷикистон мегӯяд, ки таъсиси чунин пойгоҳ бояд пеш аз баррасии таҳияи воситаҳои муштараки молиявӣ ва механизмҳои суғурта дар СҲШ сурат бигирад
ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Тоҷикистон аз ташаббуси зуд таъсис додани пойгоҳи тиҷории кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) пуштибонӣ мекунад.
Дар ин бора Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии саноатии "Иннопром", ки дар Екатеринбург ҷараён дорад, изҳор дошт.
"Мо тарафдори он ҳастем, ки масъалаи пойгоҳи лоиҳаҳои саноатӣ ҳарчи зудтар баррасӣ шавад. Нахуст барои мо таъсиси ин пойгоҳ муҳим мебошад. Ин ба мо имкон медиҳад равобити коопертсионии худро дар доираи СҲШ таҳким бахшем ва роҳҳои нави ҳалли оптималиро пайдо кунем”, - гуфт ӯ дар ҷаласаи “Горизонт - 2035: Созмони Ҳамкориҳои Шанхай – меҳвари иқтисоди ҷаҳонӣ”.
Вазир қайд кард, ки таъсиси чунин пойгоҳо бояд пеш аз баррасии таҳияи воситаҳои муштараки молиявӣ ва механизмҳои суғурта дар СҲШ сурат бигирад.
Ҳайати ҳукуматии Тоҷикистон таҳти раҳбарии Қоҳир Расулзода барои ширкат дар чорабиниҳои мазкур рӯзи 7 июл вориди Екатеринбург шуд. Иштироки сарвазир дар ҷаласаи стратегии намоишгоҳ низ дар назар аст. Дар СҲШ 10 кишвар узви комилҳуқуқ ва беш аз 10 кишвар шарикони муколама мебошанд.
Рӯзҳои 8-11 июл дар Екатеринбург Намоишгоҳи байналмилалии саноатии "Иннопром" ҷараён дорад. Ин яке аз бузургтарин намоишгоҳҳои саноатӣ дар Русия ва ИИАО буда, аз соли 2010 ҳамасола дар Екатеринбург баргузор мешавад.
Истисно соли 2020 буд, вақте ки намоишгоҳ бо сабаби пандемияи COVID-19 лағв карда шуд. Намоишгоҳро ҳукумати вилояти Свердловск, Вазорати саноат ва савдои Русия ташкил кардаанд.