"Иннопром-2024" ҳамкориҳои саноатии кишварҳои ИИАО-ро тақвият медиҳад

© Sputnik / Кирилл Зыков / Гузариш ба медиабонкМеждународная промышленная выставка "Иннопром"-2024
Международная промышленная выставка Иннопром-2024 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.07.2024
Обуна шудан
Дар доираи форуми саноатӣ барномаи васеъи дидору музокиротҳо бо шарикони кишварҳои ИИАО пешбинӣ шудааст
ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Яке аз ҳадафҳои "Иннопром-2024" тақвият додани ҳамкориҳои саноатӣ дар ИИАО мебошад.
Дар ин бора вазири саноати Белорус Александр Ефимов таъкид кардааст.
"Мо интизор дорем, ки механизмҳои татбиқи лоиҳаҳои оперативии ҳамгироӣ дар фазои иқтисодии АвруОсиё таҳия карда мешаванд, бо ин мақсад мулоқот бо вазири саноати Комиссия иқтисодии АвруОсиё дар назар аст", - қайд кард ӯ.
Ба гуфтаи вай, дар чаҳорчӯби форуми саноатӣ ҳам бо шарикон дар ИИАО ва Кишвари иттиҳод ва ҳам бо як қатор кишварҳои дӯст, аз ҷумла Куба ва Амороти Муттаҳидаи Араб барномаи густурдаи мулоқоту музокироти корӣ пешбинӣ шудааст.
На Международной промышленной выставке Иннопром-2022. Центральная Азия в Ташкенте. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2024
Тоҷикистон дар бузургтарин намоишгоҳҳои байнулмилалӣ дар Русия ва ИИАО ширкат мекунад
"Мо масоили амиқтар кардани лоиҳаҳои ҳамгироӣ ва ҳамкорӣ, эътирофи мутақобилаи амалиёти технологӣ ва татбиқи лоиҳаҳои навро баррасӣ хоҳем кард", - хулоса кард вазири саноати Белорус.
Ёдовар мешавем, ки аз 8 то 11 июл дар Екатеринбург намоишгоҳи байналмилалии саноатии “Иннопром-2024” ҷараён дорад.
Чорабинӣ аз соли 2010 ҳамасола баргузор мешавад. Соли 2023 дар он 35 кишвари хориҷӣ, аз ҷумла вазирони дахлдори 10 кишвар ширкат доштанд.
Соли 2024 мавзӯи асосии форум "Шарикии технологӣ: ташаккули симои оянда" мебошад.
Лентаи хабарҳо
0