https://sputnik.tj/20240710/afgoniston-tojikistonro-rohi-ohan-mepayvandad-1063464398.html
Афғонистону Тоҷикистонро роҳи оҳан мепайвандад?
Афғонистону Тоҷикистонро роҳи оҳан мепайвандад?
Sputnik Тоҷикистон
Тибқи нақшаи пешбинишуда 30 километри аввалини роҳи оҳан аз марзи Афғонистон то вилояти Шеберғон ва Мазори-Шариф сохта мешавад
2024-07-10T11:59+0500
2024-07-10T11:59+0500
2024-07-10T11:59+0500
дар тоҷикистон
роҳи оҳан
афғонистон
осиёи марказӣ
нақлиёт
сохтмон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102868/26/1028682681_0:377:2047:1528_1920x0_80_0_0_d23d935e06de166df0efbfe44c1ea25a.jpg
ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Афгонистон ба барқарор намудани роҳи оҳани Акина — Андхой шуруъ кард.Дар ин бора расонаҳои маҳаллӣ дар истинод ба ҷаласае, ки таҳти раёсати сарпарасти сарвазири толибҳо* Муҳаммадҳасан Охунд сурат гирифт, хабар доданд.Қайд карда мешавад, ки тамоми маҷлис ба ҳамин мавзуъ бахшида шуда буд. Дар ин ҷаласа масъулон барои омӯзиши масъалаи хариди замин комиссия таъйин карданд.Тибқи нақшаи пешбинишуда 30 километри қитъаи 1-уми роҳи оҳани Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистон аз ҳамин қитъаи замин хоҳад гузашт.Акина - Андхой аслан як қитъаи роҳи оҳани Туркманистон - Афғонистон - Тоҷикистон аст, ки дар оянда то минтақаи Шеберғон ва Мазори Шариф тӯл хоҳад кашид.Имруз Толибон* ният доранд, аз он истифода баранд ва Афғонистон ба бандари Туркманбошии соҳили баҳри Каспий роҳ ёбад.Афғонистон дар бораи анҷоми сохтмони қитъаи роҳи оҳани Акина-Андхой ҳанӯз соли 2022 хабар дода буд, аммо дар айни замон он барои истифода нест.Ёдовар мешавем, ки дар Осиёи Марказӣ сохтмони роҳи оҳани Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистон идома дорад.Ҳамчунин аз шаҳри Акинаи вилояти Форёби Қазоқистон то шаҳри Торганди вилояти Ҳироти Афғонистон корҳо идома доранд.Ёддошти тафоҳум дар бораи иҷрои тарҳи ТАТ дар баҳори соли 2013 аз ҷониби руасои ҷумҳури Тоҷикистон, Туркманистон ва Афғонистон ба имзо расида буд.Марҳилаи аввали роҳи оҳани Отамират – Имомназар (Туркманистон) – Акина (Афғонистон) охири соли 2016 ба истифода дода шуд.Аммо иҷрои ин тарҳ ба далели авзоъ дар Афғонистон мутаваққиф шуд.* - гурӯҳ барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримоти СММ қарор дорад.
https://sputnik.tj/20240708/tolibon-uzbekiston-sarmoyaguzori-istikhroj-maodin-afghoniston-1063452581.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102868/26/1028682681_0:185:2047:1720_1920x0_80_0_0_96738c13f860f45a6a4fca382250d601.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, афғонистон, туркманистон, роҳи оҳан, сохтмон, шеберғон, мазори-шариф
тоҷикистон, афғонистон, туркманистон, роҳи оҳан, сохтмон, шеберғон, мазори-шариф
Афғонистону Тоҷикистонро роҳи оҳан мепайвандад?
Тибқи нақшаи пешбинишуда 30 километри аввалини роҳи оҳан аз марзи Афғонистон то вилояти Шеберғон ва Мазори-Шариф сохта мешавад
ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Афгонистон ба барқарор намудани роҳи оҳани Акина — Андхой шуруъ кард.
Дар ин бора расонаҳои маҳаллӣ дар истинод ба ҷаласае, ки таҳти раёсати сарпарасти сарвазири толибҳо* Муҳаммадҳасан Охунд сурат гирифт, хабар доданд.
Қайд карда мешавад, ки тамоми маҷлис ба ҳамин мавзуъ бахшида шуда буд. Дар ин ҷаласа масъулон барои омӯзиши масъалаи хариди замин комиссия таъйин карданд.
Тибқи нақшаи пешбинишуда 30 километри қитъаи 1-уми роҳи оҳани Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистон аз ҳамин қитъаи замин хоҳад гузашт.
Акина - Андхой аслан як қитъаи роҳи оҳани Туркманистон - Афғонистон - Тоҷикистон аст, ки дар оянда то минтақаи Шеберғон ва Мазори Шариф тӯл хоҳад кашид.
Имруз Толибон* ният доранд, аз он истифода баранд ва Афғонистон ба бандари Туркманбошии соҳили баҳри Каспий роҳ ёбад.
Афғонистон дар бораи анҷоми сохтмони қитъаи роҳи оҳани Акина-Андхой ҳанӯз соли 2022 хабар дода буд, аммо дар айни замон он барои истифода нест.
Ёдовар мешавем, ки дар Осиёи Марказӣ сохтмони роҳи оҳани Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистон идома дорад.
Ҳамчунин аз шаҳри Акинаи вилояти Форёби Қазоқистон то шаҳри Торганди вилояти Ҳироти Афғонистон корҳо идома доранд.
Ёддошти тафоҳум дар бораи иҷрои тарҳи ТАТ дар баҳори соли 2013 аз ҷониби руасои ҷумҳури Тоҷикистон, Туркманистон ва Афғонистон ба имзо расида буд.
Марҳилаи аввали роҳи оҳани Отамират – Имомназар (Туркманистон) – Акина (Афғонистон) охири соли 2016 ба истифода дода шуд.
Аммо иҷрои ин тарҳ ба далели авзоъ дар Афғонистон мутаваққиф шуд.
* - гурӯҳ барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримоти СММ қарор дорад.