Идомаи уфти қурби рублу гаронии доллару евро: қурби асъор дар Тоҷикистон

© Sputnik / Владимир ТрефиловДенежные купюры и монеты.
Денежные купюры и монеты. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.07.2024
Обуна шудан
Дар бозори арзи Тоҷикистон қурби рубли русӣ дар баробари пули миллӣ - сомонӣ устувории худро тадриҷан аз даст медиҳад
ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомонӣ дар баробари арзҳои мухталифи ҷаҳонро эълом кард.
Ҳамин тариқ, нархи рубли русӣ дар бозори ҷумҳуриявӣ ҳафтаро бо коҳишёбӣ оғоз карда, ҳамакнун барои 1000 рубл 120,4 сомонӣ медиҳанд.
Ин нишондиҳанда нисбат ба қабл аз рӯзҳои истироҳатӣ 0,4 сомонӣ камтар аст.
Қурби доллар тамоюли болоравиро нишон медиҳад. Ҳамин тавр, ду рӯз пеш як долларро метавон ба 10,6580 сомонӣ ва ҳоло 10,6751 сомонӣ харид.
Тибқи нишондоди Бонки миллӣ, евро низ дар бозори арзи кишвар майли гаронӣ дорад..
Ҳоло дар Тоҷикистон онро бо қимати 11.5547 сомонӣ харидан мумкин аст. Ин дарҳолест, ки охири ҳафтаи қаблӣ он 11.5106 сомонӣ қимат дошт.
БМТ ҳамчунин нархи миёнаи харидуфурӯши пулҳои хориҷиро дар ташкилотҳои қарзии кишвар ироа намудаст.
Ба иттилои ин ниҳод, 1 доллари ИМА аз 10.6751 то 10.7000, як евро 11.5547 сомонӣ то 11.6000 сомонӣ ва 1000 рубли русӣ аз120,4 то 0.121,5 сомонӣ харидуфурӯш мешавад.
Заглушка к инфографике - Прогноз по курсу доллара в странах ЕАЭС и Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.03.2024
Пешгӯии қурби доллар дар кишварҳои ИИАО ва Тоҷикистон
Рубл дар Тоҷикистон яке аз сертаваҷҷуҳтарин асъор ба шумор меравад ва қимати он ба пул дар кисаи аҳолии кишвар таъсири бевосита дорад.
Аз ҷумла садҳо ҳазор тоҷикистонӣ дар Русия кор мекунанд ва маблағро бо рубл мегиранду ба Ватан мефиристанд, аммо хонаводаҳояшон вобаста ба қурб онро бо сомонӣ мегиранд.
Дар ҳамин ҳол БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.
Таъкид шудааст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад.
Лентаи хабарҳо
0