Пешгӯии қурби доллар дар кишварҳои ИИАО ва Тоҷикистон

Обуна шудан
Коршиносони Бонки АвруОсиёи Рушд қурби долларро барои оянда барои кишварҳои узви ИИАО ва Тоҷикистон пешгӯи карданд
Таҳлилгарони Бонки АвруОсиёи Рушд оморҳои пешбинишудаи қурби долларро дар кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) пешниҳод карданд.
Ҳамин тариқ, қурби миёнаи солонаи рубли русӣ ба доллар дар соли 2024 тақрибан 92 барои як доллар амрикоӣ пешбинӣ шудааст.
Ба гуфтаи БАОР, вазъи савдои хориҷӣ ҳамчунон омили муайянкунандаи ташаккули қурби рубли русӣ хоҳад буд.
Дурнамои афзоиши даромадҳои содиротӣ, фоизи баланди дороиҳои рубли русӣ ва сардӣ дар талаботи дохилӣ барои муътадил шудани қурби асъор мусоидат хоҳад кард.
Дар Беларус қурби доллар тақрибан 3,25 рубл хоҳад буд. (ба хисоби миёна дар як сол).
Дар Тоҷикистон қурби як доллар 10,9 сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Лентаи хабарҳо
0