https://sputnik.tj/20240705/si-jinpin-tojikiston-omad-1063426375.html
Си Ҷинпин ба Тоҷикистон омад
Си Ҷинпин ба Тоҷикистон омад
Sputnik Тоҷикистон
Қарор аст, ки зимни мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Чин, имзои як қатор санадҳои нави ҳамкорӣ ва чорабиниҳои дигари муҳим дар назар аст
2024-07-05T10:06+0500
2024-07-05T10:06+0500
2024-07-05T10:14+0500
дар тоҷикистон
чин
си ҷинпин
раҳмон
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/05/1063426544_0:0:2780:1564_1920x0_80_0_0_8a52940154308a7b56900a94bcb85645.jpg
ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон омад.Ӯро шоми 4 июл дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Эмомалӣ Раҳмон шахсан истиқбол кард.Саҳни фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба хотири пазироии арзандаи меҳмони олиқадр бо парчамҳои давлатии ду кишвар, аксҳои Сарони давлатҳои Тоҷикистону Чин ва шиорҳои тараннумкунандаи дӯстии мардумони ду давлат идона оро ёфта буд.Ҳамчунин шумораи зиёди ҷавонону наврасон бо либосҳои миллӣ, дар даст парчамҳо таҳти садои карнаю сурнай роҳбари Чинро истиқбол намуданд.Ҳамчунин дар ин макон барномаи кутоҳи фарҳангӣ бо намоиш аз фарҳанги кишварҳо сурат гирифт.Мавриди зикр аст, ки сафари давлатии президенти Чин то 6 июл дар Тоҷикистон идома меёбад.Ба гузориши дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар қарор аст, ки зимни он мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Чин, имзои як қатор санадҳои нави ҳамкорӣ ва чорабиниҳои дигари муҳим дар назар аст.Дар назар аст, ки раҳбарони кишварҳо бинои нави парлумони Тоҷикистон, ки бо кумаки бебозгашти Чин бунёд шуд, ифтитоҳ намоянд.
https://sputnik.tj/20240622/tojikiston-chin-mablagh-milliard-somoni-qarordod-imzo-1063303907.html
чин
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/05/1063426544_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_26f21fa7c25583171abe8307d8220553.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
си ҷинпин тоҷикистон сиёсат
си ҷинпин тоҷикистон сиёсат
Си Ҷинпин ба Тоҷикистон омад
10:06 05.07.2024 (Навсозишуда: 10:14 05.07.2024) Қарор аст, ки зимни мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Чин, имзои як қатор санадҳои нави ҳамкорӣ ва чорабиниҳои дигари муҳим дар назар аст
ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон омад.
Ӯро шоми 4 июл дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Эмомалӣ Раҳмон шахсан истиқбол кард.
Саҳни фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба хотири пазироии арзандаи меҳмони олиқадр бо парчамҳои давлатии ду кишвар, аксҳои Сарони давлатҳои Тоҷикистону Чин ва шиорҳои тараннумкунандаи дӯстии мардумони ду давлат идона оро ёфта буд.
Ҳамчунин шумораи зиёди ҷавонону наврасон бо либосҳои миллӣ, дар даст парчамҳо таҳти садои карнаю сурнай роҳбари Чинро истиқбол намуданд.
Ҳамчунин дар ин макон барномаи кутоҳи фарҳангӣ бо намоиш аз фарҳанги кишварҳо сурат гирифт.
Мавриди зикр аст, ки сафари давлатии президенти Чин то 6 июл дар Тоҷикистон идома меёбад.
Ба гузориши дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар қарор аст, ки зимни он мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Чин, имзои як қатор санадҳои нави ҳамкорӣ ва чорабиниҳои дигари муҳим дар назар аст.
Дар назар аст, ки раҳбарони кишварҳо бинои нави парлумони Тоҷикистон, ки бо кумаки бебозгашти Чин бунёд шуд, ифтитоҳ намоянд.