https://sputnik.tj/20240705/sanoat-enerzhi-rahmon-jinpin-dushanbe-1063431236.html
Аз саноат то энержӣ: Раҳмону Ҷинпин дар Душанбе чиро баррасӣ карданд
Аз саноат то энержӣ: Раҳмону Ҷинпин дар Душанбе чиро баррасӣ карданд
Sputnik Тоҷикистон
Роҳбари Тоҷикистон зимни мулоқот бо раиси Чин ӯро дӯсти содиқ ва шарики боэътимод номида, гуфт, дидори ӯ барояш рӯйдоди бузургу хурсандиовар аст 05.07.2024, Sputnik Тоҷикистон
2024-07-05T18:42+0500
2024-07-05T18:42+0500
2024-07-05T18:42+0500
дар тоҷикистон
чин
эмомалӣ раҳмон
си ҷинпин
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/0a/1055427852_0:0:2858:1608_1920x0_80_0_0_f2cbb61c3a4de9b9baf8e0195442b478.jpg
ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Дар Қасри миллат мулоқоти ҳайатҳои Тоҷикистону Чин таҳри роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин баргузор гардид.Дар ин бора дафтари матбуоти роҳбари давлат хабар дод.Манбаъ афзуд, нахуст Эмомалӣ Раҳмон ҳамтои чинияшро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, ӯро дӯсти содиқ ва шарики боэътимод хонд.Ҷонибҳо аз афзоиши ҳаҷми гардиши мол байни кишварҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ ва дигар бахшҳои барои ҳар ду ҷониб судоварро баррасӣ карданд.Зарур дониста шуд, ки минбаъд сармоягузорӣи Чин дар соҳаҳои саноат, энергетика, нақлиёт ва кишоварзӣ бештар сурат гирад.Қайд гардид, ки дар Тоҷикистон ҳоло беш аз 700 ширкат бо сармояи чинӣ дар бахшҳои гуногуни саноат, аз ҷумла истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок амал мекунад.Масъалаи ҷудо кардани бурсияҳо барои донишҷӯёни тоҷик низ дар меҳвари гуфтугӯ қарор гирифт. Бояд зикр намуд, ки феълан 5 000 донишҷӯ аз Тоҷикистон дар муассисаҳои олии ҶМЧ таҳсил мекунанд.Роҳбарони ду давлат пешниҳод карданд, ки рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистону Чин дар кишварҳои ҳамдигар баргузор шавад.Дар анҷоми мулоқот Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтои чинии худ истироҳати хуш дар Тоҷикистон орзу кард. Ёдовар мешавем, ки сафари Си Ҷинпин ба Тоҷикистон бегоҳи 4 июл оғоз ёфт ва то 6 июл идома мекунад.
https://sputnik.tj/20240705/tojikiston-chin-tashabbus-kamarband-roh-1063429448.html
чин
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/0a/1055427852_57:0:2788:2048_1920x0_80_0_0_193bfa739d4ec435022140875288dc06.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, чин, эмомалӣ раҳмон, си ҷинпин, сиёсат
дар тоҷикистон, чин, эмомалӣ раҳмон, си ҷинпин, сиёсат
Аз саноат то энержӣ: Раҳмону Ҷинпин дар Душанбе чиро баррасӣ карданд
Роҳбари Тоҷикистон зимни мулоқот бо раиси Чин ӯро дӯсти содиқ ва шарики боэътимод номида, гуфт, дидори ӯ барояш рӯйдоди бузургу хурсандиовар аст
ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Дар Қасри миллат мулоқоти ҳайатҳои Тоҷикистону Чин таҳри роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин баргузор гардид.
Дар ин бора дафтари матбуоти роҳбари давлат хабар дод.
Манбаъ афзуд, нахуст Эмомалӣ Раҳмон ҳамтои чинияшро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, ӯро дӯсти содиқ ва шарики боэътимод хонд.
Ҷонибҳо аз афзоиши ҳаҷми гардиши мол байни кишварҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ ва дигар бахшҳои барои ҳар ду ҷониб судоварро баррасӣ карданд.
Зарур дониста шуд, ки минбаъд сармоягузорӣи Чин дар соҳаҳои саноат, энергетика, нақлиёт ва кишоварзӣ бештар сурат гирад.
Қайд гардид, ки дар Тоҷикистон ҳоло беш аз 700 ширкат бо сармояи чинӣ дар бахшҳои гуногуни саноат, аз ҷумла истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок амал мекунад.
Масъалаи ҷудо кардани бурсияҳо барои донишҷӯёни тоҷик низ дар меҳвари гуфтугӯ қарор гирифт. Бояд зикр намуд, ки феълан 5 000 донишҷӯ аз Тоҷикистон дар муассисаҳои олии ҶМЧ таҳсил мекунанд.
Роҳбарони ду давлат пешниҳод карданд, ки рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистону Чин дар кишварҳои ҳамдигар баргузор шавад.
Дар анҷоми мулоқот Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтои чинии худ истироҳати хуш дар Тоҷикистон орзу кард. Ёдовар мешавем, ки сафари Си Ҷинпин ба Тоҷикистон бегоҳи 4 июл оғоз ёфт ва то 6 июл идома мекунад.