Пулиси Душанбе дари масҷиди Ҳоҷӣ Яъқубро муваққатан баст

© Sputnik / Амир ИсаевВерующие мусульмане идут в мечет на праздничную молитву в праздник Иди Курбон
Верующие мусульмане идут в мечет на праздничную молитву в праздник Иди Курбон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.07.2024
Обуна шудан
Намозгузорон дар Душанбе имрӯз, 5 июл имкони намоз хондан дар масҷиди Ҳоҷи Яъқуби Чархиро надоранд, ва сабабашро мақомот эълон накарданд
ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Дар Душанбе аз намозгузорон даъват шуд, ки барои хондани намози ҷумъа ба масҷиди Ҳоҷи Яъқуб нараванд.
Ин даъват аз сӯи Раёсати Вазорати умури дохилӣ дар пойтахт садо дод.
"Ба иттилои шаҳрвандон расонида мешавад, ки бинобар сабабҳои узрнок имрӯз дар масҷиди ба номи Яъқуби Чархӣ, воқеъ дар кӯчаи Шодмонӣ-58 ноҳия И.Сомонӣ намози ҷумъа баргузор намегардад", - омадааст дар хабари ин раёсат.
Манбаъ дақиқан сабаби баста шудани дари масҷид барои як рӯзро эълон накард, вале ба эҳтимоли зиёд ин кор бинобар дар Душанбе қарор доштани роҳбари Чин гирифта шудааст.
Раёсат дар идома аз сокинону меҳмонон хоҳиш намуд, ки намози ҷумъаро дар масҷидҳои дигари пойтахт хонанд.
Қаблан Раёсати БДА дар шаҳри Душанбе низ хабар дод, ки банобар сафари меҳмонони баландпоя роҳҳои баъзе аз кӯчаҳои марказӣ баста мешаванд.
Перекрытие дорог в Согде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.07.2024
Ҳушдори БДА дар бораи басташавии бархе аз кӯчаҳои Душанбе
Аз ҷумла дар кӯчаҳои Мастонгулов (фурудгоҳ), А.Дониш, С.Айнӣ (Садбарг), хиёбони А.Рӯдакӣ то кӯчаи Карамов, хиёбони Сомонӣ то назди беморхонаи "Шифобахш", кӯчаҳои Ш.Шоҳтемур ва Шероз маҳдудият ҷорӣ шуд ва он то 6 ибл идома мекунад.

БДА аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки аз кӯчаҳои ҳамшафат истифода кунанд ва ҳамзамон бидуни зарурат бо воситаҳои нақлиёт ба шаҳри Душанбе ворид нашаванд.
Лентаи хабарҳо
0