Ҳушдори БДА дар бораи басташавии бархе аз кӯчаҳои Душанбе

Обуна шудан
Бозрасии давлатии автомобилии ВКД Тоҷикистон эълон кардааст, ки аз то 6 июл дар Душанбе маҳдудияти муваққатии ҳаракати воситаҳои нақлиёт ҷорӣ карда мешавад
То санаи 6 июл дар баъзе аз кӯчаҳои шаҳри Душанбе бинобар ташрифи меҳмонони олиқадр ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт муваққатан маҳдуд карда мешавад, иттилоъ додааст раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, дар ин рӯзҳо дар кӯчаҳои Мастонгулов (фурудгоҳ), А.Дониш, С.Айнӣ (Садбарг), хиёбони А.Рӯдакӣ то кӯчаи Карамов, хиёбони Сомонӣ то назди беморхонаи "Шифобахш", кӯчаҳои Ш.Шоҳтемур ва Шероз маҳдудияти муваққатии ҳаракати воситаҳои нақлиёт ҷорӣ мешаванд.
БДА аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки аз кӯчаҳои ҳамшафат истифода намоянд.
Инчунин БДА аз сокинони шаҳру вилоятҳои ҷумҳурӣ хоҳиш кардаааст, ки безарурият бо воситаҳои нақлиёт ба шаҳри Душанбе ворид нашаванд.
Лентаи хабарҳо
0