https://sputnik.tj/20240705/mmt-shumor-dovtalabon-afzoish-yoft-1063424538.html
ММТ: Шумори довталабон 10 ҳазор афзоиш ёфт
ММТ: Шумори довталабон 10 ҳазор афзоиш ёфт
Sputnik Тоҷикистон
Ба иттилои масъулини Маркази миллии тестӣ соли равон беш аз 94 ҳазор довталаб дар кишвар ба маркази миллии тестӣ барои дохилшавӣ ҳуҷҷат супоридаанд
2024-07-05T11:21+0500
2024-07-05T11:21+0500
2024-07-05T11:21+0500
дар тоҷикистон
ммт
маркази миллии тестӣ
довталабон
дохилшавӣ
маориф
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/05/1058091907_0:161:3067:1886_1920x0_80_0_0_0bfc5012dba0917ceb0b39ef94a88592.jpg
ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Тибқи иттилои масъулини Маркази миллии тестӣ (ММТ) шумораи довталабон нисбати ба соли гузашта 10 ҳазор нафар зиёд мебошад.Қайд карда шудааст, ки ҷараёни имтиҳонсупории довталабон тариқи ММТ чаҳор рӯз аст, ки дар кишвар идома дорад.“Шумораи довталабоне, ки ҳуҷҷатҳои хешро ба ММТ супоридаанд дар вилоят беш аз 34 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки онҳо давоми чанд рӯз аст, дар 19 маркази муайяншуда, имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавиро супорида истодаанд”, - хабар додааст манбаъ.Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки имсол беш аз 94 ҳазор довталаб дар кишвар ба маркази миллии тестӣ барои дохилшавӣ ҳуҷҷат супоридаанд.Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон сар аз 1 июл имтиҳоноти дохилшавӣ ба донишгоҳу донишкадаҳои кишвар тариқи Маркази миллии тестӣ оғоз гардид.Тибқи иттилои манбаъ, барои баргузории даври асосии имтиҳонҳо дар заминаи 45 муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии 20 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ марказҳои имтиҳонӣ ташкил карда шудаанд.Зикр гардид, ки дар 20 шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ҷамъан 1150 синфхона барои баргузории имтиҳонҳо омода карда шудааст."Тибқи ҷадвали тасдиқгардида, рӯзи 1 июл дар 44 маркази имтиҳонӣ довталабони гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ)-ро интихобкарда қисми А-ро месупоранд", - омадааст дар хабари манбаъ.Қайд гардид, ки имсол ба мисли солҳои қаблӣ раванди имтиҳонҳо аз ҳамаи марказҳои имтиҳонӣ тавассути камераҳои назоратӣ дар ҳолати онлайн дар Марказ пахш карда мешавад.Барои ин ҳар як маркази имтиҳонӣ бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ таъмин карда шудааст.Эълони натиҷаҳои имтиҳонҳо (хол ва балҳои бадастовардаи ҳар яке аз довталабон ва ба озмуни тақсимот роҳ ёфтан ё наёфтани онҳо) 20 июли соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст.
https://sputnik.tj/20240704/oghozi-imtihonoti-dokhilshavi-tojikiston-1063423387.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/05/1058091907_169:0:2898:2047_1920x0_80_0_0_3c913d74cd157b03d3dfa52341e557ae.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ммт, довталаб, донишҷӯ маориф, тоҷикистон,маркази миллии тестӣ
ммт, довталаб, донишҷӯ маориф, тоҷикистон,маркази миллии тестӣ
ММТ: Шумори довталабон 10 ҳазор афзоиш ёфт
Ба иттилои масъулини Маркази миллии тестӣ соли равон беш аз 94 ҳазор довталаб дар кишвар ба маркази миллии тестӣ барои дохилшавӣ ҳуҷҷат супоридаанд
ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Тибқи иттилои масъулини Маркази миллии тестӣ (ММТ) шумораи довталабон нисбати ба соли гузашта 10 ҳазор нафар зиёд мебошад.
Қайд карда шудааст, ки ҷараёни имтиҳонсупории довталабон тариқи ММТ чаҳор рӯз аст, ки дар кишвар идома дорад.
“Шумораи довталабоне, ки ҳуҷҷатҳои хешро ба ММТ супоридаанд дар вилоят беш аз 34 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки онҳо давоми чанд рӯз аст, дар 19 маркази муайяншуда, имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавиро супорида истодаанд”, - хабар додааст манбаъ.
Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки имсол беш аз 94 ҳазор довталаб дар кишвар ба маркази миллии тестӣ барои дохилшавӣ ҳуҷҷат супоридаанд.
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон сар аз 1 июл имтиҳоноти дохилшавӣ ба донишгоҳу донишкадаҳои кишвар тариқи Маркази миллии тестӣ оғоз гардид.
Тибқи иттилои манбаъ, барои баргузории даври асосии имтиҳонҳо дар заминаи 45 муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии 20 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ марказҳои имтиҳонӣ ташкил карда шудаанд.
Зикр гардид, ки дар 20 шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ҷамъан 1150 синфхона барои баргузории имтиҳонҳо омода карда шудааст.
"Тибқи ҷадвали тасдиқгардида, рӯзи 1 июл дар 44 маркази имтиҳонӣ довталабони гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ)-ро интихобкарда қисми А-ро месупоранд", - омадааст дар хабари манбаъ.
Қайд гардид, ки имсол ба мисли солҳои қаблӣ раванди имтиҳонҳо аз ҳамаи марказҳои имтиҳонӣ тавассути камераҳои назоратӣ дар ҳолати онлайн дар Марказ пахш карда мешавад.
Барои ин ҳар як маркази имтиҳонӣ бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ таъмин карда шудааст.
Эълони натиҷаҳои имтиҳонҳо (хол ва балҳои бадастовардаи ҳар яке аз довталабон ва ба озмуни тақсимот роҳ ёфтан ё наёфтани онҳо) 20 июли соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст.