Оғози имтиҳоноти дохилшавӣ дар Тоҷикистон

Обуна шудан
Дар Тоҷикистон сар аз 1 июл имтиҳоноти дохилшавӣ ба доннишгоҳу донишкадаҳои кишвар тариқи Маркази миллии тестӣ оғоз гардид
Маркази миллии тестӣ аз оғоз ёфтани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ хабар дод.
Тибқи иттилои манбаъ, барои баргузории даври асосии имтиҳонҳо дар заминаи 45 муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии 20 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ марказҳои имтиҳонӣ ташкил карда шудаанд.
Мактаби Контакт ба хатмкунандагон аттестатҳои Тоҷикистону Русия медиҳад – видео
Зикр гардид, ки дар 20 шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ҷамъан 1150 синфхона барои баргузории имтиҳонҳо омода карда шудааст.
"Тибқи ҷадвали тасдиқгардида, рӯзи 1 июл дар 44 маркази имтиҳонӣ довталабони гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ)-ро интихобкарда қисми А-ро месупоранд", - омадааст дар хабари манбаъ.
Қайд гардид, ки имсол ба мисли солҳои қаблӣ раванди имтиҳонҳо аз ҳамаи марказҳои имтиҳонӣ тавассути камераҳои назоратӣ дар ҳолати онлайн дар Марказ пахш карда мешавад.
Барои ин ҳар як маркази имтиҳонӣ бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ таъмин карда шудааст.
Нияти Русия бар боз ҳам зиёд кардани квотаҳои таҳсил барои донишҷӯёни ИДМ
Эълони натиҷаҳои имтиҳонҳо (хол ва балҳои бадастовардаи ҳар яке аз довталабон ва ба озмуни тақсимот роҳ ёфтан ё наёфтани онҳо) 20 июли соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст.
Барои ин ҳар як маркази имтиҳонӣ бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ таъмин карда шудааст.
Эълони натиҷаҳои имтиҳонҳо (хол ва балҳои бадастовардаи ҳар яке аз довталабон ва ба озмуни тақсимот роҳ ёфтан ё наёфтани онҳо) 20 июли соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст.
Лентаи хабарҳо
0