Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Артиши Русия дар як ҳафта беш аз 13 000 сарбози украиниро маҳв кард

© Sputnik / Евгений Биятов / Гузариш ба медиабонкПодготовка штурмовых подразделений группировки войск Запад
Подготовка штурмовых подразделений группировки войск Запад - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.07.2024
Обуна шудан
Вазорати мудофиаи Русия мегӯяд, аз ин миён гурӯҳи нерӯҳои "Шимолӣ" 1,6 ва "Шарқӣ" 900 сарбози украиниро нобуд кардааст
ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Вазорати мудофиаи Русия аз натоиҷи амалиёти як ҳафтаинаи нерӯҳои мусаллаҳи Русия гузориш дода, шумораи сарбозони маҳвшудаи украиниро эълон кард.
Ба иттилои ин ниҳод, дар як ҳафтаи ахир аз сӯи артиши Русия дар умум 13,5 сарбози украинӣ нобуд карда шуд.
Манбаъ афзуд, аз ҷумла гурӯҳи нерӯҳои низомии "Шимолӣ" панҷ ҳамлаи нерӯҳои Украинао рафъ карда, 1,6 ҳазор сорбозро нобуд кард.
"Дар давоми як ҳафта гурӯҳи низомии "Шимолӣ" вазъиятро дар хатти набард ба манфиати худ беҳтар намуда, қувваи корӣ ва бригадаи қувваҳои мучсаллаҳи Украина, аз ҷумла як бригадаи аскарони пиёдагузар ва ду бригадаи қувваҳои мудофиавиро нобуд кард", - омадааст дар хабари вазорат.
Манбаъ тавзеҳ дод, ки аз ҷумла 1595 сарбоз, 4 танк, 3 мошини зиреҳпӯш, 30 мошин, 3 истгоҳи ҷанги электронӣ, инчунин 31 тӯпхонаи саҳроӣ нобуд гардид.
Илова бар ин, гурӯҳи низомии "Шарқ" дар ин давра 900 сарбози украиниро хунсо карда аз 11 ҳамлаи қувваҳои мусаллаҳи Украина пешгирӣ кард.
Зимни амалиёти ин гурӯҳ 43 мошин, 22 артиллерияи саҳроӣ, ки 14-тоаш аз ҷониби кишваҳои НАТО дастрас шудааст, нобуд гардид.
Ёдовар мешавем, ки Русия аз 24 феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомиро анҷом медиҳад.
Работа РСЗО Ураган группировки войск Запад  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.07.2024
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Артиши Русия ба пойгоҳҳи горди президентии Украина ҳамлаи мушакӣ анҷом дод
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин вазифаи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд".

Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи ниҳоии амалиёти вижа озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.
Кишварҳои ғарбӣ ширкат дар даргириҳо дар Украинаро расман рад мекунанд, аммо ба таъмини нирӯҳои мусаллаҳи Украина ба силоҳ идома медиҳанд.
Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қайд кард, ки ҳар боре, ки дорои силоҳ барои Украина аст, ҳадафи қонунии Русия мешавад.
Вазорати корҳои хориҷии Русия изҳор дошт, ки кишварҳои НАТО бо интиқоли силоҳ ба Украина “бо оташ бозӣ мекунанд”.
Дар ҳамин ҳол, Маскав борҳо омодагии худро барои оғози музокирот дар бораи ҳалли низоъ изҳор доштааст, аммо Киев барои музокирот дар сатҳи қонунгузорӣ мамнӯъият эълон кардааст.
Лентаи хабарҳо
0