https://sputnik.tj/20240704/artishi-rusiya-poygoh-gordi-prezidentii-ukraina-hamla-1063422346.html
Артиши Русия ба пойгоҳҳи горди президентии Украина ҳамлаи мушакӣ анҷом дод
Артиши Русия ба пойгоҳҳи горди президентии Украина ҳамлаи мушакӣ анҷом дод
Sputnik Тоҷикистон
Манбаҳо хабар доданд, ки нерӯҳои мусаллаҳи Русия ба пойгоҳи як бригадаи Горди миллии Украина дар вилояти Киев зарба заданд
2024-07-04T18:46+0500
2024-07-04T18:46+0500
2024-07-17T11:26+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
амалиёти вижа
украина
зарба
мушак
горди президентӣ
ҳамлаи мушакӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/06/18/1063320360_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_40a7cc361e88a38b66e07cfe09ea1a2f.jpg
ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Артиши Русия ба пойгоҳи горди президентии Украина, ки дар ҳамлаҳо ба вилояти Белгороди Русия даст дошт, ҳамлаи мушакӣ анҷом доданд, иттилоъ додааст хабаргузории РИА Новости."Дар Вишгород, ки дар макони ҷойгиршавии пойгоҳи низомии бригадаи 1-ум, ки ҳамчун горди президентии Украина, маъруф аст, ду таркиш ба вуқӯъ пайваст. Таркишҳо дар кӯчаи генерал Кулчитский, ки қисми асосии пойгоҳи низомӣ ва тамрингоҳ дар он ҷойгир аст, инчунин казармаҳои низомӣ, котеҷҳои маъмурӣ, ангарҳо бо техникаи ҳарбӣ ва анборҳои лавозимоти ҷангӣ ҷойгиранд, ба назар мерасид", - гуфт ӯ.Ба иттилои манбаъ, маҳз ҳамин горди миллӣ талош кард ба вилояти Белгороди Русия ҳамла кунад.Илова бар ин, манбаъ иттилоъ дод, ки дар Киев, дар наздикии фурудгоҳи Бориспол садои таркиш шунида мешавад. Боз як таркиши шадид дар наздикии шаҳри Василков, ки дар ҷанубу ғарби пойтахти Украина воқеъ аст, рух дод."Таркишҳо дар самти фурудгоҳи 40-уми бригадаи ҷангӣ неруҳои ҳавоии Украина рух дод. Дар ҳудуди фурудгоҳ анборҳои низомӣ, анборҳои ҳавопаймоҳо бо ҳавопаймоҳои МиГ-29, Л-39 ва анбори нафтӣ ҷойгиранд, сурат гирифт", - хабар додааст манбаъ.Дар моҳи март артиши Украина як силсила кӯшишҳои убури марзи Русияро анҷом доданд. Тахрибкорони украинӣ 12 март ба хоки вилояти Белгород дар ворид шуданд.
https://sputnik.tj/20240623/havopaymoi-su-35s-bombaandoz-amaliyot-vizha-hamrohi-video-1063314373.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/06/18/1063320360_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_664dcc0558434f15f7bff77f62538063.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, артиш, пойгоҳ, горди президентӣ, украина, амалиёти вижа
русия, артиш, пойгоҳ, горди президентӣ, украина, амалиёти вижа
Артиши Русия ба пойгоҳҳи горди президентии Украина ҳамлаи мушакӣ анҷом дод
18:46 04.07.2024 (Навсозишуда: 11:26 17.07.2024) Манбаҳо хабар доданд, ки нерӯҳои мусаллаҳи Русия ба пойгоҳи як бригадаи Горди миллии Украина дар вилояти Киев зарба заданд
ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Артиши Русия ба пойгоҳи горди президентии Украина, ки дар ҳамлаҳо ба вилояти Белгороди Русия даст дошт, ҳамлаи мушакӣ анҷом доданд, иттилоъ додааст хабаргузории РИА Новости.
"Дар Вишгород, ки дар макони ҷойгиршавии пойгоҳи низомии бригадаи 1-ум, ки ҳамчун горди президентии Украина, маъруф аст, ду таркиш ба вуқӯъ пайваст. Таркишҳо дар кӯчаи генерал Кулчитский, ки қисми асосии пойгоҳи низомӣ ва тамрингоҳ дар он ҷойгир аст, инчунин казармаҳои низомӣ, котеҷҳои маъмурӣ, ангарҳо бо техникаи ҳарбӣ ва анборҳои лавозимоти ҷангӣ ҷойгиранд, ба назар мерасид", - гуфт ӯ.
Ба иттилои манбаъ, маҳз ҳамин горди миллӣ талош кард ба вилояти Белгороди Русия ҳамла кунад.
Илова бар ин, манбаъ иттилоъ дод, ки дар Киев, дар наздикии фурудгоҳи Бориспол садои таркиш шунида мешавад. Боз як таркиши шадид дар наздикии шаҳри Василков, ки дар ҷанубу ғарби пойтахти Украина воқеъ аст, рух дод.
"Таркишҳо дар самти фурудгоҳи 40-уми бригадаи ҷангӣ неруҳои ҳавоии Украина рух дод. Дар ҳудуди фурудгоҳ анборҳои низомӣ, анборҳои ҳавопаймоҳо бо ҳавопаймоҳои МиГ-29, Л-39 ва анбори нафтӣ ҷойгиранд, сурат гирифт", - хабар додааст манбаъ.
Дар моҳи март артиши Украина як силсила кӯшишҳои убури марзи Русияро анҷом доданд. Тахрибкорони украинӣ 12 март ба хоки вилояти Белгород дар ворид шуданд.