https://sputnik.tj/20240702/maktab-kontakt-khatmkunandagon-attestat-tojikistonu-rusiya-1063404050.html
Мактаби Контакт ба хатмкунандагон аттестатҳои Тоҷикистону Русия медиҳад – видео
Мактаби Контакт ба хатмкунандагон аттестатҳои Тоҷикистону Русия медиҳад – видео
Sputnik Тоҷикистон
Мактаби байналмиллалии “Контакт” дар шаҳри Исфара фаъолияти таълимии худро бар асоси низомномаи Вазорати маориф ва барномаи муосири мактабҳои Русия пеш мебарад
2024-07-02T18:39+0500
2024-07-02T18:39+0500
2024-07-02T18:39+0500
видео
хуҷанд
суғд
мактаб
русия
маориф
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/02/1063403880_0:0:1280:720_1920x0_80_0_0_b6a7621c9d651e6427cd6ac29b9fe59c.jpg
Муасссисаи мазкур ду сол қабл бо иштироки раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара расман ифтитоҳ шуда буд. Ҳоло дар он ҳудуди 500 толибилм аз шаҳру навоҳии гуногуни кишвар таҳсил мекунанд.Ин муассиса бо як қатор макотиб ва донишкадаҳои олии кишварҳои хориҷӣ аз ҷумла Федератсияи Русия ҳамкории илмӣ барқарор намудааст.Тавре, директори мактаби байналмиллалии “Контакт” дар шаҳри Исфара, Азизҷон Ҳакимов дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин ҳамкориҳои илмӣ имкон фароҳам меорад то хонандагон сатҳи забондонии худро инкишоф диҳанд ва аз суи дигар шонси бештари дохилшавӣ ба донишгоҳҳои муътабари ҷаҳон аз ҷумла кишвари Русияро ба даст оранд.Дар мактаби русӣ-тоҷикии шаҳри Хуҷанд аввалин шаҳодатномаҳо супурда шуданд“Мо барои густариш додани фаъолияти таълимии худ бо вазорати маорифи Русия созишнома ба тасвиб расонидаем. Дар асоси он пас аз хатми муассиса ба хонандагон аттестати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам аттестати Федератсияи Русия супорида мешавад” – афзуд, директори муассиса.Бар пояи иттилоъи манбаъ чанде қабл гурӯҳи 20 нафараи толибилмони ин муассиса баъд аз таҷрибаомӯзии таълимии се моҳа дар макотиби шаҳрҳои Санкт Петербург ва Москваи Русия ба Ватан ба синфхонаҳои худ баргаштанд.Ин тасмими таълимӣ тибқи созишномаҳои дуҷониба роҳандозӣ шуда қарор аст, соли ҷорӣ ҳам гурӯҳи дигари иборат аз бист нафара барои иштирок дар маҳфилҳои таълимии макотиби Русия фиристода хоҳанд шуд.Ин барои мо забони нав аст: донишҷӯёни ДДРБМ забони тоҷикиро чӣ гуна меомӯзандБино ба гуфтаи омӯзгорон, чунин табодули таҷриба имкон медиҳад, ки хонандагон дар роҳи касбомӯзӣ донишу ҷаҳонбинии худро сайқал диҳанд.Бино ба гуфтаи Азизҷон Ҳакимов, таълим дар мактаби “Контакт” аз чанд ҷиҳат тафовут дорад ва яке аз онҳо таҳсили то 20 толибилм дар як синф гуфта мешавад.“Шумораи кам аз он ҷиҳат муҳим аст, ки дар раванди дарс фаъолияти алоҳидаи омӯзгор ба ҳар як хонанда ба роҳ монда шавад, то хонанда сатҳи донишандӯзии худро бевосита дар мактаб дарк карда тавонад” – зикр мекунад, директор.Дар ин муассиса дар шаҳри Исфара таҳсил бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст. Барои таълим бо забони русӣ омӯзгорон аз худи Федератсияи Русия ҷалб карда шудаанд.Нияти Русия бар боз ҳам зиёд кардани квотаҳои таҳсил барои донишҷӯёни ИДМДар раванди таълим маҳфилҳои касбу ҳунар, варзиш, рассомӣ, мусиқӣ ва ороиши либосҳои миллии қадимаи тоҷикон ба роҳ монда шудааст.Ин нахустин мактаб дар вилояти Суғд гуфта мешавад, ки дар назди он Маркази фарҳанги Русия фаъолият мекунад.Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии иттиҳодияҳои ҳамватанон (КСОРС) ва инчунин мушовири директори мактаби “Контакт”, Людмила Темирова ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин марказ барои азхудкунии фарҳангу тамаддун кишварҳои Тоҷикистону Русия ва равобити илмии муассиса мусоидат мекунад.Роҳбари "Россотрудничество" гуфт, мактабсозиҳо дар Осиёи Миёна идома дода мешавад“То ин вақт мо чанд маҳфил ва озмуни илмӣ фарҳангӣ аз ҷумла “Диктанти Ғалаба”, “Диктанти адабӣ” ва озмуни “Хати беҳтарин” ро баргузор намудем” – гуфт, Темирова.Масъулон тасмим доранд, дар назди мактаби “Контакт”, маркази илмӣ ифтитоҳ намуда бо ҷалби омӯзгорони дорои тахасуси баланд аз Русия омӯзиши фанҳои биология, физика, математика ва информатикаро боз ҳам амиқтар гардонанд.
хуҷанд
суғд
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/02/1063403880_172:0:1132:720_1920x0_80_0_0_1e66e85efbb40820d813074286396aa5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
видео, хуҷанд, суғд, маориф, мактаб, хусусӣ, барнома
видео, хуҷанд, суғд, маориф, мактаб, хусусӣ, барнома
Мактаби Контакт ба хатмкунандагон аттестатҳои Тоҷикистону Русия медиҳад – видео
Мактаби байналмиллалии “Контакт” дар шаҳри Исфара фаъолияти таълимии худро бар асоси низомномаи Вазорати маориф ва барномаи муосири мактабҳои Русия пеш мебарад
Муасссисаи мазкур ду сол қабл бо иштироки раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара расман ифтитоҳ шуда буд. Ҳоло дар он ҳудуди 500 толибилм аз шаҳру навоҳии гуногуни кишвар таҳсил мекунанд.
Ин муассиса бо як қатор макотиб ва донишкадаҳои олии кишварҳои хориҷӣ аз ҷумла Федератсияи Русия ҳамкории илмӣ барқарор намудааст.
Тавре, директори мактаби байналмиллалии “Контакт” дар шаҳри Исфара, Азизҷон Ҳакимов дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин ҳамкориҳои илмӣ имкон фароҳам меорад то хонандагон сатҳи забондонии худро инкишоф диҳанд ва аз суи дигар шонси бештари дохилшавӣ ба донишгоҳҳои муътабари ҷаҳон аз ҷумла кишвари Русияро ба даст оранд.
“Мо барои густариш додани фаъолияти таълимии худ бо вазорати маорифи Русия созишнома ба тасвиб расонидаем. Дар асоси он пас аз хатми муассиса ба хонандагон аттестати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам аттестати Федератсияи Русия супорида мешавад” – афзуд, директори муассиса.
Бар пояи иттилоъи манбаъ чанде қабл гурӯҳи 20 нафараи толибилмони ин муассиса баъд аз таҷрибаомӯзии таълимии се моҳа дар макотиби шаҳрҳои Санкт Петербург ва Москваи Русия ба Ватан ба синфхонаҳои худ баргаштанд.
Ин тасмими таълимӣ тибқи созишномаҳои дуҷониба роҳандозӣ шуда қарор аст, соли ҷорӣ ҳам гурӯҳи дигари иборат аз бист нафара барои иштирок дар маҳфилҳои таълимии макотиби Русия фиристода хоҳанд шуд.
Бино ба гуфтаи омӯзгорон, чунин табодули таҷриба имкон медиҳад, ки хонандагон дар роҳи касбомӯзӣ донишу ҷаҳонбинии худро сайқал диҳанд.
Бино ба гуфтаи Азизҷон Ҳакимов, таълим дар мактаби “Контакт” аз чанд ҷиҳат тафовут дорад ва яке аз онҳо таҳсили то 20 толибилм дар як синф гуфта мешавад.
“Шумораи кам аз он ҷиҳат муҳим аст, ки дар раванди дарс фаъолияти алоҳидаи омӯзгор ба ҳар як хонанда ба роҳ монда шавад, то хонанда сатҳи донишандӯзии худро бевосита дар мактаб дарк карда тавонад” – зикр мекунад, директор.
Дар ин муассиса дар шаҳри Исфара таҳсил бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст. Барои таълим бо забони русӣ омӯзгорон аз худи Федератсияи Русия ҷалб карда шудаанд.
Дар раванди таълим маҳфилҳои касбу ҳунар, варзиш, рассомӣ, мусиқӣ ва ороиши либосҳои миллии қадимаи тоҷикон ба роҳ монда шудааст.
Ин нахустин мактаб дар вилояти Суғд гуфта мешавад, ки дар назди он Маркази фарҳанги Русия фаъолият мекунад.
Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии иттиҳодияҳои ҳамватанон (КСОРС) ва инчунин мушовири директори мактаби “Контакт”, Людмила Темирова ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин марказ барои азхудкунии фарҳангу тамаддун кишварҳои Тоҷикистону Русия ва равобити илмии муассиса мусоидат мекунад.
“То ин вақт мо чанд маҳфил ва озмуни илмӣ фарҳангӣ аз ҷумла “Диктанти Ғалаба”, “Диктанти адабӣ” ва озмуни “Хати беҳтарин” ро баргузор намудем” – гуфт, Темирова.
Масъулон тасмим доранд, дар назди мактаби “Контакт”, маркази илмӣ ифтитоҳ намуда бо ҷалби омӯзгорони дорои тахасуси баланд аз Русия омӯзиши фанҳои биология, физика, математика ва информатикаро боз ҳам амиқтар гардонанд.