Нияти Русия бар боз ҳам зиёд кардани квотаҳои таҳсил барои донишҷӯёни ИДМ

© Sputnik / Кирилл Зыков / Гузариш ба медиабонкНачало нового учебного года в вузах
Начало нового учебного года в вузах - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.06.2024
Обуна шудан
Муовини вазири хориҷаи Русия гуфт, ки теъдоди квотаҳо барои ҷавононе, ки мехоҳанд дар донишгоҳҳои Русия таҳсил кунанд, афзоиш хоҳад ёфт
ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Маскав талошҳоро барои зиёд кардани квотаҳо дар донишгоҳҳои Русия барои донишҷӯёни кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил идома хоҳад дод.
Дар ин бора муовини вазири корҳои хориҷии Русия Михаил Галузин зимни ҷаласаи Форуми байналмилалии парлумонии ИДМ "Хонишҳои Пушкин" баён дошт.
"Мо ҳавасманди шарикони ИДМ барои афзоиши шумори донишҷӯёнашон дар Русияро мебинем", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи муовини вазири хориҷӣ, танҳо дар ду соли ахир Русия квотаҳо барои донишҷӯёни кишварҳои ба мисли Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Узбекистонро ба маротиб афзоиш додааст.
Студентка в аудитории Московского педагогического государственного университета, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.11.2023
Чанд тоҷикистонӣ дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунанд? Омор
"Албатта, ин раванд мувофиқи карорҳое, ки дар сатхи рохбарияти олии ҳукуматии Русия қабул карда мешаванд, давом хоҳад ёфт... Мо ин масъаларо зери назорати доимӣ мегирем”, — таъкид намуд Галузин.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки талабот ба муассисаҳои таҳсилоти олии Русия дар ҳоли ҳозир зиёд аст.
Ба ин тартиб, тибқи иттилои Россотрудничество, дар Тоҷикистон озмуни дохилшавӣ ба як ҷой ба 8 нафар рост меояд. Дар Узбекистон ба 5 довталаб рост меояд.
Довталабон донишгоҳҳои тиббӣ, инчунин факултаҳое, ки мутахассисони соҳаи технологияҳои иттилоотиро омода мекунанд, бештар алоқамандӣ доранд.
Лентаи хабарҳо
0